Бишнав аз най чун хикоят мекунад,
Аз чудоихо шикоят мекунад,
К-аз найистон то маро бибридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хохам шарха - шарха аз фирок,
То бигуям шархи дарди иштиёк,
Хар касе,к-у дур монд аз асли хеш,
Боз чуяд рузгори васли хеш.
Ман ба хар чамъияте нолон шудам,
Чуфти бадхолону хушхолон шудам,
Хар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман начуст асрори ман.
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гушро он нур нест.
Тан зи чону чон зи тан мастур нест,
Лек касро диди чон дастур нест.
Оташ аст ин бонги нойю нест бод,
Хар ки ин оташ надорад, нест бод!
Оташи ишк аст, к-андар най фитод,
Чушиши ишк аст, к-андар май фитод.
Най харифе хар, ки аз ёре бурид,
Пардахояш пардахои мо дарид.
Хамчу най захреву тарёке ки дид?
Хамчу най дамсозу муштоке ки дид?
Най хадиси рохи пурхун мекунад,
Киссахои ишки Мачнун мекунад.
Махрами ин хуш чуз бехуш нест,
Мар забонро муштари чуз гуш нест.
Дар гами мо рузхо бегох шуд,
Рузхо бо сузхо хамрох шуд.
Рузхо гар рафт, гу: «Рав бок нест.
Ту бимон, эй он, ки чун ту пок нест».
Хар ки чуз мохи зи обаш сер шуд,
Хар ки берузист, рузаш дер шуд.
Дарнаёбад холи пухта хеч хом,
Пас сухан кутох бувад, вассалом!
Банд бугсил, бош озод, эй писар!
Чанд боши банди симу банди зар?
Гар бирези бахрро дар кузае,
Чанд гунчад кисмати якрузае?
Кузаи чашми харисон пур нашуд,
То садаф конеъ нашуд, пурдур нашуд.
Хар киро чома зи ишке чок шуд,
У зи хирсу айб кули пок шуд.
Шод бош, эй ишки хушсавдои мо!
Эй табиби чумла иллатхои мо!
Эй давои нахвату номуси мо!
Эй ту Афлотуну Чолинуси мо!
Чисми пок аз ишк бар афлок шуд,
Кух дар ракс омаду чолок шуд!
Ишки чони Тур омад, ошико!
Тур масту «харра Мусо соико».
Бар лаби дамсози худ гар чуфтаме,
Хамчу най ман гуфтанихо гуфтаме.
Хар ки у аз хамзабоне шуд чудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.
Чунки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнави з-он пас зи булбул саргузашт.
Чумла маъшук асту ошик пардае,
Зинда маъшук асту ошик мурдае.
Чун набошад ишкро парвои у,
У чун мурге монд бепар, вои у.
Ман чи гуна хуш дорам пешу пас,
Чун набошад нури ёрам пешу пас.
Ишк хохад, ки ин сухан берун бувад,
Ойина гаммоз набвад чун бувад?
Ойина-т дони чаро гаммоз нест?
З-он ки зангор аз рухаш мумтоз нест.
Мавлоно «Маснави»-ро бо ин китъаи зебо огоз мекунад. У достони найро, ки аз наистон бурида шуда ва аз ёрони худ чудо мондааст, бо шеваи начиб боён мекунад.
Най менолад ва бар дури аз найзор ва найхои дигар зори мекунад ва навои сузноки худро, ки хикоят аз дур мондан аз хона, Ватан. хонавода, аслу табори хеш аст, сар медихад ва ба гуши дигарон мерасонад.
Хамаи мавчудот дар паи асли хеш дар шитобанд. Хама гирди асли худ мегарданд ва агар дур афтанд ба нола дар меоянд.Чушишхо ва кушишхо барои ин аст,ки ба «Асл»-и хеш баргардем ва най ин орзу ва хохишро бо навои дилнишин ба гуши хама мерасонад.
Ин киса, ки дар мукаддимаи «Маснави» аст, гуётарину зеботарин гуфторхои Мавлоност!
Ин кисса ба хакикат <b>фарёди хамуши калби хамаи инсонхои худочуст, ки бар ёду Парвардигу бихишти гумшуда меноладу менолад.</b>
Робитаи инсон ва Худо аз мавзуъхои асосии «Маснавии маънави» буда, бо шевотарин тасвирхо ва хаёлбандихо матрах гардидааст. («Хикоёти Маснави» бо кушиши Ахмад Нафиси.)
Бо арзи салом ва ташаккур , дасти гулат дард накунад хохар!
ОтветитьУдалитькумак кардеен!
Рахмати калон хохари азиз
ОтветитьУдалитьОгромное спасибо
ОтветитьУдалитьРахмат
ОтветитьУдалитьРахмати калон кумаки сахт каден
ОтветитьУдалить