
ЗЕРИ ХАР "Ё РАББИ" ТУ "ЛАББАЙКАХОСТ!"
ДОСТОНИ МАРДИ ХУДОПАРАСТ ВА ШАЙТОН
Он яке " Аллох" мегуфти шабе,
То ки ширин мешуд аз зикраш лабе,
Гуфт шайтон:- Охир эй бисёргу,
Ин хама "Аллох"-ро "Лаббайка" ку?
Шайтон шабе ба марде, ки Худо-Худо мекард ва аз тахи дил дуо менамуд, гуфт:
-Эй марди пургу! То кай ин кадар Худоро мехони, магар намебини гушаш ба дуои туи бадахкор нест ва чавоб ба дархостхои ту намедихад.
Он мард дилшикаста шуд ва бо ноумедии бисёр ба хоб рафт. Дар хоб Хизри пайгамбарро дид. Хазрати Хизр аз у пурсид:
- Чаро дигар Худоро наметалаби?
Гуфт:- Худованд дигар ба ман чавоб намедихад!
Хизр гуфт: - Хамон худо омадаи чавоби ту аст .У туро мешунавад ва дуои туро мепазирад. Ту агар чизе намешунави аз нодонии туст. Ва агар балое мерасад, барои озмоиши ту аст.
Гуфт: "Хин! Аз зикр чу вомондаи,
Чун пушаймони аз он, к-иш хондаи?"
Гуфт: "Лаббайкам намеояд чавоб,
З-он хаметарсам, ки бошам радди боб"
Гуфт: "Он Аллохи ту лаббайки мост,
В-он ниёзу дарду сузат пайки мост.
Хилахову чорачуйхои ту,
Чазби мо буду кушод ин пойи ту.
Тарсу ишки ту каманди лутфи мост,
Зери хар " Ё рабби" ту "Лаббайахост"!
Бандагони хуби Худо хар чи бихоханд ба онхо мерасад, агарчи дар ранч биафтанд. Аммо онхо, ки дилашон ба Худо нест ва аз неки ба халки Худо дарег мекунанд, дар нозу неъмат хастанд ва бад ин васила аз Худо гофил мемонанд.
Окибат ба сазои носипосии худ мерасанд. Монанди Фиръавн, ки Худованд солхо ба у суруре дод. Хатто харгиз беморе нашуд то Худоро ба ёд биёварад ва дар охир дучори хашми Худованд шуд. Худу хамрохонаш дар об гарк шуданд ва ба сахтию бадбахти аз миён рафтанд.
Бар дахону бар дилаш куфл асту банд,
То нанойад ба Худо вакти газанд!
Дод мар Фиръавнро сад мулку мол,
То бикард у даъвии иззу чалол.
Дар хама умраш надид у дарди сар,
То нанолад суи Хак он бадгухар.
Мардони Худо бояд харгиз гофил намонад ва бовари дошта бошанд, ки Худованд музди сабру хушнудии онхоро хохад дод. Одами Худошинос аз мушкил ноумед намешавад ва пайваста мунтазири кушоиши корхо мемонад.
Кух бошад, к-у ба хар боде чахад,
Кух бошад каймар бодро вазне нихад!
Дар зиндаги барои инсонхо бадбахтиву нокоми ва дарду ранч пеш меояд. Вале бо кушишу сабру ризо хар ранче поён хохад ёфт. Худованд ба ёрии бандагони худ хохад шитофт.
Маснавии Маънави
Комментариев нет:
Отправить комментарий