воскресенье, 6 мая 2012 г.

МАЪШУКИ ХАКИКЙ ДАР ХАМА ХОЛ - ХУДОСТ!





Хеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Хеч охан ханчари тезе нашуд,
Хеч мулло нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрези нашуд.

Оташе, ки Шамси Табрези дар бешаи андешахои Мавлоно Чалолуддини Руми зад чунон боло гирифт, ки партави он хануз пас аз карнхои зиёде дилу чони ошуфтахолону афсудагарони ин рузгорро гарми мебахшад.
«Вакте, ки ба дунёи Мавлоно меафтем,- менависад мухакики шинохтаи Эрон Алии Дашти, - мисли ин аст, ки ба мадори яке аз ситорагони дурдаст ворид шудаем. Дар чахоне волотар, шомилтар, куллитар аз атмосферае, ки ин хокдонро дар бар гирифтааст, сайр мекунем;
ба чое рох ёфтаем, ки ситогагон мавчудоте зиндае хастанд ва бо одам сухан мегуянд,
бо он рухи шомил ва мухите, ки фазои лоятанохиро дарбар гирифта наздик мешавем.
Ва ин ачаб нест, зеро у ба тарафи камоли мутлак ба авчи зебоии мучаррад мепаррад;
ба суи бесуи, ба ломакони ва лоятанохи, ба тарафи хакикати вучуд, ки хамаи коинотро рушан кардааст, меравад».
Киссапардозон дидори Мавлоно Румиро бо Шамси Табрези хикоятхо кардаанд. Аз чумла гуянд:
Рузе Мавлоно бо муридон дар канори хавзи мадраса нишаста буд - китобхо дар пешу килу колу бахсу чидол дар миён. Дарвеше бигузашту гуфт:
Мавлоно, ин китобхо чист?
Гуфт: Илми кол аст.
Дарвеш ба як дам он хамаро дар об афканд ва фарёду фигон аз муроду муридон бархост, ки ин хама китоби нафисро дар об чун афканди?
Дарвеш ба дами дигар китобхоро аз об баргирифту хушк дар пеши руи эшон ниход.
Гуфтанд: Ин чист?
Гуфт: Ин илми хол аст.
Мавлоно наърае бизад ва дар домани дарвеш овехт ва у Шамсиддин Маликдоди Табрези буд.
Ва ё хикояте кунанад, ки Рузе Чалолиддин бо чамъи муридон, савор бар асп, аз бозори Куния мегузашт. Дарвеше нидо кард, ки:
Мавлоно, маро суоле хаст.
Гуфт: Бозгуй то ба чавоби он хама бахра гиранд.
Гуфт: Мухаммад(с) бартар буд ё Боязид?
Мавлоно гуфт: Ин чи суол аст, ки Боязид аз уммати Мухаммад (с) буду макоми султони аз точи пайравии Ахмад дошт.
Дарвеш гуфт: Чун аст, ки Мухаммад (с) бо Хак гуфт: «Мо арафнока хакка маърифатика» (туро чунон, ки шоистаи макоми туст, нашинохтам).
Ва Боязид гуфт:

Нест андар чуббаам илло Худо,
Чанд чуйи дар замину дар само?! (Маснави)

Мавлоно фуру монд ва баргуфт:
Дарвеш ту худ баргуй.
Гуфт: Ихтилоф дар зарфият аст, ки Мухаммад (с) –ро гунчоиш бекарон буд: харчи аз шароби маърифат дар чоми у мерехтанд, хамчунон хумор буд ва чоме дигар талаб мекард. Аммо Боязид ба чоме маст шуду наъра баровард:
Шигифто, ки маро чи маком ва манзалате хаст!? Субхони мо аъзама шони.
Ва боз дар ривояти дигар омадааст: Мавлоно бо чамъе аз муридон, савор бар асп аз мадраса ба хона мерафт. Шамс бар вай даромаду гуфт:
Мавлоно, манзур аз илм чист?
Гуфт: Равиши суннату одоби шариат.
Гуфт: инхо хама аз руи зохир аст.
Мавлоно гуфт: Варойи ин чист?
Шамс гуфт: Илм он аст, ки ба маълуме раси. Ва аз девони Саной ин байт бихонд:

Илм, к-аз ту, туро бинастонад
Чахл аз он илм бувад бисёр.

Мавлоно ба пои он бузург афтод ва аз тадрису ифода бозмонд.
Ба ривояти афсонаи дигар, Шамс он китобхоро дар об афканд ва он оби хаёт буд, ки хамаи дониши Мавлоноро зинда карду дафтари дилро, ки бидуни ишк хеч маъно надошт, ба шароби мухаббат маъно бахшид, ки « Ал маъно Хуваллох!»

Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам,
Давлати Ишк омаду ман давлати поянда шудам.

Ин булачаб, к-андар хазон шуд офтоб андар хамал,
Хунам ба чуш омад, кунад дар чуи тан ракс-ул-чамал.
Ин мавчи бахри хун нигар, сахро пур аз Мачнун нигар,
В-ин ишрати бечун нигар, эмин зи шамшери ачал.

Гам мурду гиря рафту бакои ману ту бод!
Харч о, ки гиряест, кунун ханда мешавад.

Ва мухаккиконе, ки гуфтаанд: Сирри дидори Мавлоно ва Шамс бар мо пушида аст ва намедонем Шамс чи сехру афсуне дар гуши Мавлоно хонд, ки он маснаднишини саччодаи такворо бозичаи кудакони куйе гардонид.
Охир, киссаи дидор дар саросари «Девони Шамс» ва « Маснави» ва хазорон чумлаи «Фихи мо фихи» дар забони фасех баён шудааст, чи гуна мачхул тавонад буд?
Ин дидор сармояи хамаи анбиёву авлиёву хунармандони чахон аст: ХАКИКАТИ ДИН ДИДОРИ ХУДОСТ ВА ЧАВХАРИ ИРФОН ДИДОРИ МАЪРУФ АСТУ ЧОН ДИДОРИ ЧАМОЛИ МУТЛАК!
Шоироне, ки ба давлати ин дидор расидаанд, каломашон аз гуфтори дигар шоирон, ки дар макоми гуш таваккуф карда ва ба таклид аз шаробу шамъу шохид хикоят мекунанд, мумтоз аст ва нишони ростию шукухи дидор дар симои сухани эшон хувайдост.

Ишки сузони Мавлоно ба Шамс, ки киссаи ошикони чахонро мансух кард, махсули хамин дидори Хак буд, илло он ки чун офтоби чамоли илохи ва ойинаи руйи Шамс бар Мавлоно тофт, дар огоз Мавлоно руй бар Шамс овард , ки
ИШК ДАР ХАР МАВЧУД МУШОХИДОИ ЧИЛВАИ АЗ ХАК ДАР ОН МАВЧУД АСТ ВА МАЪШУКИ ХАКИКЙ ДАР ХАМА ХОЛ ХУДОСТ,
ва агар Мавлоно гуфт: ФОШ БИГУФТАМ ИН СУХАН: ШАМСИ МАНУ ХУДОИ МАН!
***
Мо дар ду чахон гайри Худо ёр надорем,
Мо чуз гами у дигар кор надорем.
Мискину факирем, ба кошонаи дунё
Бо неку бади хеч кассе кор надорем.
Не масти шаробему кабобему рубобем,
Парвои майу хонаи хаммор надорем.
Гар ёри вафодор надорем, ачаб нест,
Мо ёр ба чуз Хазрати Чаббор надорем.
Мо масти аластем ба як чуръа чу Мансур
Андешаи фатво ва сари дор надорем.
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид,
Хар рахгузаре санг занад ор надорем.
Мо тутии факрему шакархораи Мисрем,
Чун зоги сиях майл ба мурдор надорем.
Дар боби дили хастаи Шамсулхаки Табрез
Мо худ ба чуз ин шева ва гуфтор надорем. (Мавлоно)
(Чалолиддин Руми. Фихи мо фихи. Хусайн Мухйиуддин Илохии Кумшаи) 

Комментариев нет:

Отправить комментарий