воскресенье, 6 мая 2012 г.

МО ХАР ДУ ЯКЕ БОШЕМ...




ПЕШИ У ДУ «АНО» НАМЕГУНЧАД

Пеши у ду «ано» намегунчад…Чавхари таълимоти орифон хамин як сухан аст, ки агар хохи ба Хак раси, ту дар миён мабош, ту ризои худ дар ризои у махв гардон ва дар у фони шав:

Он яке омад дари ёре бизад,
Гуфт ёраш: «Кисти, эй муътамид?»
Гуфт: «Ман», гуфташ: «Бирав хангом нест,
Бар чунин хоне макоми хом нест,
Хомро чуз оташи хичру фирок,
Ки пазад, ки ворахонад аз нифок?
Чун туйи ту хануз аз ту нарафт,
Сухан бояд туро дар нори тафт.»
Рафт он мискину соле дар сафар,
Дар фироки ёр сузид аз чигар.
Пухта шуд он, сухта, пас бозгашт,
Боз гирди хонаи анбоз гашт.
Халка бар дар зад ба сад тарсу адаб,
То биначхад бе адаб лафзе зи лаб.
Бонг зад ёраш, ки «бар дар кист он?»
Гуфт: «Бар дар хам туи, эй дилситон!»
Гуфт: «Инак чун мани, эй ман даро,
Нест гунчои ду ман дар як саро.»

Ин хамон сирри ишк аст, ки акл дарнамеёбад ва харчанд бе тарсу бе харос ба хазор забон баён шудааст, хамчунон аз дидаи окилон пинхон аст, ки чи гуна метавон аз миён бархост ва боз дар миён буд:

РОЗ ЧУ БО РОЗДОН АНБОЗ НЕСТ,
РОЗХО ДАР ГУШИ МУНКАР РОЗ НЕСТ. Маснави

Инак намунае аз он хазор забон дар баёни он як нуктаи номукаррар:

БОРИ ДИГАР АЗ ДИЛУ АЗ АКЛУ ЧОН БАРХОСТЕМ,
ЁР ОМАД ДАР МИЁН, МО АЗ МИЁН БАРХОСТЕМ. Девони Шамс

ДАР ВАХДАТИ МУШТОКИ МО ХАРДУ ЯКЕ БОШЕМ,
ЛЕКИН ЧУ БА ГУФТ ОЕМ, ЁРИ МАНУ ЁРИ ТУ.

ГУФТ ЛАЙЛОРО ХАЛИФА: «ОН ТУИ,
К-АЗ МАЧНУН ШУД ПАРЕШОНУ ГАВИ.
АЗ ДИГАР ХУБОН ТУ АФЗУН НЕСТИ!»
ГУФТ: «РАВ, РАВ, ЧУН ТУ МАЧНУН НЕСТИ.
БОХУДИ ТУ, ЛЕК МАЧНУН БЕХУД АСТ,
ДАР ТАРИКИ ИШК БЕДОРИ БАД АСТ.» Маснави

Ин худ ва фиръавният, ё «ано» ба сад таъбири дигар низ баён шудааст, ки сирри он махрамон донанд аз чумла: хирка, хасти, пирахан, бедори, хушёри, зухд ва саломат, илму акл, салохкор, хор, губори тан, нафс, дев, шайтон ва гайра.

Ду мургро бар хам банди… Дар «Маснави» низ ин тамсил дар баёни максуди дигаре омадааст:

ГАР ДУ СЕ ПАРРАНДАРО БАНДИ БА ХАМ,
БАР ЗАМИН МОНАНД МАХБУС АЗ АЛАМ.

Бандае аз бандагони хак…Бинобар ривояти Афлокй дар «Манокиб- ул- орифин», ин бандаи хос Шамси Табрези аст, ки худро дар рохи дустии Мавлоно фано кард. Зайлан яке аз ду ривояти Афлокй дар ин боб ба накл ва хавошии мархум Фурузонфар бар « Фихи-мо фихи» дарч мегардад.
…Ибтидои хикояти Мавлоно Шамси Табрези, аззамаллоху зикрах, ончунон аст, ки дар шахри Табрез муриди шайх Абубакри Табрезии занбилбоф буд.
Ва он бузурги дин дар вилоят ва кашф-ул-калб ягонаи замони худ буда ва Хазрати Шамсуддини Табрезиро макомату мартабат бад-он чое расида буд, ки уро намеписандид ва аз он макоми оли макоме мечуст, то аз баракати сухбати он аъло у азимтар шавад ва ба дарачоти акмалият иртико ёбад. Ва дар ин талаб солхо бе сару по гирди олам мегашту саёхат мекард, то бад-ин номи машхур расид,ки « шамси парранда» хонданди. Магар шабе сахт бекарор шуда, шурхои азим фармуд ва аз сагроки тачаллиёти кудси маст гашта, дар муночот гуфт, ки:
-Худовандо, мехохам аз махбубони мастури худ яке ба ман намой.
Хитоби иззат даррасид, ки ончунон шахидони мастуру вучуди пурчуди магфур, ки истидъо мекуни, хамоно ки фарзанди дилбанди султони уламо, Бахоивалади Балхи аст.
Гуфт:-Худоё, дидори мубораки уро ба ман намой.
Чавоб омад, ки:- Шукрона медихи?
Фармуд, ки сарро.
( Маснавии Маънави, Фихи мо фихи. Мавлоно Чалолуддини Балхи. Тахия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаватки)

Комментариев нет:

Отправить комментарий