воскресенье, 6 мая 2012 г.

ШАРХИ ОН ДУШМАН,КИ ДАР ЧОНИ ШУМОСТ...


ШАРХИ ОН ДУШМАН,КИ ДАР ЧОНИ ШУМОСТ…

Нимнигохе ба таърих ва аходиси Паёмбар(С) дар «Маснави»

Яке аз бузкргтарин мавлавишиносон аллома мархум Чалолиддин Хумой менависад: «Маснавии Шариф
аз чиходи чанд ба Курони Карим мушохибат дорад. Аз чумла ин, ки гурухе бад-у хидоят мечуянд ва чамъе
аз у дар залолат меафтанд ва ин худ яке аз хусусиёти авсофи Куръони Мачид аст… Ба ин карор, ки
кисмате аз оёти карима мутаалик ба умуми мардум аст… кисми дуввум махсуси пайгамбари акрам(с) аст…
кисми саввум «муташобихот» аст, ки таъвил
ва тавчехи он чуз ба Худои таъоло маълум нест.»
Нависандаи зиндагиномаи Мавлоно, Фаридун ибни Ахмади Сипахсолор менависад:
« Хидовандгори мо (Хазрати Мавлоно) ба забони муборак мефармуд: Баъд аз мо «Маснави» шайхи кунад ва
муршиди толибон гардад ва соику собики ишон бошад.»
Бархак, Маснави барои мусалмонон воситаи иршоду рахнамои гаштааст. Хар хонондаи «Маснави» аз хондани
достону киссахо ва панду насихатхое, ки аз забони паёмбарону уламои бузург баён шудааст, бахра мебарад.
Дар «Маснави» киса ва достонхо ва намунахо аз зиндаги ва панди бузургон, поёмбарон, подшоххои одил ва
уламои ислом оварда шудааст.
Хусусан дар бораи хаёт ва фаъолияти Пайгамбари бузурги Ислом Хазрати Мухаммад(С) ривоятхо оварда
ва нисбат ба макому манзалати он Хазрат ахамияти волое дода шудааст.

МАСНАВИ ВА РИСОЛАТИ МУХАММАД(С)

Мавзуъи рисолати Хазрати Расули Акрам(С) намунахо аз зиндагии он Хазрат ва истифодаю шархи хадисхои
он Хазрат(С) дар «Маснави» чойохи хосси худро дорад.
Мавлоно аз забони Расули Худо(С) мефармояд:

«Мустафо з-ин гуфт к-Одам в-анбиё,
Халфи ман бошад дар зери ливо.
Бахри ин фармудааст зу-фунун,
Рамзи нахн-ул-охирун ас-собикун»

Яъне Хазрати Мухаммад Мустафо-саллалоху алайхи ва олихи ва саллам фармудаанд, ки Хазрати Одам
ва паёмбарони дигар дар зери парчами манн ва пушти сари ман хастанд.
Дар байти дуввум мефармояд: Он сохиби камолоти мухталиф, яъне Хазрати Хатмй мартабат(С) рамзи
Хадиси «Мо пешинем, харчанд, ки ба зохир пасинем»-ро ошкор кард.
Дар достон дигаре хакикати рисолати Пайгамбари (С) ва шукуху шахомати Исломро нисбат ба
бутпарасти тавре баён мекунад, ки бутхои Макка бо шунидани номи Мухаммад(С) аз дахони пири бутпарасте,
сар хам кардан два ба сачда рафтаанд:

Ин Халимай Саъдй аз умеди у,
Омад андар зилли шохи беди ту.
Ки аз у фарзанди тифле гум шудаст,
Номи он кудак Мухаммад омадаст.
Чун «Мухаммад» гуфт, ин чумла бутон
Сарнагун гаштанду сочид он замон.
Ки бирав эй пир, ин чи чустучуст?
Он Мухаммадро, ки азли мо аз уст!
Мо нагуну сангсор оем аз у!
Мо касоду беиёр оем аз у!


…Пирамард гуфт: Эй бути Уззо, ин халима аз киблаи бани Саъд, бо умед ба назди ту омадааст.
Сабаби омадани у ба хузури ту ин аст, ки фаразнди хурдсоле аз у гум шудааст ва номи он кудак
Мухаммад(С) аст. Хамин, ки он пирамарди араб номи Мухаммадро(с) ба забон овард, хамаи бутхо
сар хам карданд, ва ба сачда афтоданд.
Бутхо ба он пирамард бо забони хол гуфтаанд: Эй пирамард, бирав аз паи кори худ, ин чи навъ чустучуе аст?
Он тифл Мухаммад аст, ки мо ба сабаби у барканору махву шикаста хохем шуд. Мо бутхо ба сабаби вучуди
у вожгун ва сангсор ва беравнаку беэътибор хохем шуд.

МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ

Дар байтхои дигар Мавлоно шахсияти бузурги пайгамбар(С), намуна ва муаллими башарият будани он Хазратро
баён мекунад ва ба мусулмонхо мефахмонад, ки хар як сахфа аз дафтари рузгори он бузургвор дарси ибрат ва
пандгири аст. Тавре, ки дар киссаи зер мехонем:

Аз сахоба хочае бемор шуд,
В-андар он беморияш чун тор шуд.
Мустафо омад аёдат суи у,
Чун хама лутфу карам буд хуи у.
Дар аёдат рафтани ту фоидааст,
Фоидай он боз бо ту оид аст…

Аз асхоби Расулуллох(С) бузурге бемор шуд ва ба сабаби бемори бисёр харобу логар шуд. Хазрати Мухаммад(С)
Ба аёдати он бемор рафтанд; зеро хую одати он хазрат саросар мехрубони ва бузургвори буд.
Мавлоно мефармояд: Дар рафтан ба аёдати бемор фоида ва савоби зиёд вучуд дорад ва он фоида ба худат боз
мегардад.
Дар мавзуъи рохнишонанда ва хидоятгарии шахсияти Паёбари Бузурги Ислом, Мавлоно байтхои зиёде дар
Маснавй эчод намудааст.
Аз чумла шархи хадисеро овардааст, ки начотдиханда ва тарбиятгари уммати мусалмон будани Расули Акрам(С)
дар он баён карда шудааст:

«Мустафо фармуд: Гар гуям ба рост,
Шархи он душман, ки дар чони Шумост.
Захрхои пурдилон хам бардарад
На равад рах, на гами коре хурад.
На дилашро тоб манад дар ниёз,
На танашро куввати руза ва намоз.
Хамчу муше пеши гурба «ло» шавад,
Хамчу барра пеши гург аз чо равад.
Андар у на хила монад на равиш,
Пас кунам ногуфтатон ман парвариш…

Хазрати Мухаммад(С) фармудаанд: Агар душмане, ки дар даруни Шумост, шарх дихам, захрахои далерон ва
баходурони Шумо низ пора шавад: на метавонанд рох бираванд ва на дар фикри коре мешаванд.
Балки мабхуту мадхуш фуру мемонанд. На дар дилашон тобу барои тазарруъу зорй мемонад ва на танашон
тавони икомаи намозу руза гирифтан дорад. Масалан, монанди муше мешавад, ки дар зери чанголи гурба несту
нобуд гардад. Ё дар масал монанди баррае мешавад, ки дар баробари гург танаш ба ларза меафтад.
Бинобар ин, барои инсон на тадбире мемонад ва на харакату чунбише.
Пас манн бе он, ки аз душмани дарунй сухане дар миён оварам, Шуморо тарбият мекунам, ки чи сон бояд аз он
бархазар бошед.
Дар байтхои боло ишора ба хадиси Пайгамбар(С) аст, ки мефармоянд:
«Агар бидонед он чи донам бегумон фаровон бигирйед ва андак хандед ва сар ба биёбонхои хушку беалаф нихед
ва ба даргохи Худо бинолед ва надонед, ки оё растагор шавед ё нашавед.

ТАВОНИИ ШАХСИ БОИМОН

Мавлоно дар достони дигаре аз забони Расулуллох(с) бузургиву кудрати тавоноии шахси муъминро чунин баён мекунад:

«Мустафо фармуд аз гуфти чахим:
К-у ба муъмин лабогар гардад зи бим.
Гуядаш бигзар зи ман, эй шох, зуд,
Хин, ки нурат сузи норамро рабуд!
Пас, халоки нор нури муъмин аст,
З-он, ки бе зид дафъи зид ло юмкин аст.
Нор зидди нур бошад рузи адл
К-он зи кахр ангехта шуду ин зи фазл.
Гар хамехохй ту дафъи шарри нор
Оби рахмат бар дили оташ гумор…»

Хазрати Мухаммад Мустафо(С) дар бораи гуфтори дузах, ки дузах аз тарси муъмин фигон мекунад.
Дузах ба муъмин мегуяд: Эй шохи дин! Аз манн зуд бигзар ва огох бош, ки нури ту сузандагии оташи маро хамуш
ва фарсуда созад.
Пас натича мегирем, ки нобудии оташи дузах ба василаи нури муъмин сурат мегирад: зеро зидро наметавон дафъ кард,
магар ба василаи зидди худаш. Дар рузи додгарй, оташ зидди нур аст; зеро оташ, мазхари кахри худост ва нур мазхари
лутфи Худо.
Агар ту мехохи, ки шару озори оташро аз вучудат дафъ кунй, ба дили оташ оби рахмат чори кун…
Ахлоки инсони ва малакути Расули Худо(С) дар замони кутохе ончунон густариш ёфт ва дар дили мусалмонон реша
Давонид, ки аз хеч чиз дуруст кард. У кахрамони бузурги илохй буд, ки тавонист бо ин неру кабилахои пароканда ва
вахшии арабро муттахид созад ва куфро ба имон, бутпарастиро ба тавхид, бекорагиро ба кору кушиш, худхохиро ба
инсондусти табдил дихад.
Дар «Маснавии Маънави» Мавлоно Чалолуддини Руми ба хакконияти ин мавзуъ ахамияти хосса додаст ва Паёмбари
Бузурги Исломро ба мусалманон, пайравон ва дусторони Мухаммад(С) ва хонадони покаш ба таври возех шиносонидааст.

Бо умеди ошноии бештари чавонони баруманди Точикистон аз осори гаронбахои ниёгон-билхусус «Маснави»-и
Мавлоно Руми - Ва ободиву гулгулшукуфии диёри азизиам, илтимоси дуо дорам…

«МАснавии Маънавй» Мавлоно Чалолуддини Балхи
«Сорбони ишк»-1999 Абдулло Рахими
«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй

1 комментарий: