воскресенье, 15 января 2012 г.

ДОН, КИ ГУШИ ГАЙБГИРИ ТУ КАР АСТ...


ДОН,КИ ГУШИ ГАЙБГИРИ ТУ КАР АСТ…
Достони дидорбинии марди кар аз хамсаояи бемораш
Ба марде, ки гуши ношунаво дошт, хабар додаанд,ки хамсояаш бемор шудааст ва хабар гирифта уро дилаш хуш кунад. Марди кар ба худ андешид,ки дидорбинии хамсояи бемор вочиб аст. Аммо чун гуши худаш намешунид, дармонд, ки хангоми ахвалпурси чи бигуяду бо бемор чи гуна гуфтугу кунад. Пас аз фикри зиёд ба назараш расид, ки бар табки одат аз бемор мепурсанд:
«Холат чи тавр аст?» Ва у хохад гуфт:
«Бад нест.» Дидоркунанда бояд бигуяд: «Худоро шукр.»
Баъд, табъан, бояд пурсид: «Чи хурдаи ва табиб чи доруе додааст?» 
Ва бемор хохад гшуфт, ки «фалон шароб ва даво», ки дар баробари он бояд гуфт, ки «Нуши чон ва Худо онро гуворо кунад» ва дар охир бояд албатта пурсид : «Табиби Шумо кист?» У номи табибро хохад гуфт. Ва ман бояд бигуям –« Кадамашон муборак бошад.»
Бо ин киёсу пешбини марди кар ба хонаи бемор рафт. Чун аз дар даромад, саломе гуфту он гох:
Гуфт: «Чуни?», гуфт: « Мурдаам.» Гуфт: «Шукр»,
Шуд аз ин, ранчур пурзору нукр.
К-ин чи шукр аст? У магар бо мо бад даст?
Кар киёс карду он каж омадааст.
Баъд аз он гуфташ: «Чи хурди?» Гуфт:«Захр»,
Гуфт: «Нушат бод». Афзун гашт кахр.
Баъ аз он гуфт: «Аз табабон кист у,
Ки хамеояд ба чора пеши ту?»
Гуфт: «Азроил меояд. Бирав»,
Гуфт: «Пояш пас муборак. Шод шав.»
Кар бурун омад, бигуфт у шодмон:
«Шукр, к-иш кардам муроот ин замон».
Гуфт ранчур: « Ин адувви чони мост,
Мо надонистем, ки у кони чафост».
Пас аз ин ахволпурси, кар шодмон аз ин, аз хамсояи беморро иёдат карда, дили уро хам шод намудааст, бидуни таваччух, ба норохатии бемор, равонаи хонаи худ шуд. У хушхол буд, ки вазифаи хамсоягиро ба чо авардааст, гофил аз он ки чун пурсишу посух бар хилофи тасаввури ношунаво, бар киёсе, ки андешида буд, хуб баромад. Марди бемор уро душмани худ донистааст.
Чун иёдат бахри дилороми аст,
Ин иёдат нест, душманкоми аст.
Хоча пиндорад, ки тоъат мекунад,
Бехабар к-аз маъсият чон меканад!
Бар ин минвол аст ахволи мардуме, ки ба пиндори худ бо дигарон рафтор мекунанд ва аз аксулъамали дигарон хабар надоранду ба худбиние, ки доранд, гумону пиндорро бо хакикат яке мепиндоранд. Мавлави мегуяд, ки нахустин кас, ки киёсу пиндорро дар баробари каломи муътабар аслу хакикат карор дод, шайтон бувад. Он гох, ки Худованд Одамро офариду ба фариштагон амр кард, ки ба у таъзим кунанд. Аммо шайтон, ки низ худ фаришта буд ба ин гумон, ки асли у оташ асту бунёди Одам аз хок ва хок аз оташ пастар аст, аз фармони Худованд саркаши карду ба ин сабаб рондаи Даргох шуд. Худо фармуд, ки аслу насаб мавриди таваччух нест, балки бартари бо пархезкорон аст. Ин расми чахон аст, ки хар фарзанде аз падару модар ирс мебарад. Барои пайдо кардани Кибла дар рузи абри ё шаби тор, метавон даст ба домани киёс шуд, вале дар рузи равшан дар баробари Кибла масъалаи киёс матрах нест. Набояд дар асоси вахму хаёл ба гурур афтод, ё бо як гумон дар хакки дигарон бадгумон шуд. 
Бар бадии бадон бубахшед ва аз худбинию миннат бипархезед. 
Бо гуфтаи хакими солук хамон чо, ки шароб хурдаи бихоб, зеро ки маст аз майхона берун рави, бозичаи кудакон хохи шуд. Халк хамаги кудаконанд, гайри аз онхое, ки масти бодаи худои бошанд ва аз доми хавас раста.
Гумон харгиз касеро аз хакикат бениёз намекунад.
(Хикоёти Маснави, Ахмад Нафиси.)

Комментариев нет:

Отправить комментарий