воскресенье, 6 мая 2012 г.

ИШК ДАР ДАРЁИ ГАМ ГАМНОК НЕСТ!




ДОСТОНИ МУСО ВА ШУБОН

Дид Мусо як шубонеро ба рох,
К-у хамегуфт "Эй Худову, эй Илох!
Ту кучои то ман шавам чокарат,
Чорукат дузам, кунам шона сарат!
Чомаат шуям, шапушхоят кушам,
Шир пешат оварам, эй мухташам!..."

Хазрати Мусо чупонеро дид ки бо Худованд розу ниёз мекард ва бо забону фикри тозаи худ замзама менамуд, ки
" Эй Худо! Ту кучо хасти, ки ба Ту хидмат кунам, саратро шона кунам, хонаатро бирубам, кафш ба поят кунам, дастхоятро бибусам, поятро бимолам, рахти хобатро пахн кунам!
Эй Худои ман! Чони ману фарзандону хонаам фидои Ту! Ту кучо хасти. Агар бемор шави, Туро парастори мекунам, агар танхо шуди, гамхори Ту мешавам!"
Мусо, ки ин гуфтахоро шунид, дар хашм шуду аз шубон пурсид:
-Бо ки сухан мегуи?
Гуфт: - бо он кас, ки маро офарид
Ин замину чарх аз У омад падид.
Мусо ба ин марди содадил газаб кард, ки " Магар кофир шудаи? Худо монанди мо нест, ки хочат ба парасториву гамхори дошта бошад, ё пойафзол бихохад,ё рахти хоб лозимаш бошад!"

Гар набанди з-ин сухан ту халкро,
Оташе ояд, бисузад халкро.
Дустии бехирад худ душманист,
Хактаъоло з-ин чунин хидмат ганист!
Агар ту ингуна сухан бигуи дунё хароб мешавад. Оташе меояду хама мардумро месузонад. Ин кадар ёва магу!
Дусти нодон батар аз душман аст!
Чупон аз тарси хашми Худованд фарёд зад:
-Эй Мусо ту бо ин сарзанишхо чони маро сухти! Ва дахонамро аз пушаймони духти!
Он гах чомаи худро дариду гиребон чок сар ба биёбон гузошт! "Сар ниход андар биёбону бирафт..."
Худованд ба Мусо гуфт:
-Ин чи коре буд, ки карди? Ту бандаи маро озурди!

Вахи омад суи Мусо аз Худо:
Бандаи маро чаро карди чудо?
Ту барои васл кардан омади,
На барои фасл кардан омади.
Ман накардам халк то суде кунам,
Балки то бар бандагон чуде кунам.
Мо забонро нангарему,
Мо дарунро бингарему холро.

Худованд ба Мусо гуфт:
- Ман ба халк ниёз надорам. Онхоро аз рохи бахшиш зиндаги додаам.
Табъи хар кас хоси худи уст, хар кас бо забони худ, бо фахми худ ба ман розу ниёз мекунад. Хинди бо забони худ ва точик ба точики.
Ман мухточи ситоиш нестам. Инхо одоби мардуми рузгор аст. Ман ба калби поку нияти хуб нигох мекунам:

Мусиё! Одобдононд дигаранд,
Сухтачону равонон дигаранд.
Ошиконро хар нафас сузиданист,
Бар дехи вайрон хирочу ушр нест.
Гар хато гуяд, варо хотй магу,
Гар бувад пурхун шахид, уро машу.
Хун шахидонро зи об авлотар аст,
Ин хато аз сад савоб авлотар аст.
Дар даруни Каъба расми кибла нест,
Чи гам, ар гаввосро почила нест.
Ту зи сармастон каловузи мачу,
Чомачоконро чи фармои руфу?
Миллати ишк аз хама динхо чудост,
Ошиконро миллату мазхаб ХУДОСТ!
Лаълро гар мухр набвад, бок нест,
Ишк дар дарёи гам гамнок нест!

Сипас Худованд ба Мусо фармон дод ки чупонро биёбад ва аз у узр бихохаду дилчуи кунад.
Ба у бигуяд, ки ба хар забону хар гуна, ки дилаш мехохад, бо ман гуфтугу кунаду хохиши худро бозгу намояд.
Худованд забони хос интихобкарда надорад. У ба хамаи забонхо доност ва аз хамаи калбхо огах аст.
Мусо дар паи фармони Худованд биёбонро зери по гузорид ва он кадар чустучу кард, ки чупони саргардонро ёфту аз у узр хост. Дастури Худовандро бар у расонид. Ва уро хушхол сохт:

Чунки Мусо он итоб аз хак шунид,
Дар биёбон, дар паи чупон давид.
Бар нишони пойи он саргашта ронд,
Гард аз паррай биёбон барфишонд,
Окибат дарёфт урову бидид.
Гуфт: " Мужда дех, ки дастуре расид:
Хеч одобеву дастуре мачу.
Хар чи мехохад дили тангат, бигу!
Куфри ту дин асту динат нури чон,
Эмини ва аз ту чоне дар амон.
Гуфт: "Эй Мусо, аз ин бигзаштаам,
Ман кунун дар хуни дил огуштаам.
Ман зи сидрай мунтахо бигзаштаам,
Садхазорсола з-он су рафтаам.
Тозиёна барзади, аспам бигзашт,
Гунбаде карду зи гардун баргузашт.
Мархами носути мо лохут бод,
Офарин бар дасту бар бозут бод,
Холи ман акнун бурун аз гуфтан аст,
Он чи мегуям на ахволи ман аст."
Майли рухат чун суи боло бувад,
Дар тазоюд марчаъат ончо бувад.
В-ар нагунсори, сарат суи замин,
Офили, Хак "ло юхиббул-л офилин". Маснави

Комментариев нет:

Отправить комментарий