
Хеч медони чи мегуяд рубоб?
З- ашки чашму чигархои кабоб.
Турку румиву араб гар ошик аст,
Хамзабони уст ин бонги савоб…
…Нагмаи дилангез дорад рубоб!
Эхтимол к,авитарин дилбастагияш дар гетй навои рубоб буд.
Аз хамин гоят у шеър эчод менамуд, ки маъниро комилтар ифшо намояд, чунки сухани мансур харгиз маъниро пурра намегунчонад.
Хеч чиз ба чуз ромишу арFушт дар олам нуруи дар рух,и инсон нихонро озодй нахохад бахшид, уро аз чузъиёти рузгор, аз ташвишхои рузмарра барканор нахохад дошт.
У мудом бо толибилмонаш гушзад мекард, ки «мунокишаи уламо аглаб миёни мардум тафрика бор меорад, вале арFушт ва навозиш чизи бехамтост дар дунё, ки тавхиди бани одамро тавзех менамояд».
Эшон наку медонистанд, ки хангоми самоъ баробари холоти собитии рухонй, ба солик авзои лахзагие мисли вазиши бод вахй мешавад. Ин вазъиятро онон Х,ОЛ ва юнониён ЭКСТАЗ меномиданд, ки имруз мо илхом меномем.
Х,ОЛ дар тафовут аз макомот, ки атоест бар бадали фидокорихои мадиду шока, илова бар ин ба саъю кушиш ё иродати солик новобаста аст, хамчунон ба илхом низ иртиботе надорад, ба вучуди он ба касе муяссар мегардад, ки афкору андешаяш ба суи хадафи вохид мутавачех бошад. Доноёни олии рухи бани Одам, машоихи шахир муътакид буданд, ки такрибан ромиш василаи танхоест, ки инсон ба Х,ОЛ такоруб пайдо намояд.
Мусика ва рубоби дилангез ба Чалолиддин кумак менамуданд, ки на танхо бо хирад, бал бо кулли хасти, бо мардумон ва олам бипайвандад, хештанро сохибкудрат дарёбад. Инсонро комил ва хамтои парвардигор тачассум созад.
...Навои хафаи рубоб аз кучое ба гуш мерасид.
Пилтаи шамъ чарс чарс кард ва фуруги чарог ларзид.
Чалолуддин дарк намуд, ки дар паси пардахои зулмонй дар умки калбаш илхом ангеза мекунад, даст ба микроз, ки таги шамдон буд, бурд ва гарди сухтаи шамъро бардошт…
Ангеза аст самоъ. Вале махбус дар зиндон ангезаро нашояд: ромиш бори дигар асорати уро хотирнишон менамояд. Агар шахсе дар бустон бихобад, бигузор кобус бибинад, бо сурур бармехезад. Наво бахри шодиву сурур аст, на бахри мотам.
«Кулли суфиён хатто шоирони бузург Саноию Аттор аз фирок бештар нолидаанд. Мо зи висол харф мезанем. Фаркаш дар хамин».
Чалолуддин дар солхои зисташ навои най ва рубоби муганниёнро бидуни шабху шубха бештар шунидааст. Замоне фардеро аз шогирдони у аспи чубинсавор мебаранд, пеш-пеши тобуташ хофизону кориён, ромишгарону муридон аргуштравону шеъри устодро замзамакунон мерафтанд, чунки дар наъш на танхо мусалмон, балки ОШИК хуфтааст. ОШИКИ АБАДЗИНДА.
«На аз фирок, бал аз висол аст сухани мо!»
Ва чун аз висол харф зади, бибояд хама марохили фирокро тай намои…

Хеч медони чи мегуяд рубоб?
З-ашки чашму аз чигархои кабоб.
Юсуфеам, дур монда ман зи гушт,
Чун нанолам дар фироку дар азоб.
Чуб хам гуяд будам ман шохи сабз,
Зини ман бишкасту бидрид он рикоб.
Мо гарибони фирокем, ай шахон,
Бишнавед аз мо «илллалохи-л-маоб».
Хам зи Хак рустем аввал дар чахон,
Хам бад-у вомеравем аз инкилоб.
Турку румиву араб гар ошик аст,
Хамзабони уст ин бонги савоб.
Бод менолад, хамехонад туро,
Ки биё андар паям андар чуйи об.
Об будам бод гаштам омадам,
То рахонам ташнагонро з-ин сароб.
Ошико, камтар зи парвона найи
Кай кунад парвона зи оташ ичтиноб?!
Шох дар шахр аст, бахри чугд ман
Кай гузорам шахру кай гирам хароб?!...
Радий Фиш.Чалолиддини Руми, (роман). Рузгори одамони начиб.