воскресенье, 6 мая 2012 г.

ДОСТОНИ ЮСУФ АЛАЙХИССАЛОМ ВА МЕХМОНАШ




Омад аз офок ёри мехрубон,
Юсуфи сиддикро шуд мехмон.
К-ошно буданд вакти кудаки.
Бар висодай ошнои муттаки.

Як руз, як дусти замони кудакии хазрати Юсуф ба дидораш омад. То Юсуф ба зиндон афтодан ва озод шудан ва ба вазорати подшохи Миср расидан буд, якдигарро надида буданд.
Табъан аз холи якудигару кайфияти зиндон ва он чи ба Юсуф гузашта буд, сухан ба миён омаду он дуст ба гузашта афсус хурд. Юсуф гуфт:

Ор набвад шерро аз силсила,
Нест моро аз казои Хак гила.
Шерро бар гардан ар занчир буд,
Бар хама занчирсозон мир буд.

Он гах, Юсуф аз дусташ пурсид, акнун, ки ба дидори у омада, чи армугон овардааст?

Гуфт:-Ман чанд армугон чустам туро,
Агмугоне дар назар н-омад маро.
Хаббаеро чониби кон чун барам?
Катраеро суйи Уммон чун барам?
Зираро ман суйи Кирмон оварам,
Гар ба пеши ту дилу чон оварам.
Нест тухме, к-андарин анбор нест,
Гайри хусни ту, ки онро ёр нест.
Лоик он дидам, ки ман оинае,
Пеши ту орам чу нури синае.
То бубини руи хуби худ дар он,
Эй ту чун хуршеди шамъи осмон!
Оина овардамат, эй равшани!
То чу бубини руи худ, ёдам куни.

Дуст гуфт:- Харчи чустам хадяи сазовори ту наёфтам. Харчи буд арзиши пешкаши туро надошт. Охир оина ба аргувон овардам, ки руи туро ба ту нишон дихад ва хар гох ба у нигох мекуни, маро хам ба ёд овари! (Хикоёти Маснави. Ахмад Нафиси.)

Комментариев нет:

Отправить комментарий