
Имруз партави Хуршед дурахшону дар тачаллист!
Имруз махтоб гарми мебахшад!
Имруз ситорахо чашмак мезананд!
Имруз фариштахо мехмони омадаанд!
Имруз осмон хело ва хело наздик аст!
Имруз сайёрахо дар гирди Хуршед ракс доранд!
Имруз хафт осмон дар гирди Замин гардон аст!
Шафак дар осмони Куния лолагун месузад!
Ин лахзаву хар лахза…
Ин соату хар соат..
Имрузу хар руз..
Ин асру боз садхо асрхои дигар…
Оташи ишке, ки дар калби Мавлоно фурузон аст дар забона хохад буд!
Имруз рузи милоди МАВЛОНОСТ!
У зистан мехост, ва у БО МОСТ!!!
«Имруз чони ман бо ахтарони осмон ракс раксон гашта дар пахнои чарх!»
Имруз манам Ахмад, не Ахмади порина,
Имруз манам Симург, на мургакм харчина.
Шохе, ки хама шохон харбандаи он шоханд,
Имруз ман он шохам, не шохи парерина.
Ман киблаи чонхоям, ман Каъбаи дилхоям,
Ман масчиди он аршам, не масчиди одина.
Ман оинаи софам, не оинаи тира,
Ман синаи Синоям, не синаи пуркина.
Ман масти абад бошам, не масти богу раз.
Ман лукмаи чоннушам, не лукмаи тархина.
Дар хонакахи олам, дар мадрасаи дунё
Ман суфии дилсофам, не суфии пашмина…
Офтоби чамоли Мавлоно Чалолуддини Мухаммади Балхи чандин хазор мох аст, ки дар осмони завк ва маърифати илохи тулуъ карда ва хамчунон дар васат-ус-самои олами чон бар тахти нимруз нишаста ва аз мадху санои оламиён бениёз аст.
Чи ниёз аст, ки гуянд дар рабиулаввали соли 604-и хичрии камари дар Балх ба дунё омад? Он кас, ки нух садафи гардунро бар гавхари яктои хеш танг дида ва аз мазики чихот берун паридааст, дар Балху Бухоро кай гунчад?
ИН ЧАХОНУ ОН ЧАХОН МАРО МАТАЛАБ,
К-ИН ДУ ГУМ ШУД ДАР ОН ЧАХОН, КИ МАНАМ. Девони Шамс
ГУФТАМ: «ЗИ КУЧОИ ТУ?» ТАХСИР ЗАДУ ГУФТО: «МАН
НИМЕМ ЗИ ТУРКИСТОН, НИМЕМ ЗИ ФАРГОНА!
НИМЕМ ЗИ ОБУ ГИЛ, НИМЕМ ЗИ ЧОНУ ДИЛ,
НИМЕМ ЛАБИ ДАРЁ, НИМЕ ХАМА ДУРДОНА!» Девони Шамс
Ва ин ошики сармаст, ки зиндони замонро даршикаста ва дар шаби меърочи ишк ва лайлатулкадри гесуи дуст бо кофиласолори хеш – Мухаммад(с) дидор кардааст, ИШКРО, ИШКИ ПОКИ МАЪНАВИРО, КИ АЗ ХУДОВАНД НЕРУ МЕГИРАД дар шевотарин тасвирхо ва хаёлбандихо дар зиндагиномаи худ матрах гардонидааст!
Тасвири зеботарини Чалолуддини Руми дар заминаи мухаббат, чазбаи он бахри яксон гаштан, андар якдигар васл ёфтан ва дар айни хол имконпазир будани ин висол бунёд ёфтааст,ки вакте мепурсиданд, ки олами ХАК дар кучост, чавоб мегуфт: « АНДАР ДИЛИ ШУМО!»
Онхо, ки талабгори Худоед, Худоед,
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.
Чизе, ки накардед гум аз бахри чи чуед,
В-андар талаби гумнашуда бахри чароед.
Исмеду харифеду каломеду китобед,
Чабраили аминеду расулони самоед.
Хам Мусиву хам маъчузу хам яди байзо,
Хам Исиву рахбону самовоти алоед.
Хам Махдиву Ходиву нихонеду аёнед,
Товил шумоед чун танзили Худоед.
Гах махзари лохуту гахе бахбари носут,
Гахе шуда дар руйю гахе айни сафоед.
Дар хона нишинеду магардед ба хар суй,
Зеро, ки шумо хонаву хам хонахудоед.
Зотеду сифотеду гахе аршу гахе фарш,
Дар айни бакоеду мубарро зи фаноед.
Он кас, ки назоиду назояд зи шумо кас,
Покеду каюмед зи тагйири Худоед,
Хохед, ки бинед рух андар дили маъшук,
Зангор зи оина ба сайкал бизудоед.
То буд, ки муллои Руми ба хакикат,
Худро ба худ аз кукввати оина намоед.
Ин чумла, ки гуфтем зи шумо ёфт вучуде,
Мавчуду вучудеду шумо чуду атоед.
Аз арши Худо то ба сари тахт шумоед,
З-он ру, ки шумо бар хама афзуну алоед.
Хар рамз, ки мулло бисарояд ба хакикат,
Медон, ки бад-он рамз сазоед, сазоед.
Шамсулхаки Табрез чу султони чахон аст,
Онхо, ки талабгори сахоед, кучоед.
То доманатон пурзар кунад он шох,
Эй бехабарон, аз карами шох биёед.
Онхо, ки талабгори Худоед, Худоед,
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.
Бале, Мавлоно Мухаммад Чалолуддини Балхи шеърро бо овози баланд мегуфт. Оханги шеър ба у чазбаи осмони мебахшид. Дар пеши назари рухаш чархи гардун бо хама хастияш зухур менамуд: сайёрахо дар гирди Хуршед ва хафт осмон дар гирди Замин гардон аст. Ин гардиши мавзун вучуди уро саропо фаро мегирифт. Маст мешуд…, худ бо оханг хаюло меёфт, он оханге, ки коинотро фаро гирифтааст
ва шеъри уву садои рубоб…,
шеъри уву навои ной…,
шеъри уву овои зебои…,
шеъри уву мусикии фаслу васли кули ошикон, ки
аз калби туву дили ман огоз меёбад сояи хираи хамин оханг мебошад.
АЛО, ЭЙ МАВЛОИ РУМ!
ТУ БО ДИЛИ ШУРИДААТ!
БО ШЕЪРИ ВОЛОЯТ!
БО ПАЁМИ ОТАШИНИ ОШИКОНААТ!
БО ИШКИ ПОКУ ОСМОНИЯТ!
БО РАКСИ САМОЪ ДАР ФАЗОИ ЧОН!
БО ПАРВОЗХОИ МИНОЯТ!
БО САБАКХОИ ШУРИ МАЧНУНИЯТ!
МОРО БА КАЛАМРАВИ ИШКУ ЗЕБОИ МЕРАСОНИ!
Хар нафас овози ишк мерасад аз чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?
Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем,
Боз хамон чо равем хоча, ки он шахри мост!

Комментариев нет:
Отправить комментарий