воскресенье, 6 мая 2012 г.

МАН АЗ КУЧО, ШЕЪР АЗ КУЧО...




Дар Куръон, охири сураи Шуаро, чанд оя аст дар бораи шоирон, ки мефармоянд:
Шоиронро гумрохон дунбол мекунанд. Оё намебини, ки эшон дар хар води саргашта ва хайронанд ва суханхо мегуянд, ки бар кор намебанданд, магар он шоирон, ки имон оварданд ва некукор шуданд. Ва худоро бисёр ёд карданд…
Мухолифони шеър ва шоири оёти аввалро дастовез карор дода ва гуфтану хондани шеърро ба кули манъ карданд. Ва шигифт аст, ки бисёре аз шоирон низ худ дар ашъорашон ба мазаммати шеър пардохтанд ва шоириро дуни шаъни худ донистанд:

Растам аз ин ин байту газал, эй шоху султони газал,
Муфтаилун, муфтаилун, муфтаилун кушт маро!
Кофияву мафъаларо гар хама селоб бибар,
Пуст бувад, пуст бувад дархури магзи шуаро.
Шеър чи бошад бар ман, ки аз он лоф занам?
Хаст маро фанни дигар, гайри фунуни шуаро.
Шеър чу абрест сиях, манн паси он парда чу мах,
Абри сияхро ту махон мохи мунаввар бар само. Девони Шамс.

Ва аз лахни шайх Махмуди Шабистари дар «Гулшани роз» чунин бармеояд, ки гуйи шоирй дар он замон нангу ор махсуб мешуда ва шайх дар макоми дифоъ гуфтааст:

Маро аз шоири худ ор наояд,
Ки дар сад карн чун Аттор н-ояд.

Ин фазои манфи алайхи шеър ва шоири то хадди зиёде махсули галабаи ками шоирони шеърфуруш будааст, ки ба дунболи дирхам ва динор, забон ва хар лофу газоф мегушуданд ва чехраи шеърро назди омма чандон номатлуб сохтанд , ки чун гуянд: «шеър мебофад», максуд он аст, ки суханони ёва ва бемоя мегуяд. Шояд як иллати дигар дар тавчехи ин фазои тира таърифе хаст, ки оммаи фалосифа аз шеър кардаанд ва чавхари онро «мутахайилот» донистаанд ва мутахайилот, ки мафхуми хоси фалсафи дорад, аз маънои баланди худ мунзал шуда мафхуми хаёлбофиву савдои хом пухтан гирифтааст.
Хамчунин дар Куръон, илова бар оёти мазкур дар мазаммати шоирон дар оёти дигаре нисбати шоири аз Мухаммад саллалоху алайхи ва саллам ва шеър аз Куръон салб гардида ва сарехан гуфта шудааст,ки:

Мо уро шеър наомухтем,
Ки он шоистаи макоми у набвад.
Ва ин калом чуз зикри илохи,
Ва Куръони ошкоркунандаи ( Хак) нест. Ёсин. 69.

Ин гуна оёт мучиби ин таваххум гардид, ки нафии шоири аз Мухаммад(с) мутазаммини нафии мутлаки шоири аст ва агар шеър гуфтан Мухаммад (с)-ро шоиста набуд, уммати уро низ шоиста нест.
Бад-ин мулохизот шоироне, ки таъбири Низоми, «зиндаи сухан» буданд, барои чудо кардани хунари хеш аз мурдагони зару сим гох аз худ нафии шоири мекарданд, бадин маъно, ки агар шеър он суханони хушобуранге аст, ки барои хушомади Зайд ва Амр гуянд ва доми дирхаму динор аст, суханони мо шеър нест, чунонки Саной гуфт:

Байти ман байт нест, иклим аст,
Хазли ман хазл нест, таълим аст.

Таъкиди ин бузургон дар ин аст, ки «хакикати шеър» кофияву мафила ва саноеъи лафзиву маънави ва мазмунсози нест, балки инхо хама колбад ва ба таъбири Мавлоно «тан-тан» аст, хам дар тактеъи ашъор барои нишон додани вазн ба кор мебурданд ва хам ишора ба «чисми шеър» ва «пуст» он аст, ки иддаи бемагзро ба худ машгул кардааст.

Бодапарастон хама дар ишратанд,
Тан тану тан тан шунав, эй танпараст. Девони Шамс.

Аммо шеъри осмони, ки шархи авсофи чамолу чалоли илохи ва даъвати халк ба иклими ишку маърифат ва сифоти волои инсони аст, пайваста мавриди ситоиши бузургони дин ва орифони сохибякин буда, ки онро аз назари мохият хамчинси вахй ва аз хайси мартабат наздиктарин сухан ба камоли илохй донистаанд. Мавлоно мукаррар ашъори худро махсули лахзахои бехуди ва иттисол ба олами вахдат муарифи карда ва худро дар сурудани он беихтиёр донистааст:

Эй он ки андар чони ман талкини шеърам мекуни,
Гар тан занам хомуш кунам, тарсам, ки фармон бишканам. Девони Шамс.

Ту мапиндор, ки ман шеър ба худ мегуям,
То ки бедораму хушёр яке дам назанам. Девони Шамс.

Низоми хар чанд дар « Лайло ва Мачнун» хитоб ба фарзанди худ мегуяд: Дар шеър мапеч ва дар фанни у, чун акзаби уст ахсани у, аммо дар «Махзан –ул –асрор» хадди камоли шеър ва шоириро чунин баён кардааст:

Пешу паси баст сафи авлиё,
Пас шуаро омаду пеш анбиё.
Ин ду назар махрами як дустанд,
Ин ду чу магз, он дигарон пустанд.
Шеър туро сидранишони,
Салтанати мулки маони дихад.

Чоми дар «Хафт авранг»-и худ дар дифоъ аз макоми шеър гуяд: Агар Худованд шеър буданро аз Куръон ва шоириро аз Мухаммад (с) салб фармудааст, нуксоне дар камоли шеър нест, балки бештар нишони азамати макоми шеър аст, ки ба каломи вахи пахлу мезанад, чандон, ки лозим аст, халкро мутазаккир созанд, ки каломи вахй шеър нест. (Фихи мо фихи. Мавлоно чалолиддини Руми. Абдуллох Муллоюокизодаи Шаватки) 

Комментариев нет:

Отправить комментарий