воскресенье, 10 июня 2012 г.



















... من از كجا عشق از كجا
ای عـاشقان اي عـاشقان
من از كجا عشق از كجا
اي بيـــدلان اي بيـــدلان
من از كجا عشق از كجا





ЭЙ ОШИҚОН, ЭЙ ОШИҚОН МАН ХОКРО ГАВҲАР КУНАМ

Эй ошиқон эй ошиқон ман хокро гавҳар кунам,
Эй мутрибон, эй мутрибон, даффи шумо пурзар кунам.
Эй ташнагон, эй ташнагон, имрỷз сакқойи кунам,
В-ин хокдони хушкро ӌаннат кунам, кавсар кунам.
Эй бекасон, эй бекасон, ӌоъалфараӌ, ӌоъалфараӌ,
Ҳар хастайи ғамдидаро султон кунам, санӌар кунам.
Эй кимиё, эй кимиё, дар ман нигар зеро, ки ман,
Сад дайро масӌид кунам, сад дорро минбар кунам.
Эй кофарон , эй кофарон қуфли шуморо во кунам,
Зеро, ки мутлақ ҳокимам, мỷъмин кунам, кофар кунам.
Эй булало, эй булало, муми ту андар каффи мо,
Ханӌар шави, соғар кунам, соғар шави, ханӌар кунам.
Ту нутфа будй, хун шуди в-он гаҳ чунин мавзун шудй,
Сỷйи ман о, эй одамй, то з-инт накỷтар кунам.
Ман ғуссаро шодй кунам, гумроҳро ҳодй кунам,
Ман гургро Юсуф кунам, ман заҳрро шаккар кунам.
Эй сардеҳон, эй сардеҳон, бикшодаам з-он сар даҳон,
То ҳар даҳони хушкро ӌуфти лаби соғар кунам.
Эй гулистон , эй гулистон, аз гулистонам гул ситон,
Он дам, ки райҳонҳотро ман ӌуфти нилуфар кунам.
Эй осмон, эй осмон ҳайронтар аз наргис шавй,
Чун хокро анбар кунам, чун хорро абҳар кунам.
Эй аҳли кулл, эй аҳли кулл, ту ҳар чй гуфтй, содиқй,
Ҳоким туйи, Ҳотам туйи, ман гуфтугу камтар кунам…



Ишқи ту мунодое ба олам дорад……
Назди орифон ҳастй аз шуҳуди ӌамоли хеш айни мастй аст ва мастй айни ростй ва ростй айни зебойиву зебойи муӌиди ишқ
ва ишқ восита дар ҳузури офариниш аст.


Дар азал партави ҳуснат зй таӌаллй дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад. Ҳофиз.

Ва аз маӌмỷаи суханони ошиқони Ҳақ чунин бармеояд, ки Ишқ таҳакқуки чаҳор орзуи дерини башар, яъне кимиё, нỷшдору, меҳргиёҳ ва иксири ӌавонй аст.
Кимиёст, зеро миси ҳастию худпарастиро ба тиллои фано ва ҳакчӌỷйй бадал мекунад.
Мақсуд аз ин фано нафйи нуқсонҳо ва найл ба камоли мутлақ аст, ки ҳукамо аз он ба нафйи моҳият ва истиғроқ дар баҳри ҳастй таъбир мекунанад:


Даст аз миси вуӌуд чу мардони раҳ бишỷй,
То кимиёи ишқ биёбиву зар шавй. Хофиз.

Гуянд, рỷйи сурхи ту, Саъдй чй зард кард?
Иксири ишқ бар мисам афтод, зар шудам. Саъдй.

Ва ба ҳақиқат кимиёи зарпарастон дар пеши кимиёи ишқ ба ҳайрат аст, ки ин ӌо марг ба зиндагиву ғам ба шодй ва хок ба гавҳари волои инсонй бадал мешавад:

Эй ошиқон эй ошиқон ман хокро гавҳар кунам,
Эй мутрибон, эй мутрибон, даффи шумо пурзар кунам.
Эй ташнагон, эй ташнагон, имрỷз сакқойи кунам,
В-ин хокдони хушкро ӌаннат кунам, кавсар куна
Ту нутфа будй, хун шуди в-он гаҳ чунин мавзун шудй,
Сỷйи ман о, эй одамй, то з-инт накỷтар кунам…

Ва ишқ нỷшдору ва шифобахши ҳамаи дардхост, зеро ҳамаи дардҳо аз «худ» ва ҳавои «дил» ношй мешавад, ки матоъи тафриқаву мояи ӌангҳост:
Матоъи тафриқа дар кори мо ҳамин дил буд,
Худош хайр диҳад, хар ки ин рабуд аз мо…


Зеро ҳазор танро ҳазор дил бошаду ҳар дилеро майле ва орзуи дигар, аз бархỷрди ин орзуҳо ҳазорон кинаву ҳасад ва садҳазорон фитнаву ошỷб падид ояд…
Аммо агар ҳамагй хиркаи амният дар майхонаи ваҳдат гарав кунанду ба шароби Ишқ аз «худ» «бехуд» шаванд, ҳамаро як дилеву як дилдор ва як соқию як хумор хоҳад буд.
Ва онон, ки пеш аз ин дар ӌангали танозỷъи бақо ҳарифони разм буданд, инак дар гулшани тавҳид рафиқони самоъ хоҳанд буд. Ва бад-ин сон ба сафои ишқ дурдҳо софй шавад ва
қудуратҳо аз миён бархезад ва ба як нỷшдору ҳамаи дардҳо дармон гардад:


Марҳабо, эй ишки хушсавдои мо,
Эй давои ӌумла иллатхои мо.
Эй давои нахвату номуси мо,
Эй ту Афлотуну Ӌолинуси мо.
Ҳар кироӌома зи ишқе чок шуд,
У зи ҳирсу айб куллй ПОК шуд!!! Маснавии маънавй

Ва Ишқ меҳргиёҳе аст, ки ҳар кас аз он бихỷрад, маҳбуби ҳамагон шавад ва сирри
маҳбубияти муҳибони Ҳак ва салтанати эшон бар дилҳои орифу омй ҳамин аст:


Дилнишин шуд суханам то ту қабулаш кардй,
Оре, оре сухани Ишқ нишоне дорад. Ҳофиз.

Меҳрубонй зи ман омỷзу гарам умр намонд,
Зи сари турбати Саъдй биталаб меҳргиёҳро. Саъдй.

Турбати Саъдй ҳамон ашъори ỷст, ки иксири Ишк асту хосияти меҳргиёҳ
дорад. Ва низ Ишқ иксири чавонй ва оби ҳаёт аст, ки кас нỷшад, умри абад ёфт:


Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба Ишқ,
Сабт аст бар ӌаридаи олам давоми мо. Ҳофиз.

Ин бақои ӌовидон танҳо дар фанои Ишқ муяссар аст, ки хирмани амниятҳои парокандаро месỷзонад ва хокистари онро бар боди бениёзй медиҳад, зеро ки ба забони диёнат:
Худованд Самад асту аз ҳамаи оламиён мустағнй аст ва ба гуфтаи ҳукамо:
Вуӌуд аз моҳиятхо мубарросту моҳиятҳо ҳама дар мартабаи истиво байни вуӌуду
адам дасти ниёз ба сỷи вуӌуд доранд…,
ба тамсили шоирон:
Дарёи ҳастиро ниёзе ба амваӌ нест, балки амвоӌ айни эҳтиёч ба обанду фанои ҳубоб дар об айни бақои ỷст.
Ин аст сирри он, ки ошиқону муштоқони Ҳак барои сỷхтан дар оташи Ишқ ва хокистар
шудану бар боди бениёзй рафтан бар якдигар сабқат мегиранд ва:


Лутфи бепоёни ỷ чандон, ки ошиқ мекушад,
Зумраи дигар ба Ишқ аз хок сар бармекунанд. Ҳофиз.

Ва ин аст сирри иштиёқи Мавлоно ба исори ӌон, ки дар базми ӌонон гуфт:

Нидо баромад имшаб, ки ӌони кист фидо?
Биӌаст ӌони ман аз ӌо, ки нақд бистонед!
Ҳазор нукта навиштааст ишқ ба рỷям,
Ба хуни дил, ки агар ошиқед бархонед!
Ки ишқ боғи тамошост, гар малул шавед,
Ҳавош маркаби тозист гар фурỷ монед. Девони Шамс.


 
Зебуннисо Муҳаммадрашрод.
1.Маснавии Маънавй. Мавлоно Ӌалолуддин Муҳаммад Балхй.
Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар
Нашри Замон .Теҳрон -2001
2.Ӌалолиддин Румй . Фиҳи мо фиҳи.(Мунтахоби мақолот) Таҳия ва тавзеҳоти Абдуллоҳ Муллобоқизодаи Шаваткй
3.Мавлоно Ӌалолуддини Румй. Девони кабир. Душанбе -Дониш 2007.
4.musulmanshop.ru


воскресенье, 6 мая 2012 г.

АЙ БО МАНУ ПИНХОН ЧУ ДИЛ, АЗ ДИЛ САЛОМАТ МЕКУНАМ...





ای با من و پنهان چو دل از دل سلامت می کنم
تو کعبه‌ای هر جا روم قصد مقامت می کنم




АЙ БО МАНУ ПИНҲОН ЧУ ДИЛ, АЗ ДИЛ САЛОМАТ МЕКУНАМ…

Баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бỷи дуд ояд ва баъзе бошанд,
ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бỷи мушк ояд. Ин касе дарёбад, ки ỷро машоме бошад. Ёрро мебояд имтиҳон кардан, то охир пушаймонй набошад.
Суннати Ҳақ ин аст: Ибдоъ бинафсика.
Нафс низ агар даъвои бандагй кунад, бе имтиҳон аз ỷ қабул макун.
Дар вузỷ обро дар бинй мебаранд, баъд аз он мечашанд.
Ба муӌарради дидан қаноат намекунанад, яъне шояд сурати об бар ӌо бошад ва таъму бỷяш мутағайир бошад.
Ин имтиҳон аст ӌиҳати сиҳати обе. Он гаҳ баъд аз имтиҳон ба рỷ мебаранд.
Ҳар чй ту дар дил пинҳон дорй, аз неку бад, Ҳақ таоло онро ба зоҳири ту пайдо гардонад. Ҳар чй бехи дарахт пинҳон мехурад, асари он дар шоху барг зоҳир мешавад. Симоҳум фй вуӌуҳиҳим ва қувлуҳу таоло синасимуҳу ала-л-
хуртуми. Агар хар касе бар замири ту мутталеъ нашавад, ранги рỷи худро чй хоҳй кардан?




Ёрро имтихон бояд кард…… Дар назари Мавлоно чун иштироки алфозу
мушобаҳати суратҳо раҳзани солик аст, пас бояд суратҳои мушобеҳро бар меъёрҳо ва маҳакҳо арза кард, то мақоми ҳар як маълум шавад:

Сад ҳазор инчунин ашбоҳ бин,
Байнашон ҳафтодсола роҳ бин.
Ҳар ду сурат гар ба ҳам монад, равост,
Оби шỷру оби ширинро сафост.
Ӌуз, ки сохибзавқ к-ошносад ба ёб,
Ỹ шиносад оби хуш аз шỷраоб. Маснавй.

Ҳамчунин ёронро бояд ба зоиқаи дил озмуд ва салому хушомадиашонро бар машоми ӌон арза кард, зеро:

Одамй хоранд ағлаб мардумон,
Аз саломалайкашон кам ӌу амон.
Бе тамаъ нашнидаам аз хосу ом,
Ман саломе, эй бародар вассалом.
Як саломе нашнавй эй марди дин,
Ки нагирад охират он остин.
Ӌуз саломи Ҳақ , ту ҳин онро биӌỷ,
Хона-хона, ӌо ба ӌову кỷ ба кỷ.
Аз даҳани одами хушмашом,
Ҳам паёми Ҳақ шунидам ҳам салом.
З-он саломи у саломи Ҳақ шудаст,
К-оташ андар дудмони худ задаст. Маснавй.

Агар касе дар ҳақи касе нек гỷяд, он хайру некй ба вай оид мешавад ва дар ҳақиқат, он санову ҳамд ба худ мегỷяд.
Назири ин чунон бошад, ки касе гирди хонаи худ гулистону райҳон корад, ҳар боре, ки назар кунад, гулу райҳон бинад, ỷ доиман дар биҳишт бошад.
Чун хỷ кард ба хайр гуфтани мардумон, чун ба хайри яке машғул шуд, он кас махбуби вай шуд ва чун аз ỷ ёд ояд, маҳбубро ёд оварда бошад .
Ёд овардани маҳбуб гулу гулистон асту равҳу роҳат аст.
Ва чун бади яке гуфт, он кас дар назари ỷ мабғуз шуд, чун аз у ёд кунад ва хаёли ỷ пеш ояд, чунонаст, ки мор ё гаждум ё хору хошок дар назари ỷ пеш омад.
Акнун чун метавонй, ки шабу рỷз гулистон бинй ва риёзи Ирам бинй, чаро дар миёни мористону хористон гардй?
Ҳамаро дỷст дор, то ҳамеша дар гулу гулистон бошй.
Ва чун ҳамаро душман дорй, хаёли душманон дар назар меояд,
чунон аст, ки шабу рỷз дар хористону мористон мегардй.
Пас авлиё, ки ҳамаро дỷст медоранду нек мебинанд, онро барои
ғайр намекунанд, барои худ коре мекунанд, то мабодо ки хаёле макрỷҳ ва мабғуз дар назари эшон ояд. Чун зикри мардумону хаёли мардумон дар ин дунё лобуду ногузир аст, пас ӌаҳд карданд, ки дар ёди эшону зикри эшон ҳама маҳбуб ва матлуб ояд, то кароҳати мабғуз мушавваши роҳи эшон нагардад.
Пас ҳар чй мекунй дар ҳақи халқ ва зикри эшон мекунй ба хайру шар,он ӌумла ба ту оид мешавад. Ва аз ин Ҳақ таоло мефармояд:
Ман амила солиҳан фалинафсиҳи ва ман асои фаъалайҳо.
Ва май-йамал мисқола зарратин хайрай-йараҳ ва май – йамал
мисқола зарратин шаррай-йараҳ.




АЙ БО МАНУ ПИНҲОН ЧУ ДИЛ…
Ай бо ману пинҳон чу дил, аз дил саломат мекунам,
Ту Каъбай, ҳар ӌо равам, қасди мақомат мекунам.
Ҳар ӌо, ки ҳастй, ҳозирй, аз дур дар мо нозирй,
Шаб хона рушан мешавад, чун ёди номат мекунам.
Гаҳ ҳамчу бози ошно, бар дасти ту пар мезанам,
Гаҳ чун кабỷтар парзанон оҳанги бомат мекунам…
Гар ғоибй, хар дам чаро осеб бар дил мезанй,
В-ар ҳозирй, пас ман чаро дар сина домат мекунам.
Дурй ба тан, лек аз дилам андар дили ту рỷз нест,
З-он равзана дуздида ман чу маҳ паёмат мекунам.
Ай офтоб, аз дур ту, бар мо фиристй нур ту,
Ай ӌони ҳар маҳчур ту, ӌонро ғуломат мекунам.
Ман ойинаи дилро зи ту ин ӌо сақолй медиҳам,
Ман гỷши худро дафтари лутфи каломат мекунам.
Дар гỷши ту, дар хуши ту в-андар дили пурӌỷши ту,
Инҳо чй бошад? Ту манй в-ин васфи омат мекунам.
Ай дил, на андар моӌаро мегуфт он дилбар туро,
Ҳарчанд аз ту кам шавад, аз худ тамомат мекунам.
Гаҳ рост монанди «алиф», гаҳ каж чун ҳарфи мухталиф,
Як лаҳза пухта мешавй, як лаҳза хомат мекунам.
Гар солҳо роҳ меравй, чун муҳрай дар дасти ман,
Чизе, ки ромаш мекунй, з –он чиз ромат мекунам.
Ай шаҳ Ҳусомуддин Ҳусайн, мегуй ба ӌонон, ки ман,
Ӌонро хилофи маърифат баҳри ҳисомат мекунам. МАВЛОНО 


Зебуннисо Мухаммадрашрод.
1.Маснавии Маънави Мавлоно Чалолуддин Мухаммад Балхй
Бар асоси матни Р. Николсон ва мукобила бо нусхахои дигар
Нашри Замон Техрон 2001
2.Чалолиддин Румй Фихи мо фихи
Тахия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй
3.Мавлоно Чалолуддини Румй
Девони кабир
Душанбе Дониш 2007 




МУХАББАТ ДАР ТАРОЗУ НАГУНЧАД...





Мухаббат дар тарозу нагунчад…
Мухаббат, ки гох аз он ба вилояту дустй ва гох ба шароби ишку мастй таъбир мекунад,назди орифон тарозу ва меъёри хамаи аъмол аст ва худ ба хеч тарозу санчида нашавад,
аз он, ки ишкро хадду нихоят нест:

Дар наояд ишк дар гуфту шунид,
Ишк дарёе, карона нопадид….
МАСНАВЙ.

Ва хар амал, ки нишони мухаббат дар вай нест, онро дар тарозуи Хак вазне набошад, ки асли дин мухаббати Худост, чунон, ки фармуд:
«Ахли имонро тамоми дил дар ишки Худост» ( Бакара 165)

Ва боризтарин нишони мухаббат талаб аст, ки толибро ба хавои махбуб овораи куху биёбон мекунад:

Сабо ба лутф бигу он гизоли раъноро,
Ки сар ба куху биёбон ту додай маро
ХОФИЗ.

Ба ривояти Аттор, талаб водии аввал аз хафт ШАХРИ ИШК аст ва дар ин водй аст,ки чони соликро мегудозанду калби андудаи уро иксири мурод мезананд:

Чун фуруд ойи ба водии талаб,
Хар замоне пешат ояд сад талаб.
Чидду чахд ин чо-т бояд солхо,
З-он ки ин чо калб гардад холхо.
Мантик –ут- тайр.

Таъбири хукамо аз талаб хамон харакат аст, ки онро «камоли аввал
барои вусули хамаи кобилиятхо ба феълиятхо» таъриф кардаанд, яъне пеш аз вусул ба хар камол бояд аввал ба камоли харакат ороста шуд ва хар камоле нисбат ба харакат камоли дуввум аст.

Хар чи ту дори зи молу пешае,
Не талаб буд аввалу андешае.
Ту ба хар холе, ки бошй металаб,
Об мечу доиман, эй хушклаб!
К-он лаби хушкат гувохй медихад,
Ки он дар охир бар сари манбаъ равад.
Хушкии лаб хаст пайгоме зи об,
Ку ба мот орад якин, дар изтироб.
Чахд кун то ин талаб афзун шавад,
То дилат з-ин чохи тан берун равад.
Ин талаб дар ту гаравгони Худост,
З-он, ки хар толиб ба матлубе сазост.
Гуфт Пайгамбар, ки чун кубй даре,
Окибат з-он дар бурун ояд саре.
Чун зи чохе меканй хар руз хок,
Окибат андар расй дар оби пок.
МАСНАВЙ.

Тавсияи Мавлоно ин аст, ки харчанд толиб бар талаби худ ба зохир асаре набинад, бояд хамчунон ба чидду чахд идома дихад, зеро авлои нафс ин кушиши матлуб аст:

Дуст дорад ёр ин ошуфтагй,
Кушиши бехуда бех аз хуфтагй.
Гарчи рахна нест дар олам падид,
Хира Юсуфвор мебояд давид…
То кушояд куфлу рах пайдо шавад,
Суи бечои шуморо чо шавад... МАСНАВЙ

Ба рохи бодия рафтан бех аз нишастани ботил,
Ки гар мурод наёбам, ба кадри вусъ бикушам..
САЪДИ

Гарчи висолаш на ба кушиш диханд,
Он кадар эй дил, ки тавонй бикуш… ХОФИЗ

Сониян, дар тахлили нихои, талаб тачаллии матлуб аст ва ошик зухури мъшук ва лизо:

Харки ошик дидияш, маъшук дон,
К-у ба нисбат хаст хам ину хам он.
Дилбарон бар бедилон фитна ба чон,
Чумла маъшукон шикори ошикон.
МАСНАВЙ.

Мавлоно зарбулмасали маъруфи «Чуянда ёбанда аст»-ро низ бад-ин
маъно тафсир мекунад, ки чуянда дар хакикат хамон ёбанда ва талаб айни вусул ба матлуб аст.

Хама бо мост, чи бо мо, ки худ моем сар то по,
Масал гаштаст дар олам, ки чуянда аст ёбанда.. Девони Шамс

Хар ки ба чидди тамом дар хавоси мост, мост,
Хар ки чу сели равон дар талаби чуст, чуст.
Девони Шамс

Хамчунон дар хадис омадааст, ки «чун дар гавхари убудият нек бингарй,онро рабубийят бинй», зеро то аз маъбуд чизе дар обид наояд , уро обид нахонанад ва то азм дар дил тачаллй накунад, уро таъзим натавон кард.
Бинобар ин, талаб фарз аст ва чахд мачрои машияти илохй аст ва мункирони чахд худ ба хазор хилат мекушанд, то инкори худро бар курсии исбот нишонанд.
Ва хар ки гуяд: рузй мукаддар асту ниёз ба талаб нест, даъвои истигно ва бениёзй кардааст, ки муносибати шаъни инсони ниёзманд нест ва хикояти вай киссаи он марди хомтамаъ аст, ки чун дид рубохе бе дасту пой аз мондаи сайди шер рузй хурд, ба хона нишаст, то уро низ бе талаб рузй даррасад, аммо хеч рузй фуруд наёмад ва:

Чун сабраш намонд аз заифию хуш,
Зи девори мехробаш омад ба гуш:
Бирав, шерри дарранда бош, эй дагал,
Маяндоз худро чун рубахи шал!
БУСТОН

Даро чун панча дар чахон зан,
Чи чунбонй ба дастон дум чу рубох!
Девони Шамс.




БАРТАРИИ МУХАББАТ БАР ХАМАИ ИБОДОТ

Дар киёмат чун намозхоро биёранд, дар тарозу ниханд ва рузахорову садакахоро хамчунин.
Аммо чун мухаббатро биёранд, мухаббат дар тарозу нагунчад.
Пас асл МУХАББАТ аст.
Акнун чун дар худ мухаббат мебинй, онро бияфзой, то афзун шавад,
чун сармоя дар худ дидй ва он талаб аст, онро ба талаб биафзой, ки филхаракоти баракотун ва агар наяфзой, сармоя аз ту биравад.
Кам аз замин нести, заминро ба харакат ва гардонидан ба бел дигаргун мегардонанд ва набот медиханд ва чун тарк кунанд, сахт мешавад.
Пас чун дар худ талаб дидй, меою мераву мегу, ки дар ин рафтан чи фоида.
Ту мерав, фоида худ зохир гардад. Рафтани марде суи дукон фоидааш чуз арзи хочат нест. Хак таоло рузй медихад, ки агар ба хона биншинад, он даъво истигност, рузй фуру наояд.




Эй дил зи чон гузар кун, то чони чон бубинй,
Бигзор ин чахонро, то он чахон бубинй.
То нагзарй зи дунё, харгиз расй ба укбо,
Озод шав аз ин чо, то бегумон бубинй.
Аз хеш бенишон шав, то ту нишон бубинй,
Аз чору панч бигзар, дар шашу хафт мангар
Чун аз замин барои хафт осмон бубинй.
Хафт осмон чу дидй, дар хаштумин малак шав,
По бар сари макон нех, то ломакон бубинй.
Дар ломакон чу дидй, чонхои нозанинон,
Бе тан нихода сархо дар остон бубинй.
Барбанд чашми даъвй, бикшой чашми маънй,
Як дам зи худ нихон шав, Уро аён бубинй.
Эй нонихода гоме дар рохи номуродй,
Бе ранч ганчу вахдат кай ройгон бубинй.
МАВЛОНО





Зебуннисо Мухаммадрашрод.
1.Маснавии Маънави Мавлоно Чалолуддин Мухаммад Балхй
Бар асоси матни Р. Николсон ва мукобила бо нусхахои дигар
Нашри Замон Техрон 2001
2.Чалолиддин Румй Фихи мо фихи
Тахия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй
3.Мавлоно Чалолуддини Румй
Девони кабир
Душанбе Дониш 2007


ХЕШРО БАД ГУ, МАГУ ТУ КАСРО БЕШ






Пилеро оварданд ба сари чашмае,ки об хурад.
Худро дар об медиду мерамид…
У мепиндошт, ки дигаре мерамад. Намедонист, ки аз худ мерамад…
Хамаи ахлоки бад - аз зулму кину хасаду хирсу берахми ва кибр чун дар туст,
намеранчи;
Чун онро дар дигаре мебини, мерами ва меранчи…

Эй басо зулме, ки бини дар касон,
Хуи ту бошад дар эшон, эй фалон.
Андар эшон тофта хастии ту,
Аз нифоку зулму бадмастии ту.
Чун ба каъри хуи худ андар раси,
Пас бидони, к-аз ту буд он нокаси.
Маснави



Подшохи дилтанг дар лаби чуе нишаста буд. Умаро аз у харосону тарсон.
Ва ба хеч гуна руйи у гушода намешуд.
Масхарае дошт азиму мукарраб. Умаро уро пазируфтанд, ки агар ту шохро бихандони,
туро чунин дихем. Масхара касди подшох кард ва харчанд чахд мекард, подшох
ба руйи у назар намекарду сар бар намедошт, ки у шакле кунаду подшохро бихандонад;
дар чуй назар мекарду сар барнамедошт.
Масхара гуфт подшохро, ки:
-Дар оби чуй чи мебини?
Гуфт:
-Калтабонеро мебинам.
Масхара чавоб дод:
- Эй шохи олам, банда низ кур нест…
Акнун хамчунин аст: Агар ту дар у чизе мебини ва меранчи, охир у низ кур нест;
хамон бинад, ки ту мебини…



Намедонист, ки аз худ мерамад… Мавлоно халкро чун оби софу зулол мебинад
ва ба таъбири васеътар, тамоми олами берунро акси олами дарун ва олами
зохирро зухури олами ботин мешуморад. Ва хатто чехраи маргу малакулмавтро
инъикоси ботини шахс ва мутаносиб бо хулку хуи у медонад:

Марги хар кас, эй писар хамранги уст,
Ойинаи софи якин хамранги руст.
Пеши турк ойинаро хушранги аст,
Пеши занги ойина хам занги аст.
Эй, ки тарсони зи марг андар фирор,
Он зи худ тарсони, эй чон, хуш дор!
Зишт руи туст, не рухсори марг,
Чони ту хамчун дарахту марг барг.
Аз ту растаст ар накуест, ар бад аст,
Нохушу хуш хам замират аз худ аст.
Эй басо кас рафта Туркистону Чин,
У надид хеч, илло макру кин.
Эй басо кас рафта то Шому Ирок,
У надида чуз магар кибру нифок.
Пеши чашмат дошти шиша кабуд,
З-он сабаб олам кабудат менамуд.
Гар на кури, ин кабуди дон зи хеш,
Хешро бад гу, магу ту касро беш.
Дар худ ин бадро намебини аён,
Варна, душман будие худро ба чон.
Хамла бар худ мекуни, эй соламард,
Хамчу он шере, ки ба худ хамла кард.. МАСНАВИ

«МАснавии Маънавй» Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхй
«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй
«Фихи мо фихи»(мунтахаби маколот) Чалолуддини Румй. Тавзия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй.

Зебуннисо Мухаммадрашод (02.04.2012)


ДОСТОНИ ЗОХИДИ БОДИЯНИШИН



ДОСТОНИ ЗОХИДИ БОДИЯНИШИН

Зохиде буд миёни бодия,
Дар ибодат гарк чун аббодия.
Хочиён он чо расиданд аз билод,
Дидашон бар зохиди хушке уфтод.
Чойи зохид хушк буд, у тармизоч,
Аз самуми бодия будаш илоч.
Хочиён хайрон шуданд аз вахдаташ
В-он саломат дар миёни офаташ.
Дар намоз истода буд бар руйи рег,
Рег, ки аз таффаш бичушад оби дег.
Гуфтие сармаст дар сабза-в гул аст,
Ё савора бар Буроку Дулдул аст.

Гурухе ба хач мерафтанд. Дар миёни биёбон чашмашон ба зохиде афтод,
ки дар зери офтоби сузон руи регхои дог ба намоз истода буд ва чунон
гарки зикру дуоъ буд, ки ангори миёни боге пургулу сабза, руи фарши
харир карор дорад. Бодхои захрноки биёбон ба чашми у чун насими бахорй буд.
Хочихои хайратзада уро тамошо мекарданд то вакте, ки аз парастиши Худо
фориг шуд, диданд, ки дар он хавои гарму хушк об аз дасти у мечакад,
монанди, ин ки вузу гирифта аст. Аммо дар он сахрои сузон обе набуд.
Пурсиданд:
-Об аз кучо меовари?
Гуфт:
- Ин об аз осмон меояд!
Гуфтанд:
-Хар вакт бихохи меояд? Ё гох хасту гох нест?
Дарвеш дастхо бар осмон бардошт:

Чашмхоро бигшуд суйи осмон
Ки ичобат кун дуъои хочиён!
Ризкчуйиро зи боло хугарам,
Ту зи боло баргушудасти дарам.

Ногох абре падид омаду борон боридан гирифт. Хочиён машкхои худро пур
аз об карданд. Гурухе имон оварданд, гурухе хом монданд ва надонистанд
ки инсон, ки Худоро шинохт ва ба У худро хавола кард ба хар кор тавоност!

Эй намуда ту макон аз Ломакон,
«Фи-с-самои ризкукум» карда аён!Дар миёни ин муночот абри х(в)аш,
Зуд пайдо шуд чу пили обкаш.
Хамчу об аз машк боридан гирифт,
Дар гаву дар горхо маскан гирифт.
Абр меборид чун машк ашкхо,
Хочиён чумла кушода машкхо.
Як чамоат з-он ачоиб корхо
Мебуриданд аз миён зуннорхо.
Кавми дигарро якин дар издиёд,
З-ин ачаб "валлоху аълам би-р-ришод".
Кавми дигар нопазиро туршу хом,
Нокисони сармадй "тамма-л-калом".


1 Мавлоно Чалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавиӣ (Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар) таҳти назари Муҳаммади Борӣ : Нашри замон: Теҳрон-2001
2«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй. ДОНИШГОХИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН ба номи ИМОМ ТИРМИЗЙ. ДУШАНБЕ-2003



  

ИШКУ АДАБИ ОДАМ АЛАЙХИССАЛОМ ВА ГУСТОХИИ ШАЙТОН




ИШКУ АДАБИ ОДАМ АЛЛАЙХИСАЛОМ ВА ГУСТОХИИ ШАЙТОН

МАГАР, КИ ОШИК ШАВАД…

Гуфт: Тарсидам, адаб бигзоштам,
Ман хам поси онат доштам.
Хар, ки хурмат орад, у хурмат барад,
Хар ки орад к,анд, лавзина хурад. Маснавй.
***
« Ё Раб, медонистам, илло тарки адаб накардам дар хазрати Ту ва Ишк нагузошт, ки
муохида кунам».
***
Пузбанди васваса ишк асту бас,
В-арна аз васвос кай растаст кас. Маснавй.

Хуббука –ш-шай… Ишк ба хар чиз одамиро куру кар мекунад…
Халактани мин норин…

Дар Куръон, сураи Аъроф, омадааст, ки Шайтон аз сачдаи Одам сар боз заду мавриди итоб
карор гириф, ки:
-Эй Шайтон,
Чист, ки туро аз сачдаи Одам боздошт?
Гуфт:
-Ман аз у бартарам: Маро аз оташ офаридй, ва уро аз хок.
Худованд фармуд:
-Фуруд ой аз осмон, туро дар он чойи худфурушй нест, ва аз бихишт берун шав,ки бегумон дар шумори хоршудагон хохй буд.
Гуфт:
-Холи, ки рондаи даргахи Ту гаштам, то он руз, ки одамиёнро (ба подоши неку бад) барангезй, маро мухлат бахш.
Фармуд:
-Туро то он руз мухлат додем.

Дар ин чо Шайтон мазхаби чабрро бунёд ниходу гуфт:
-Чун ту худ маро ба исён барангехтй, ман низ хамаи бандагони туро игво кунаму ононро азрохи мустакими камол, ки ба суи туст, боздорам ва аз ямину ясор бар эшон дарояму чунон
кунам, ки чуз бандагони холис хеч як шукри Туро ба чой наёварад.
Худованд фармуд:
-Берун шав, ки ту рондаи даргохи ва ман ба якин чаханнамро аз ту ва онон, ки туро пайравй кунанд, пур хохам кард.

Аммо Одаму Хавво чун аз он меваи мамнуъ хурданд, мавриди хитоб карор гирифтанд, ки:
-Оё шуморо аз он дарахт, манъ накардам?
Оё нагуфтам, ки шайтон душмани ошкори шумост?
Гуфтанд:
-Эй Парвардигори мо, хамоно, ки мо (ба пайравии Шайтон) ба худ ситам кардем,
Ва агар ту бар мо набахшоию рахмат наёварй,
Бегумон аз зиёкорон хохем буд. (Аъроф, 23 ва 24)

Дар холе, ки Одам дар мадрасаи «Аллама-л-асмо» хамаи асрори илохиро омухта буду медонист, ки машияти илохй бар хурдани он мева мамнуъ будааст ва метавонист чун
фарзанди хеш, Пири Хирот бигуяд:

Илохй, агар Шайтон Одамро бадомузй кард,
Гандуми уро кй рузй кард?

Аммо чуну чаро ва бахсу мучодаларо муносиби макоми ишк надонист ва чун шайтон нагуфт:

Чаро равам? Ба чй хуччат? Чи кардам? Чи сабаб?
Биё, ки бахс кунем, эй Худои фарди вадуд. Девони Шамс

То посух бишнавад, ки:

Туро чи бахс расад бо ман, эй Fуроби Fуруб,
Агар на махс шудастй зи лаънати мавруд. Девони Шамс

Балки сар ба зер афканду гунохро ба пеш мансуб кард ва талаби маFфират намуд.
Лизо Мавлоно ба фарзандони Одам тавсия мекунад, ки дар масъалаи чабру ихтиёр равиши падарро пеш гиранд ва дар айни эътикод ба машияту такдири азалй гунохро ба худ мансуб кунанд, ки ин ба макоми Ишк муносибтару ба хакикат наздиктар аст:

Аз Падар омуз, эй равшанчабин,
«Раббано» гуфту «Аламно» пеш аз ин.
Не бахона карду не тавзир сохт,
Не навои макру хилат барфарохт.
Боз он Иблис бахс оFоз кард,
Ки будам ман сурхру, кардим зард.
Ранг ранги туст, саббоFам туи,
Асли чурму офату доFам туи.
Гуфт Шайтон, ки «Бимо аFвайтанй»,
Кард пинхон феъли худ деви данй.
Гуфт Одам, ки «Заламно нафсано»,
У набуд аз феъли Хак Fофил чу мо.
Дар гунах у аз адаб пинхон-ш кард,
Зон гунах бар худ задан у барбихвхард.
Баъди тавба гуфт: Эй Одам, на ман
Офаридам дар ту он чурму михан.
Не, ки такдиру казои ман буд он,
Чун ба вакти узр кардй он нихон?
Гуфт: "Тарсидам, адаб бигзоштам",
Гуфт: "Ман хам поси онат доштам".
Хар, ки хурмат орад, у хурмат барад,
Хар ки орад к,анд, лавзина хурад.

Ва ин хамон Адаб аст, ки Хофиз фармуд:

Гунох агарчи набуд ихтиёри мо, Хофиз
Ту дар тарики адаб кушу гу: гунохи ман аст.

Максуд аз «адаб» дар ин маком, таоруфи холй аз вокеият нест, балки адаб идроки ин нукта аст, ки вачхи интисоби амал ба мост, ки унвони гунох мегирад. Вагарна, аз ин хайс, ки Хак амалро
мукаддар кардааст, хато нест, балки айни савоб аст ва ба кавли Низомй, холе аст бар рухи инсон, ки бар зебоии у меафзояд:

Холи ассо бар рухи Одам фиканд,
Зулфи замин дар барии олам фиканд. Махзан-ул асрор.

Ин нукта дар «Маснавй» дар тавфики байни ду хадиси набавй, ки зохиран мутаориз ба назар мерасанд,
омадааст:
Хадиси аввал он аст, ки « хар кас ба куфр розй шавад кофир аст» ва мазмуни хадиси дигар
он, ки «хар кас ба казои илохй рози набошад, кофир аст».

Мушкил ин чост, ки пас чй бояд кард? Муъмин агар ба куфр розй шавад, кофир аст ва агар розй нашавад
хам, кофир хохад буд. Зеро вучуди куфр дар олам казои илохй аст ва бинобар хадис бояд бадон розй буд.
Рохи халли Мавлоно чунин аст:

Розиам ба куфр, з-он ру, ки казост,
Не аз он ру, ки низоъу куфри мост.
Куфр чахласту казои куфр илм,
Харду яксон кай бувад худ х,илму хилм?

Яъне куфри мо нишони чахли мо ва махчуб будани мо аз Хак аст.
Аммо ин, ки дар «низоми кул» вучуди куфру имон ва нуру зулмат харду такдир шудааст, аз илми
Илохй ба «низоми ахсан» сарчашма мегирад.
Ин нукта мутазамини халли мушкили чабру ихтиёр ва рафъи танокузоти зохирй дар суханони
Саъдиву Мавлоно ва Хофизу дигар урафои шомихин аст, ки аз тарафи мо:

Харчи хаст, аз комати носози беандоми мост,
Варна ташрифи ту бар болои кас кутох нест. Хофиз.
***
Нест дар доира як нукта хилоф аз каму беш,
Ки ман ин масъала бе чуну чаро мебинам. Хофиз.
***
Эй Худои поку беанбозу ёр,
Даст гиру чурми моро даргузор.
Гар хато гуфтем, ислохаш ту кун,
Муслихй ту, эй ту султони сухун! Маснавй
***
Кофиру муъмин магу, мухсину фосик мачу,
Чумла асири туанд, бар хама афзун бихон.
Кист, ки масти тунест, ишвапарасти ту нест,
Мухраи дасти ту нест, дасти карам барфишон. Девони Шамс.

Хосили сухан он аст, ки: Шайтон ва пайравони у гох чабре шаванд ба маслихате ва гох кадареву ихтиёре шаванд ба маслихати дигар. Ва инсон на чабре асту на ихтиёре, балки ахли Ишк аст
ва Ишк чабрест, ки нихояти ихтиёре аст, ки аз он гурез нест - хамчун занчире, ки ошик ба ихтиёр
бар пои худ менихад.

Бори дигар омадам девонавор,
Рав, рав, эй чон, зуд занчире биёр.
Fайри он занчири зулфи дилбарам,
Гар дусад занчир бошад, бигсилам... Маснавй.

«МАснавии Маънавй» Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхй
«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй
«Фихи мо фихи»(мунтахаби маколот) Чалолуддини Румй. Тавзия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй.

Зебуннисо Мухаммадрашод (04.02.2012)


ШАРХИ ОН ДУШМАН,КИ ДАР ЧОНИ ШУМОСТ...


ШАРХИ ОН ДУШМАН,КИ ДАР ЧОНИ ШУМОСТ…

Нимнигохе ба таърих ва аходиси Паёмбар(С) дар «Маснави»

Яке аз бузкргтарин мавлавишиносон аллома мархум Чалолиддин Хумой менависад: «Маснавии Шариф
аз чиходи чанд ба Курони Карим мушохибат дорад. Аз чумла ин, ки гурухе бад-у хидоят мечуянд ва чамъе
аз у дар залолат меафтанд ва ин худ яке аз хусусиёти авсофи Куръони Мачид аст… Ба ин карор, ки
кисмате аз оёти карима мутаалик ба умуми мардум аст… кисми дуввум махсуси пайгамбари акрам(с) аст…
кисми саввум «муташобихот» аст, ки таъвил
ва тавчехи он чуз ба Худои таъоло маълум нест.»
Нависандаи зиндагиномаи Мавлоно, Фаридун ибни Ахмади Сипахсолор менависад:
« Хидовандгори мо (Хазрати Мавлоно) ба забони муборак мефармуд: Баъд аз мо «Маснави» шайхи кунад ва
муршиди толибон гардад ва соику собики ишон бошад.»
Бархак, Маснави барои мусалмонон воситаи иршоду рахнамои гаштааст. Хар хонондаи «Маснави» аз хондани
достону киссахо ва панду насихатхое, ки аз забони паёмбарону уламои бузург баён шудааст, бахра мебарад.
Дар «Маснави» киса ва достонхо ва намунахо аз зиндаги ва панди бузургон, поёмбарон, подшоххои одил ва
уламои ислом оварда шудааст.
Хусусан дар бораи хаёт ва фаъолияти Пайгамбари бузурги Ислом Хазрати Мухаммад(С) ривоятхо оварда
ва нисбат ба макому манзалати он Хазрат ахамияти волое дода шудааст.

МАСНАВИ ВА РИСОЛАТИ МУХАММАД(С)

Мавзуъи рисолати Хазрати Расули Акрам(С) намунахо аз зиндагии он Хазрат ва истифодаю шархи хадисхои
он Хазрат(С) дар «Маснави» чойохи хосси худро дорад.
Мавлоно аз забони Расули Худо(С) мефармояд:

«Мустафо з-ин гуфт к-Одам в-анбиё,
Халфи ман бошад дар зери ливо.
Бахри ин фармудааст зу-фунун,
Рамзи нахн-ул-охирун ас-собикун»

Яъне Хазрати Мухаммад Мустафо-саллалоху алайхи ва олихи ва саллам фармудаанд, ки Хазрати Одам
ва паёмбарони дигар дар зери парчами манн ва пушти сари ман хастанд.
Дар байти дуввум мефармояд: Он сохиби камолоти мухталиф, яъне Хазрати Хатмй мартабат(С) рамзи
Хадиси «Мо пешинем, харчанд, ки ба зохир пасинем»-ро ошкор кард.
Дар достон дигаре хакикати рисолати Пайгамбари (С) ва шукуху шахомати Исломро нисбат ба
бутпарасти тавре баён мекунад, ки бутхои Макка бо шунидани номи Мухаммад(С) аз дахони пири бутпарасте,
сар хам кардан два ба сачда рафтаанд:

Ин Халимай Саъдй аз умеди у,
Омад андар зилли шохи беди ту.
Ки аз у фарзанди тифле гум шудаст,
Номи он кудак Мухаммад омадаст.
Чун «Мухаммад» гуфт, ин чумла бутон
Сарнагун гаштанду сочид он замон.
Ки бирав эй пир, ин чи чустучуст?
Он Мухаммадро, ки азли мо аз уст!
Мо нагуну сангсор оем аз у!
Мо касоду беиёр оем аз у!


…Пирамард гуфт: Эй бути Уззо, ин халима аз киблаи бани Саъд, бо умед ба назди ту омадааст.
Сабаби омадани у ба хузури ту ин аст, ки фаразнди хурдсоле аз у гум шудааст ва номи он кудак
Мухаммад(С) аст. Хамин, ки он пирамарди араб номи Мухаммадро(с) ба забон овард, хамаи бутхо
сар хам карданд, ва ба сачда афтоданд.
Бутхо ба он пирамард бо забони хол гуфтаанд: Эй пирамард, бирав аз паи кори худ, ин чи навъ чустучуе аст?
Он тифл Мухаммад аст, ки мо ба сабаби у барканору махву шикаста хохем шуд. Мо бутхо ба сабаби вучуди
у вожгун ва сангсор ва беравнаку беэътибор хохем шуд.

МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ

Дар байтхои дигар Мавлоно шахсияти бузурги пайгамбар(С), намуна ва муаллими башарият будани он Хазратро
баён мекунад ва ба мусулмонхо мефахмонад, ки хар як сахфа аз дафтари рузгори он бузургвор дарси ибрат ва
пандгири аст. Тавре, ки дар киссаи зер мехонем:

Аз сахоба хочае бемор шуд,
В-андар он беморияш чун тор шуд.
Мустафо омад аёдат суи у,
Чун хама лутфу карам буд хуи у.
Дар аёдат рафтани ту фоидааст,
Фоидай он боз бо ту оид аст…

Аз асхоби Расулуллох(С) бузурге бемор шуд ва ба сабаби бемори бисёр харобу логар шуд. Хазрати Мухаммад(С)
Ба аёдати он бемор рафтанд; зеро хую одати он хазрат саросар мехрубони ва бузургвори буд.
Мавлоно мефармояд: Дар рафтан ба аёдати бемор фоида ва савоби зиёд вучуд дорад ва он фоида ба худат боз
мегардад.
Дар мавзуъи рохнишонанда ва хидоятгарии шахсияти Паёбари Бузурги Ислом, Мавлоно байтхои зиёде дар
Маснавй эчод намудааст.
Аз чумла шархи хадисеро овардааст, ки начотдиханда ва тарбиятгари уммати мусалмон будани Расули Акрам(С)
дар он баён карда шудааст:

«Мустафо фармуд: Гар гуям ба рост,
Шархи он душман, ки дар чони Шумост.
Захрхои пурдилон хам бардарад
На равад рах, на гами коре хурад.
На дилашро тоб манад дар ниёз,
На танашро куввати руза ва намоз.
Хамчу муше пеши гурба «ло» шавад,
Хамчу барра пеши гург аз чо равад.
Андар у на хила монад на равиш,
Пас кунам ногуфтатон ман парвариш…

Хазрати Мухаммад(С) фармудаанд: Агар душмане, ки дар даруни Шумост, шарх дихам, захрахои далерон ва
баходурони Шумо низ пора шавад: на метавонанд рох бираванд ва на дар фикри коре мешаванд.
Балки мабхуту мадхуш фуру мемонанд. На дар дилашон тобу барои тазарруъу зорй мемонад ва на танашон
тавони икомаи намозу руза гирифтан дорад. Масалан, монанди муше мешавад, ки дар зери чанголи гурба несту
нобуд гардад. Ё дар масал монанди баррае мешавад, ки дар баробари гург танаш ба ларза меафтад.
Бинобар ин, барои инсон на тадбире мемонад ва на харакату чунбише.
Пас манн бе он, ки аз душмани дарунй сухане дар миён оварам, Шуморо тарбият мекунам, ки чи сон бояд аз он
бархазар бошед.
Дар байтхои боло ишора ба хадиси Пайгамбар(С) аст, ки мефармоянд:
«Агар бидонед он чи донам бегумон фаровон бигирйед ва андак хандед ва сар ба биёбонхои хушку беалаф нихед
ва ба даргохи Худо бинолед ва надонед, ки оё растагор шавед ё нашавед.

ТАВОНИИ ШАХСИ БОИМОН

Мавлоно дар достони дигаре аз забони Расулуллох(с) бузургиву кудрати тавоноии шахси муъминро чунин баён мекунад:

«Мустафо фармуд аз гуфти чахим:
К-у ба муъмин лабогар гардад зи бим.
Гуядаш бигзар зи ман, эй шох, зуд,
Хин, ки нурат сузи норамро рабуд!
Пас, халоки нор нури муъмин аст,
З-он, ки бе зид дафъи зид ло юмкин аст.
Нор зидди нур бошад рузи адл
К-он зи кахр ангехта шуду ин зи фазл.
Гар хамехохй ту дафъи шарри нор
Оби рахмат бар дили оташ гумор…»

Хазрати Мухаммад Мустафо(С) дар бораи гуфтори дузах, ки дузах аз тарси муъмин фигон мекунад.
Дузах ба муъмин мегуяд: Эй шохи дин! Аз манн зуд бигзар ва огох бош, ки нури ту сузандагии оташи маро хамуш
ва фарсуда созад.
Пас натича мегирем, ки нобудии оташи дузах ба василаи нури муъмин сурат мегирад: зеро зидро наметавон дафъ кард,
магар ба василаи зидди худаш. Дар рузи додгарй, оташ зидди нур аст; зеро оташ, мазхари кахри худост ва нур мазхари
лутфи Худо.
Агар ту мехохи, ки шару озори оташро аз вучудат дафъ кунй, ба дили оташ оби рахмат чори кун…
Ахлоки инсони ва малакути Расули Худо(С) дар замони кутохе ончунон густариш ёфт ва дар дили мусалмонон реша
Давонид, ки аз хеч чиз дуруст кард. У кахрамони бузурги илохй буд, ки тавонист бо ин неру кабилахои пароканда ва
вахшии арабро муттахид созад ва куфро ба имон, бутпарастиро ба тавхид, бекорагиро ба кору кушиш, худхохиро ба
инсондусти табдил дихад.
Дар «Маснавии Маънави» Мавлоно Чалолуддини Руми ба хакконияти ин мавзуъ ахамияти хосса додаст ва Паёмбари
Бузурги Исломро ба мусалманон, пайравон ва дусторони Мухаммад(С) ва хонадони покаш ба таври возех шиносонидааст.

Бо умеди ошноии бештари чавонони баруманди Точикистон аз осори гаронбахои ниёгон-билхусус «Маснави»-и
Мавлоно Руми - Ва ободиву гулгулшукуфии диёри азизиам, илтимоси дуо дорам…

«МАснавии Маънавй» Мавлоно Чалолуддини Балхи
«Сорбони ишк»-1999 Абдулло Рахими
«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй