воскресенье, 6 мая 2012 г.

ДОСТОНИ ЗОХИДИ БОДИЯНИШИН



ДОСТОНИ ЗОХИДИ БОДИЯНИШИН

Зохиде буд миёни бодия,
Дар ибодат гарк чун аббодия.
Хочиён он чо расиданд аз билод,
Дидашон бар зохиди хушке уфтод.
Чойи зохид хушк буд, у тармизоч,
Аз самуми бодия будаш илоч.
Хочиён хайрон шуданд аз вахдаташ
В-он саломат дар миёни офаташ.
Дар намоз истода буд бар руйи рег,
Рег, ки аз таффаш бичушад оби дег.
Гуфтие сармаст дар сабза-в гул аст,
Ё савора бар Буроку Дулдул аст.

Гурухе ба хач мерафтанд. Дар миёни биёбон чашмашон ба зохиде афтод,
ки дар зери офтоби сузон руи регхои дог ба намоз истода буд ва чунон
гарки зикру дуоъ буд, ки ангори миёни боге пургулу сабза, руи фарши
харир карор дорад. Бодхои захрноки биёбон ба чашми у чун насими бахорй буд.
Хочихои хайратзада уро тамошо мекарданд то вакте, ки аз парастиши Худо
фориг шуд, диданд, ки дар он хавои гарму хушк об аз дасти у мечакад,
монанди, ин ки вузу гирифта аст. Аммо дар он сахрои сузон обе набуд.
Пурсиданд:
-Об аз кучо меовари?
Гуфт:
- Ин об аз осмон меояд!
Гуфтанд:
-Хар вакт бихохи меояд? Ё гох хасту гох нест?
Дарвеш дастхо бар осмон бардошт:

Чашмхоро бигшуд суйи осмон
Ки ичобат кун дуъои хочиён!
Ризкчуйиро зи боло хугарам,
Ту зи боло баргушудасти дарам.

Ногох абре падид омаду борон боридан гирифт. Хочиён машкхои худро пур
аз об карданд. Гурухе имон оварданд, гурухе хом монданд ва надонистанд
ки инсон, ки Худоро шинохт ва ба У худро хавола кард ба хар кор тавоност!

Эй намуда ту макон аз Ломакон,
«Фи-с-самои ризкукум» карда аён!Дар миёни ин муночот абри х(в)аш,
Зуд пайдо шуд чу пили обкаш.
Хамчу об аз машк боридан гирифт,
Дар гаву дар горхо маскан гирифт.
Абр меборид чун машк ашкхо,
Хочиён чумла кушода машкхо.
Як чамоат з-он ачоиб корхо
Мебуриданд аз миён зуннорхо.
Кавми дигарро якин дар издиёд,
З-ин ачаб "валлоху аълам би-р-ришод".
Кавми дигар нопазиро туршу хом,
Нокисони сармадй "тамма-л-калом".


1 Мавлоно Чалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавиӣ (Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар) таҳти назари Муҳаммади Борӣ : Нашри замон: Теҳрон-2001
2«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй. ДОНИШГОХИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН ба номи ИМОМ ТИРМИЗЙ. ДУШАНБЕ-2003



  

Комментариев нет:

Отправить комментарий