воскресенье, 6 мая 2012 г.

ФОЛИ БАД РАНЧУР ГАРДОНАД ХАМЕ...




ДОСТОНИ УСТОДЕ, КИ БА ВАСВАСАИ ШОГИРДОН БЕМОР ШУД

Кудакони мактабе аз сахтгирии устоди тундхуи худ ба танг омада буданд. Ба фикр афтодаанд, ки чорае биандешанд, то чанд рузе мактаб баста шавад. Зирактарини шогирдон гуфт:
-Бояд устод бемор шавад, то мо аз зиндону озори у осуда шавем. Дигарон гуфтанд:
-Ин мард монанди санги хоро бар чой истода аст, харгиз бемор намешавад.
Кудаки бохуш гуфт:
-Чора ин аст, ки ман фардо субх, ба у хохам гуфт:
-Устод! Чаро рангу руятон парида? Магар, Худой накарда, бемор шудаед? Пас аз ман, хар касе ба мадраса меояд, бояд ба навъе аз нохуши ва рангпаридагии у харф бизанад, то хаёли у парешон ва табъаш нохуш гардад. Кам-кам, вокеан, нохуш мешавад!
Хама райъи уро писандидиданд.

Он яке зирактар ин тадбир кард,
Ки бигуяд: « Усто! Чунй ту зард
Хайр бошад, ранги ту бар чой нест,
Ин асар ё аз хаво ё аз табест».
Андаке андар хаёл афтад аз ин,
Ту бародар! Хам мадад кун инчунин.
Чун дарои аз дари мактаб бигу:
«Хайр бошад, усто! Ахволи ту!?
Он хаёлаш андаке афзун шавад,
Ки аз хаёле окиле мачнун шавад…».
Ройи он кудак бичарбид ах хама,
Акли у дар пеш мерафт дар рама.
Он тафовут хаст дар акли башар,
Ки миёни шахидон андар сувар.
З-ин кибал фармуд Ахмад дар макол:
«Дар забон пинхон бувад хусни ричол».

Фардо хамин корро кардандд ва хар кас устодро дид, дилсузи кард, ва аз нохушии у чуё шуд.

Бардамид андешае з-он тифли хурд,
Пири бо сад тачриба буе набурд!

Устод гуфт:
- Ман нохушие надорам, бехуда магуед. Вале исрори навомадахо ба табъи у кам –кам таъсир кард ва хаёлаш парешон гардид.
Бадгумон шуд ва андак андак фикри нохуше уро машгул дошт. Окибат то холи зор аз чо бархост, мактабро баст, ру ба хона ниход.
Аммо кудакон аз думболи у ба хонааш рафтанд ва дар рох дилдори медоданд, ки Худованд уро дармон хохад кард.
Устод, ки ба хона расид ба занаш фарёд зад, ки чаро бомдод уро аз рангпаридаги хабар накардааст?
Зан гуфт:
-Ту нохуш нести, ранги чехраат шаходат медихад.
Мард гуфт:
-Ман аз бемори меларзам, ту мегуи нохуш нестам!
Зан пеши худ гуфт: - У нохуш нест, аммо агар гуям «нохуш нести» намепазирад ва агар бигуям «хасти» нохуш хохад шуд.

Фоли бад ранчур гардонад хаме,
Одамиро, ки набудасташ гаме.
Кавли пайгамбар «Кабулу юфразу,
Ин таморазтум ладайно тамразу».

Устод хобид ва кудакон гирдогирдаш ба дарс хондан нишастанд. Кудаки зирак охиста ба дигарон гуфт:
- Бехтар аст бо садои баланд дарс бихонем, балки моро ба хона чавоб дихад.
Хама хамин корро карданд. Кудаки зирак фарёд кашид:
- Баланд садо накунед, холи устод бадтар мешавад!
Устод гуфт:
- Рост мегуяд. Шумо ба хонахо биравед, то холи ман бехтар шавад.

Пас бурун частанд суи хонахо,
Хамчу мургон дар хавои донахо.

Ва шоду хушхол ба хонахои худ рафтанд. Модаронашон гамгин шуданд, ки чаро мактабхона таътил шудааст? Кудакон гуфтанд:
-Устод бемор аст.
Аммо модархо бовар накарданд ва хама фардо ба дидорбинии у рафтанд. Диданд, ки дар хакикат нолону нохуш дар рахти хоб афтодааст. Аз холаш чуё шуданд.
Занаш гуфт:
- Аз зиёдии кор бемор шуда ва худаш хабар надоштаасту дируз кудакон ба холи зораш пай бурдаанд! На у ва на модарон огох нашуданд, ки ин кудакон буданд, ки уро ба нохуш шудан водор карданд ва бовар кунонданд, ки вокеъан нохуш аст. Хеч кас ба кори зираконаи онхо пай набурд, ки бо харакатдихии ВАХМУ ХАЁЛ устодро бемор кардаанд, ва ба ин бадбахти андохтанд.
БИСЁРИИ НОХУШИХОРО ИНСОНХО ДАР ХАЁЛУ ВАХМИ ХУД МЕСОЗАНД ВА БО ИН ТАСАВВУРХО НОХУШ МЕГАРДАНД… Хикоёти Маснави ( бо кушиши Ахмад Нафиси)

Комментариев нет:

Отправить комментарий