воскресенье, 10 июня 2012 г.



















... من از كجا عشق از كجا
ای عـاشقان اي عـاشقان
من از كجا عشق از كجا
اي بيـــدلان اي بيـــدلان
من از كجا عشق از كجا





ЭЙ ОШИҚОН, ЭЙ ОШИҚОН МАН ХОКРО ГАВҲАР КУНАМ

Эй ошиқон эй ошиқон ман хокро гавҳар кунам,
Эй мутрибон, эй мутрибон, даффи шумо пурзар кунам.
Эй ташнагон, эй ташнагон, имрỷз сакқойи кунам,
В-ин хокдони хушкро ӌаннат кунам, кавсар кунам.
Эй бекасон, эй бекасон, ӌоъалфараӌ, ӌоъалфараӌ,
Ҳар хастайи ғамдидаро султон кунам, санӌар кунам.
Эй кимиё, эй кимиё, дар ман нигар зеро, ки ман,
Сад дайро масӌид кунам, сад дорро минбар кунам.
Эй кофарон , эй кофарон қуфли шуморо во кунам,
Зеро, ки мутлақ ҳокимам, мỷъмин кунам, кофар кунам.
Эй булало, эй булало, муми ту андар каффи мо,
Ханӌар шави, соғар кунам, соғар шави, ханӌар кунам.
Ту нутфа будй, хун шуди в-он гаҳ чунин мавзун шудй,
Сỷйи ман о, эй одамй, то з-инт накỷтар кунам.
Ман ғуссаро шодй кунам, гумроҳро ҳодй кунам,
Ман гургро Юсуф кунам, ман заҳрро шаккар кунам.
Эй сардеҳон, эй сардеҳон, бикшодаам з-он сар даҳон,
То ҳар даҳони хушкро ӌуфти лаби соғар кунам.
Эй гулистон , эй гулистон, аз гулистонам гул ситон,
Он дам, ки райҳонҳотро ман ӌуфти нилуфар кунам.
Эй осмон, эй осмон ҳайронтар аз наргис шавй,
Чун хокро анбар кунам, чун хорро абҳар кунам.
Эй аҳли кулл, эй аҳли кулл, ту ҳар чй гуфтй, содиқй,
Ҳоким туйи, Ҳотам туйи, ман гуфтугу камтар кунам…



Ишқи ту мунодое ба олам дорад……
Назди орифон ҳастй аз шуҳуди ӌамоли хеш айни мастй аст ва мастй айни ростй ва ростй айни зебойиву зебойи муӌиди ишқ
ва ишқ восита дар ҳузури офариниш аст.


Дар азал партави ҳуснат зй таӌаллй дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад. Ҳофиз.

Ва аз маӌмỷаи суханони ошиқони Ҳақ чунин бармеояд, ки Ишқ таҳакқуки чаҳор орзуи дерини башар, яъне кимиё, нỷшдору, меҳргиёҳ ва иксири ӌавонй аст.
Кимиёст, зеро миси ҳастию худпарастиро ба тиллои фано ва ҳакчӌỷйй бадал мекунад.
Мақсуд аз ин фано нафйи нуқсонҳо ва найл ба камоли мутлақ аст, ки ҳукамо аз он ба нафйи моҳият ва истиғроқ дар баҳри ҳастй таъбир мекунанад:


Даст аз миси вуӌуд чу мардони раҳ бишỷй,
То кимиёи ишқ биёбиву зар шавй. Хофиз.

Гуянд, рỷйи сурхи ту, Саъдй чй зард кард?
Иксири ишқ бар мисам афтод, зар шудам. Саъдй.

Ва ба ҳақиқат кимиёи зарпарастон дар пеши кимиёи ишқ ба ҳайрат аст, ки ин ӌо марг ба зиндагиву ғам ба шодй ва хок ба гавҳари волои инсонй бадал мешавад:

Эй ошиқон эй ошиқон ман хокро гавҳар кунам,
Эй мутрибон, эй мутрибон, даффи шумо пурзар кунам.
Эй ташнагон, эй ташнагон, имрỷз сакқойи кунам,
В-ин хокдони хушкро ӌаннат кунам, кавсар куна
Ту нутфа будй, хун шуди в-он гаҳ чунин мавзун шудй,
Сỷйи ман о, эй одамй, то з-инт накỷтар кунам…

Ва ишқ нỷшдору ва шифобахши ҳамаи дардхост, зеро ҳамаи дардҳо аз «худ» ва ҳавои «дил» ношй мешавад, ки матоъи тафриқаву мояи ӌангҳост:
Матоъи тафриқа дар кори мо ҳамин дил буд,
Худош хайр диҳад, хар ки ин рабуд аз мо…


Зеро ҳазор танро ҳазор дил бошаду ҳар дилеро майле ва орзуи дигар, аз бархỷрди ин орзуҳо ҳазорон кинаву ҳасад ва садҳазорон фитнаву ошỷб падид ояд…
Аммо агар ҳамагй хиркаи амният дар майхонаи ваҳдат гарав кунанду ба шароби Ишқ аз «худ» «бехуд» шаванд, ҳамаро як дилеву як дилдор ва як соқию як хумор хоҳад буд.
Ва онон, ки пеш аз ин дар ӌангали танозỷъи бақо ҳарифони разм буданд, инак дар гулшани тавҳид рафиқони самоъ хоҳанд буд. Ва бад-ин сон ба сафои ишқ дурдҳо софй шавад ва
қудуратҳо аз миён бархезад ва ба як нỷшдору ҳамаи дардҳо дармон гардад:


Марҳабо, эй ишки хушсавдои мо,
Эй давои ӌумла иллатхои мо.
Эй давои нахвату номуси мо,
Эй ту Афлотуну Ӌолинуси мо.
Ҳар кироӌома зи ишқе чок шуд,
У зи ҳирсу айб куллй ПОК шуд!!! Маснавии маънавй

Ва Ишқ меҳргиёҳе аст, ки ҳар кас аз он бихỷрад, маҳбуби ҳамагон шавад ва сирри
маҳбубияти муҳибони Ҳак ва салтанати эшон бар дилҳои орифу омй ҳамин аст:


Дилнишин шуд суханам то ту қабулаш кардй,
Оре, оре сухани Ишқ нишоне дорад. Ҳофиз.

Меҳрубонй зи ман омỷзу гарам умр намонд,
Зи сари турбати Саъдй биталаб меҳргиёҳро. Саъдй.

Турбати Саъдй ҳамон ашъори ỷст, ки иксири Ишк асту хосияти меҳргиёҳ
дорад. Ва низ Ишқ иксири чавонй ва оби ҳаёт аст, ки кас нỷшад, умри абад ёфт:


Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба Ишқ,
Сабт аст бар ӌаридаи олам давоми мо. Ҳофиз.

Ин бақои ӌовидон танҳо дар фанои Ишқ муяссар аст, ки хирмани амниятҳои парокандаро месỷзонад ва хокистари онро бар боди бениёзй медиҳад, зеро ки ба забони диёнат:
Худованд Самад асту аз ҳамаи оламиён мустағнй аст ва ба гуфтаи ҳукамо:
Вуӌуд аз моҳиятхо мубарросту моҳиятҳо ҳама дар мартабаи истиво байни вуӌуду
адам дасти ниёз ба сỷи вуӌуд доранд…,
ба тамсили шоирон:
Дарёи ҳастиро ниёзе ба амваӌ нест, балки амвоӌ айни эҳтиёч ба обанду фанои ҳубоб дар об айни бақои ỷст.
Ин аст сирри он, ки ошиқону муштоқони Ҳак барои сỷхтан дар оташи Ишқ ва хокистар
шудану бар боди бениёзй рафтан бар якдигар сабқат мегиранд ва:


Лутфи бепоёни ỷ чандон, ки ошиқ мекушад,
Зумраи дигар ба Ишқ аз хок сар бармекунанд. Ҳофиз.

Ва ин аст сирри иштиёқи Мавлоно ба исори ӌон, ки дар базми ӌонон гуфт:

Нидо баромад имшаб, ки ӌони кист фидо?
Биӌаст ӌони ман аз ӌо, ки нақд бистонед!
Ҳазор нукта навиштааст ишқ ба рỷям,
Ба хуни дил, ки агар ошиқед бархонед!
Ки ишқ боғи тамошост, гар малул шавед,
Ҳавош маркаби тозист гар фурỷ монед. Девони Шамс.


 
Зебуннисо Муҳаммадрашрод.
1.Маснавии Маънавй. Мавлоно Ӌалолуддин Муҳаммад Балхй.
Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар
Нашри Замон .Теҳрон -2001
2.Ӌалолиддин Румй . Фиҳи мо фиҳи.(Мунтахоби мақолот) Таҳия ва тавзеҳоти Абдуллоҳ Муллобоқизодаи Шаваткй
3.Мавлоно Ӌалолуддини Румй. Девони кабир. Душанбе -Дониш 2007.
4.musulmanshop.ru


воскресенье, 6 мая 2012 г.

АЙ БО МАНУ ПИНХОН ЧУ ДИЛ, АЗ ДИЛ САЛОМАТ МЕКУНАМ...





ای با من و پنهان چو دل از دل سلامت می کنم
تو کعبه‌ای هر جا روم قصد مقامت می کنم




АЙ БО МАНУ ПИНҲОН ЧУ ДИЛ, АЗ ДИЛ САЛОМАТ МЕКУНАМ…

Баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бỷи дуд ояд ва баъзе бошанд,
ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бỷи мушк ояд. Ин касе дарёбад, ки ỷро машоме бошад. Ёрро мебояд имтиҳон кардан, то охир пушаймонй набошад.
Суннати Ҳақ ин аст: Ибдоъ бинафсика.
Нафс низ агар даъвои бандагй кунад, бе имтиҳон аз ỷ қабул макун.
Дар вузỷ обро дар бинй мебаранд, баъд аз он мечашанд.
Ба муӌарради дидан қаноат намекунанад, яъне шояд сурати об бар ӌо бошад ва таъму бỷяш мутағайир бошад.
Ин имтиҳон аст ӌиҳати сиҳати обе. Он гаҳ баъд аз имтиҳон ба рỷ мебаранд.
Ҳар чй ту дар дил пинҳон дорй, аз неку бад, Ҳақ таоло онро ба зоҳири ту пайдо гардонад. Ҳар чй бехи дарахт пинҳон мехурад, асари он дар шоху барг зоҳир мешавад. Симоҳум фй вуӌуҳиҳим ва қувлуҳу таоло синасимуҳу ала-л-
хуртуми. Агар хар касе бар замири ту мутталеъ нашавад, ранги рỷи худро чй хоҳй кардан?




Ёрро имтихон бояд кард…… Дар назари Мавлоно чун иштироки алфозу
мушобаҳати суратҳо раҳзани солик аст, пас бояд суратҳои мушобеҳро бар меъёрҳо ва маҳакҳо арза кард, то мақоми ҳар як маълум шавад:

Сад ҳазор инчунин ашбоҳ бин,
Байнашон ҳафтодсола роҳ бин.
Ҳар ду сурат гар ба ҳам монад, равост,
Оби шỷру оби ширинро сафост.
Ӌуз, ки сохибзавқ к-ошносад ба ёб,
Ỹ шиносад оби хуш аз шỷраоб. Маснавй.

Ҳамчунин ёронро бояд ба зоиқаи дил озмуд ва салому хушомадиашонро бар машоми ӌон арза кард, зеро:

Одамй хоранд ағлаб мардумон,
Аз саломалайкашон кам ӌу амон.
Бе тамаъ нашнидаам аз хосу ом,
Ман саломе, эй бародар вассалом.
Як саломе нашнавй эй марди дин,
Ки нагирад охират он остин.
Ӌуз саломи Ҳақ , ту ҳин онро биӌỷ,
Хона-хона, ӌо ба ӌову кỷ ба кỷ.
Аз даҳани одами хушмашом,
Ҳам паёми Ҳақ шунидам ҳам салом.
З-он саломи у саломи Ҳақ шудаст,
К-оташ андар дудмони худ задаст. Маснавй.

Агар касе дар ҳақи касе нек гỷяд, он хайру некй ба вай оид мешавад ва дар ҳақиқат, он санову ҳамд ба худ мегỷяд.
Назири ин чунон бошад, ки касе гирди хонаи худ гулистону райҳон корад, ҳар боре, ки назар кунад, гулу райҳон бинад, ỷ доиман дар биҳишт бошад.
Чун хỷ кард ба хайр гуфтани мардумон, чун ба хайри яке машғул шуд, он кас махбуби вай шуд ва чун аз ỷ ёд ояд, маҳбубро ёд оварда бошад .
Ёд овардани маҳбуб гулу гулистон асту равҳу роҳат аст.
Ва чун бади яке гуфт, он кас дар назари ỷ мабғуз шуд, чун аз у ёд кунад ва хаёли ỷ пеш ояд, чунонаст, ки мор ё гаждум ё хору хошок дар назари ỷ пеш омад.
Акнун чун метавонй, ки шабу рỷз гулистон бинй ва риёзи Ирам бинй, чаро дар миёни мористону хористон гардй?
Ҳамаро дỷст дор, то ҳамеша дар гулу гулистон бошй.
Ва чун ҳамаро душман дорй, хаёли душманон дар назар меояд,
чунон аст, ки шабу рỷз дар хористону мористон мегардй.
Пас авлиё, ки ҳамаро дỷст медоранду нек мебинанд, онро барои
ғайр намекунанд, барои худ коре мекунанд, то мабодо ки хаёле макрỷҳ ва мабғуз дар назари эшон ояд. Чун зикри мардумону хаёли мардумон дар ин дунё лобуду ногузир аст, пас ӌаҳд карданд, ки дар ёди эшону зикри эшон ҳама маҳбуб ва матлуб ояд, то кароҳати мабғуз мушавваши роҳи эшон нагардад.
Пас ҳар чй мекунй дар ҳақи халқ ва зикри эшон мекунй ба хайру шар,он ӌумла ба ту оид мешавад. Ва аз ин Ҳақ таоло мефармояд:
Ман амила солиҳан фалинафсиҳи ва ман асои фаъалайҳо.
Ва май-йамал мисқола зарратин хайрай-йараҳ ва май – йамал
мисқола зарратин шаррай-йараҳ.




АЙ БО МАНУ ПИНҲОН ЧУ ДИЛ…
Ай бо ману пинҳон чу дил, аз дил саломат мекунам,
Ту Каъбай, ҳар ӌо равам, қасди мақомат мекунам.
Ҳар ӌо, ки ҳастй, ҳозирй, аз дур дар мо нозирй,
Шаб хона рушан мешавад, чун ёди номат мекунам.
Гаҳ ҳамчу бози ошно, бар дасти ту пар мезанам,
Гаҳ чун кабỷтар парзанон оҳанги бомат мекунам…
Гар ғоибй, хар дам чаро осеб бар дил мезанй,
В-ар ҳозирй, пас ман чаро дар сина домат мекунам.
Дурй ба тан, лек аз дилам андар дили ту рỷз нест,
З-он равзана дуздида ман чу маҳ паёмат мекунам.
Ай офтоб, аз дур ту, бар мо фиристй нур ту,
Ай ӌони ҳар маҳчур ту, ӌонро ғуломат мекунам.
Ман ойинаи дилро зи ту ин ӌо сақолй медиҳам,
Ман гỷши худро дафтари лутфи каломат мекунам.
Дар гỷши ту, дар хуши ту в-андар дили пурӌỷши ту,
Инҳо чй бошад? Ту манй в-ин васфи омат мекунам.
Ай дил, на андар моӌаро мегуфт он дилбар туро,
Ҳарчанд аз ту кам шавад, аз худ тамомат мекунам.
Гаҳ рост монанди «алиф», гаҳ каж чун ҳарфи мухталиф,
Як лаҳза пухта мешавй, як лаҳза хомат мекунам.
Гар солҳо роҳ меравй, чун муҳрай дар дасти ман,
Чизе, ки ромаш мекунй, з –он чиз ромат мекунам.
Ай шаҳ Ҳусомуддин Ҳусайн, мегуй ба ӌонон, ки ман,
Ӌонро хилофи маърифат баҳри ҳисомат мекунам. МАВЛОНО 


Зебуннисо Мухаммадрашрод.
1.Маснавии Маънави Мавлоно Чалолуддин Мухаммад Балхй
Бар асоси матни Р. Николсон ва мукобила бо нусхахои дигар
Нашри Замон Техрон 2001
2.Чалолиддин Румй Фихи мо фихи
Тахия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй
3.Мавлоно Чалолуддини Румй
Девони кабир
Душанбе Дониш 2007 




МУХАББАТ ДАР ТАРОЗУ НАГУНЧАД...





Мухаббат дар тарозу нагунчад…
Мухаббат, ки гох аз он ба вилояту дустй ва гох ба шароби ишку мастй таъбир мекунад,назди орифон тарозу ва меъёри хамаи аъмол аст ва худ ба хеч тарозу санчида нашавад,
аз он, ки ишкро хадду нихоят нест:

Дар наояд ишк дар гуфту шунид,
Ишк дарёе, карона нопадид….
МАСНАВЙ.

Ва хар амал, ки нишони мухаббат дар вай нест, онро дар тарозуи Хак вазне набошад, ки асли дин мухаббати Худост, чунон, ки фармуд:
«Ахли имонро тамоми дил дар ишки Худост» ( Бакара 165)

Ва боризтарин нишони мухаббат талаб аст, ки толибро ба хавои махбуб овораи куху биёбон мекунад:

Сабо ба лутф бигу он гизоли раъноро,
Ки сар ба куху биёбон ту додай маро
ХОФИЗ.

Ба ривояти Аттор, талаб водии аввал аз хафт ШАХРИ ИШК аст ва дар ин водй аст,ки чони соликро мегудозанду калби андудаи уро иксири мурод мезананд:

Чун фуруд ойи ба водии талаб,
Хар замоне пешат ояд сад талаб.
Чидду чахд ин чо-т бояд солхо,
З-он ки ин чо калб гардад холхо.
Мантик –ут- тайр.

Таъбири хукамо аз талаб хамон харакат аст, ки онро «камоли аввал
барои вусули хамаи кобилиятхо ба феълиятхо» таъриф кардаанд, яъне пеш аз вусул ба хар камол бояд аввал ба камоли харакат ороста шуд ва хар камоле нисбат ба харакат камоли дуввум аст.

Хар чи ту дори зи молу пешае,
Не талаб буд аввалу андешае.
Ту ба хар холе, ки бошй металаб,
Об мечу доиман, эй хушклаб!
К-он лаби хушкат гувохй медихад,
Ки он дар охир бар сари манбаъ равад.
Хушкии лаб хаст пайгоме зи об,
Ку ба мот орад якин, дар изтироб.
Чахд кун то ин талаб афзун шавад,
То дилат з-ин чохи тан берун равад.
Ин талаб дар ту гаравгони Худост,
З-он, ки хар толиб ба матлубе сазост.
Гуфт Пайгамбар, ки чун кубй даре,
Окибат з-он дар бурун ояд саре.
Чун зи чохе меканй хар руз хок,
Окибат андар расй дар оби пок.
МАСНАВЙ.

Тавсияи Мавлоно ин аст, ки харчанд толиб бар талаби худ ба зохир асаре набинад, бояд хамчунон ба чидду чахд идома дихад, зеро авлои нафс ин кушиши матлуб аст:

Дуст дорад ёр ин ошуфтагй,
Кушиши бехуда бех аз хуфтагй.
Гарчи рахна нест дар олам падид,
Хира Юсуфвор мебояд давид…
То кушояд куфлу рах пайдо шавад,
Суи бечои шуморо чо шавад... МАСНАВЙ

Ба рохи бодия рафтан бех аз нишастани ботил,
Ки гар мурод наёбам, ба кадри вусъ бикушам..
САЪДИ

Гарчи висолаш на ба кушиш диханд,
Он кадар эй дил, ки тавонй бикуш… ХОФИЗ

Сониян, дар тахлили нихои, талаб тачаллии матлуб аст ва ошик зухури мъшук ва лизо:

Харки ошик дидияш, маъшук дон,
К-у ба нисбат хаст хам ину хам он.
Дилбарон бар бедилон фитна ба чон,
Чумла маъшукон шикори ошикон.
МАСНАВЙ.

Мавлоно зарбулмасали маъруфи «Чуянда ёбанда аст»-ро низ бад-ин
маъно тафсир мекунад, ки чуянда дар хакикат хамон ёбанда ва талаб айни вусул ба матлуб аст.

Хама бо мост, чи бо мо, ки худ моем сар то по,
Масал гаштаст дар олам, ки чуянда аст ёбанда.. Девони Шамс

Хар ки ба чидди тамом дар хавоси мост, мост,
Хар ки чу сели равон дар талаби чуст, чуст.
Девони Шамс

Хамчунон дар хадис омадааст, ки «чун дар гавхари убудият нек бингарй,онро рабубийят бинй», зеро то аз маъбуд чизе дар обид наояд , уро обид нахонанад ва то азм дар дил тачаллй накунад, уро таъзим натавон кард.
Бинобар ин, талаб фарз аст ва чахд мачрои машияти илохй аст ва мункирони чахд худ ба хазор хилат мекушанд, то инкори худро бар курсии исбот нишонанд.
Ва хар ки гуяд: рузй мукаддар асту ниёз ба талаб нест, даъвои истигно ва бениёзй кардааст, ки муносибати шаъни инсони ниёзманд нест ва хикояти вай киссаи он марди хомтамаъ аст, ки чун дид рубохе бе дасту пой аз мондаи сайди шер рузй хурд, ба хона нишаст, то уро низ бе талаб рузй даррасад, аммо хеч рузй фуруд наёмад ва:

Чун сабраш намонд аз заифию хуш,
Зи девори мехробаш омад ба гуш:
Бирав, шерри дарранда бош, эй дагал,
Маяндоз худро чун рубахи шал!
БУСТОН

Даро чун панча дар чахон зан,
Чи чунбонй ба дастон дум чу рубох!
Девони Шамс.




БАРТАРИИ МУХАББАТ БАР ХАМАИ ИБОДОТ

Дар киёмат чун намозхоро биёранд, дар тарозу ниханд ва рузахорову садакахоро хамчунин.
Аммо чун мухаббатро биёранд, мухаббат дар тарозу нагунчад.
Пас асл МУХАББАТ аст.
Акнун чун дар худ мухаббат мебинй, онро бияфзой, то афзун шавад,
чун сармоя дар худ дидй ва он талаб аст, онро ба талаб биафзой, ки филхаракоти баракотун ва агар наяфзой, сармоя аз ту биравад.
Кам аз замин нести, заминро ба харакат ва гардонидан ба бел дигаргун мегардонанд ва набот медиханд ва чун тарк кунанд, сахт мешавад.
Пас чун дар худ талаб дидй, меою мераву мегу, ки дар ин рафтан чи фоида.
Ту мерав, фоида худ зохир гардад. Рафтани марде суи дукон фоидааш чуз арзи хочат нест. Хак таоло рузй медихад, ки агар ба хона биншинад, он даъво истигност, рузй фуру наояд.




Эй дил зи чон гузар кун, то чони чон бубинй,
Бигзор ин чахонро, то он чахон бубинй.
То нагзарй зи дунё, харгиз расй ба укбо,
Озод шав аз ин чо, то бегумон бубинй.
Аз хеш бенишон шав, то ту нишон бубинй,
Аз чору панч бигзар, дар шашу хафт мангар
Чун аз замин барои хафт осмон бубинй.
Хафт осмон чу дидй, дар хаштумин малак шав,
По бар сари макон нех, то ломакон бубинй.
Дар ломакон чу дидй, чонхои нозанинон,
Бе тан нихода сархо дар остон бубинй.
Барбанд чашми даъвй, бикшой чашми маънй,
Як дам зи худ нихон шав, Уро аён бубинй.
Эй нонихода гоме дар рохи номуродй,
Бе ранч ганчу вахдат кай ройгон бубинй.
МАВЛОНО





Зебуннисо Мухаммадрашрод.
1.Маснавии Маънави Мавлоно Чалолуддин Мухаммад Балхй
Бар асоси матни Р. Николсон ва мукобила бо нусхахои дигар
Нашри Замон Техрон 2001
2.Чалолиддин Румй Фихи мо фихи
Тахия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй
3.Мавлоно Чалолуддини Румй
Девони кабир
Душанбе Дониш 2007


ХЕШРО БАД ГУ, МАГУ ТУ КАСРО БЕШ






Пилеро оварданд ба сари чашмае,ки об хурад.
Худро дар об медиду мерамид…
У мепиндошт, ки дигаре мерамад. Намедонист, ки аз худ мерамад…
Хамаи ахлоки бад - аз зулму кину хасаду хирсу берахми ва кибр чун дар туст,
намеранчи;
Чун онро дар дигаре мебини, мерами ва меранчи…

Эй басо зулме, ки бини дар касон,
Хуи ту бошад дар эшон, эй фалон.
Андар эшон тофта хастии ту,
Аз нифоку зулму бадмастии ту.
Чун ба каъри хуи худ андар раси,
Пас бидони, к-аз ту буд он нокаси.
Маснави



Подшохи дилтанг дар лаби чуе нишаста буд. Умаро аз у харосону тарсон.
Ва ба хеч гуна руйи у гушода намешуд.
Масхарае дошт азиму мукарраб. Умаро уро пазируфтанд, ки агар ту шохро бихандони,
туро чунин дихем. Масхара касди подшох кард ва харчанд чахд мекард, подшох
ба руйи у назар намекарду сар бар намедошт, ки у шакле кунаду подшохро бихандонад;
дар чуй назар мекарду сар барнамедошт.
Масхара гуфт подшохро, ки:
-Дар оби чуй чи мебини?
Гуфт:
-Калтабонеро мебинам.
Масхара чавоб дод:
- Эй шохи олам, банда низ кур нест…
Акнун хамчунин аст: Агар ту дар у чизе мебини ва меранчи, охир у низ кур нест;
хамон бинад, ки ту мебини…



Намедонист, ки аз худ мерамад… Мавлоно халкро чун оби софу зулол мебинад
ва ба таъбири васеътар, тамоми олами берунро акси олами дарун ва олами
зохирро зухури олами ботин мешуморад. Ва хатто чехраи маргу малакулмавтро
инъикоси ботини шахс ва мутаносиб бо хулку хуи у медонад:

Марги хар кас, эй писар хамранги уст,
Ойинаи софи якин хамранги руст.
Пеши турк ойинаро хушранги аст,
Пеши занги ойина хам занги аст.
Эй, ки тарсони зи марг андар фирор,
Он зи худ тарсони, эй чон, хуш дор!
Зишт руи туст, не рухсори марг,
Чони ту хамчун дарахту марг барг.
Аз ту растаст ар накуест, ар бад аст,
Нохушу хуш хам замират аз худ аст.
Эй басо кас рафта Туркистону Чин,
У надид хеч, илло макру кин.
Эй басо кас рафта то Шому Ирок,
У надида чуз магар кибру нифок.
Пеши чашмат дошти шиша кабуд,
З-он сабаб олам кабудат менамуд.
Гар на кури, ин кабуди дон зи хеш,
Хешро бад гу, магу ту касро беш.
Дар худ ин бадро намебини аён,
Варна, душман будие худро ба чон.
Хамла бар худ мекуни, эй соламард,
Хамчу он шере, ки ба худ хамла кард.. МАСНАВИ

«МАснавии Маънавй» Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхй
«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй
«Фихи мо фихи»(мунтахаби маколот) Чалолуддини Румй. Тавзия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй.

Зебуннисо Мухаммадрашод (02.04.2012)


ДОСТОНИ ЗОХИДИ БОДИЯНИШИН



ДОСТОНИ ЗОХИДИ БОДИЯНИШИН

Зохиде буд миёни бодия,
Дар ибодат гарк чун аббодия.
Хочиён он чо расиданд аз билод,
Дидашон бар зохиди хушке уфтод.
Чойи зохид хушк буд, у тармизоч,
Аз самуми бодия будаш илоч.
Хочиён хайрон шуданд аз вахдаташ
В-он саломат дар миёни офаташ.
Дар намоз истода буд бар руйи рег,
Рег, ки аз таффаш бичушад оби дег.
Гуфтие сармаст дар сабза-в гул аст,
Ё савора бар Буроку Дулдул аст.

Гурухе ба хач мерафтанд. Дар миёни биёбон чашмашон ба зохиде афтод,
ки дар зери офтоби сузон руи регхои дог ба намоз истода буд ва чунон
гарки зикру дуоъ буд, ки ангори миёни боге пургулу сабза, руи фарши
харир карор дорад. Бодхои захрноки биёбон ба чашми у чун насими бахорй буд.
Хочихои хайратзада уро тамошо мекарданд то вакте, ки аз парастиши Худо
фориг шуд, диданд, ки дар он хавои гарму хушк об аз дасти у мечакад,
монанди, ин ки вузу гирифта аст. Аммо дар он сахрои сузон обе набуд.
Пурсиданд:
-Об аз кучо меовари?
Гуфт:
- Ин об аз осмон меояд!
Гуфтанд:
-Хар вакт бихохи меояд? Ё гох хасту гох нест?
Дарвеш дастхо бар осмон бардошт:

Чашмхоро бигшуд суйи осмон
Ки ичобат кун дуъои хочиён!
Ризкчуйиро зи боло хугарам,
Ту зи боло баргушудасти дарам.

Ногох абре падид омаду борон боридан гирифт. Хочиён машкхои худро пур
аз об карданд. Гурухе имон оварданд, гурухе хом монданд ва надонистанд
ки инсон, ки Худоро шинохт ва ба У худро хавола кард ба хар кор тавоност!

Эй намуда ту макон аз Ломакон,
«Фи-с-самои ризкукум» карда аён!Дар миёни ин муночот абри х(в)аш,
Зуд пайдо шуд чу пили обкаш.
Хамчу об аз машк боридан гирифт,
Дар гаву дар горхо маскан гирифт.
Абр меборид чун машк ашкхо,
Хочиён чумла кушода машкхо.
Як чамоат з-он ачоиб корхо
Мебуриданд аз миён зуннорхо.
Кавми дигарро якин дар издиёд,
З-ин ачаб "валлоху аълам би-р-ришод".
Кавми дигар нопазиро туршу хом,
Нокисони сармадй "тамма-л-калом".


1 Мавлоно Чалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавиӣ (Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар) таҳти назари Муҳаммади Борӣ : Нашри замон: Теҳрон-2001
2«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй. ДОНИШГОХИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН ба номи ИМОМ ТИРМИЗЙ. ДУШАНБЕ-2003



  

ИШКУ АДАБИ ОДАМ АЛАЙХИССАЛОМ ВА ГУСТОХИИ ШАЙТОН




ИШКУ АДАБИ ОДАМ АЛЛАЙХИСАЛОМ ВА ГУСТОХИИ ШАЙТОН

МАГАР, КИ ОШИК ШАВАД…

Гуфт: Тарсидам, адаб бигзоштам,
Ман хам поси онат доштам.
Хар, ки хурмат орад, у хурмат барад,
Хар ки орад к,анд, лавзина хурад. Маснавй.
***
« Ё Раб, медонистам, илло тарки адаб накардам дар хазрати Ту ва Ишк нагузошт, ки
муохида кунам».
***
Пузбанди васваса ишк асту бас,
В-арна аз васвос кай растаст кас. Маснавй.

Хуббука –ш-шай… Ишк ба хар чиз одамиро куру кар мекунад…
Халактани мин норин…

Дар Куръон, сураи Аъроф, омадааст, ки Шайтон аз сачдаи Одам сар боз заду мавриди итоб
карор гириф, ки:
-Эй Шайтон,
Чист, ки туро аз сачдаи Одам боздошт?
Гуфт:
-Ман аз у бартарам: Маро аз оташ офаридй, ва уро аз хок.
Худованд фармуд:
-Фуруд ой аз осмон, туро дар он чойи худфурушй нест, ва аз бихишт берун шав,ки бегумон дар шумори хоршудагон хохй буд.
Гуфт:
-Холи, ки рондаи даргахи Ту гаштам, то он руз, ки одамиёнро (ба подоши неку бад) барангезй, маро мухлат бахш.
Фармуд:
-Туро то он руз мухлат додем.

Дар ин чо Шайтон мазхаби чабрро бунёд ниходу гуфт:
-Чун ту худ маро ба исён барангехтй, ман низ хамаи бандагони туро игво кунаму ононро азрохи мустакими камол, ки ба суи туст, боздорам ва аз ямину ясор бар эшон дарояму чунон
кунам, ки чуз бандагони холис хеч як шукри Туро ба чой наёварад.
Худованд фармуд:
-Берун шав, ки ту рондаи даргохи ва ман ба якин чаханнамро аз ту ва онон, ки туро пайравй кунанд, пур хохам кард.

Аммо Одаму Хавво чун аз он меваи мамнуъ хурданд, мавриди хитоб карор гирифтанд, ки:
-Оё шуморо аз он дарахт, манъ накардам?
Оё нагуфтам, ки шайтон душмани ошкори шумост?
Гуфтанд:
-Эй Парвардигори мо, хамоно, ки мо (ба пайравии Шайтон) ба худ ситам кардем,
Ва агар ту бар мо набахшоию рахмат наёварй,
Бегумон аз зиёкорон хохем буд. (Аъроф, 23 ва 24)

Дар холе, ки Одам дар мадрасаи «Аллама-л-асмо» хамаи асрори илохиро омухта буду медонист, ки машияти илохй бар хурдани он мева мамнуъ будааст ва метавонист чун
фарзанди хеш, Пири Хирот бигуяд:

Илохй, агар Шайтон Одамро бадомузй кард,
Гандуми уро кй рузй кард?

Аммо чуну чаро ва бахсу мучодаларо муносиби макоми ишк надонист ва чун шайтон нагуфт:

Чаро равам? Ба чй хуччат? Чи кардам? Чи сабаб?
Биё, ки бахс кунем, эй Худои фарди вадуд. Девони Шамс

То посух бишнавад, ки:

Туро чи бахс расад бо ман, эй Fуроби Fуруб,
Агар на махс шудастй зи лаънати мавруд. Девони Шамс

Балки сар ба зер афканду гунохро ба пеш мансуб кард ва талаби маFфират намуд.
Лизо Мавлоно ба фарзандони Одам тавсия мекунад, ки дар масъалаи чабру ихтиёр равиши падарро пеш гиранд ва дар айни эътикод ба машияту такдири азалй гунохро ба худ мансуб кунанд, ки ин ба макоми Ишк муносибтару ба хакикат наздиктар аст:

Аз Падар омуз, эй равшанчабин,
«Раббано» гуфту «Аламно» пеш аз ин.
Не бахона карду не тавзир сохт,
Не навои макру хилат барфарохт.
Боз он Иблис бахс оFоз кард,
Ки будам ман сурхру, кардим зард.
Ранг ранги туст, саббоFам туи,
Асли чурму офату доFам туи.
Гуфт Шайтон, ки «Бимо аFвайтанй»,
Кард пинхон феъли худ деви данй.
Гуфт Одам, ки «Заламно нафсано»,
У набуд аз феъли Хак Fофил чу мо.
Дар гунах у аз адаб пинхон-ш кард,
Зон гунах бар худ задан у барбихвхард.
Баъди тавба гуфт: Эй Одам, на ман
Офаридам дар ту он чурму михан.
Не, ки такдиру казои ман буд он,
Чун ба вакти узр кардй он нихон?
Гуфт: "Тарсидам, адаб бигзоштам",
Гуфт: "Ман хам поси онат доштам".
Хар, ки хурмат орад, у хурмат барад,
Хар ки орад к,анд, лавзина хурад.

Ва ин хамон Адаб аст, ки Хофиз фармуд:

Гунох агарчи набуд ихтиёри мо, Хофиз
Ту дар тарики адаб кушу гу: гунохи ман аст.

Максуд аз «адаб» дар ин маком, таоруфи холй аз вокеият нест, балки адаб идроки ин нукта аст, ки вачхи интисоби амал ба мост, ки унвони гунох мегирад. Вагарна, аз ин хайс, ки Хак амалро
мукаддар кардааст, хато нест, балки айни савоб аст ва ба кавли Низомй, холе аст бар рухи инсон, ки бар зебоии у меафзояд:

Холи ассо бар рухи Одам фиканд,
Зулфи замин дар барии олам фиканд. Махзан-ул асрор.

Ин нукта дар «Маснавй» дар тавфики байни ду хадиси набавй, ки зохиран мутаориз ба назар мерасанд,
омадааст:
Хадиси аввал он аст, ки « хар кас ба куфр розй шавад кофир аст» ва мазмуни хадиси дигар
он, ки «хар кас ба казои илохй рози набошад, кофир аст».

Мушкил ин чост, ки пас чй бояд кард? Муъмин агар ба куфр розй шавад, кофир аст ва агар розй нашавад
хам, кофир хохад буд. Зеро вучуди куфр дар олам казои илохй аст ва бинобар хадис бояд бадон розй буд.
Рохи халли Мавлоно чунин аст:

Розиам ба куфр, з-он ру, ки казост,
Не аз он ру, ки низоъу куфри мост.
Куфр чахласту казои куфр илм,
Харду яксон кай бувад худ х,илму хилм?

Яъне куфри мо нишони чахли мо ва махчуб будани мо аз Хак аст.
Аммо ин, ки дар «низоми кул» вучуди куфру имон ва нуру зулмат харду такдир шудааст, аз илми
Илохй ба «низоми ахсан» сарчашма мегирад.
Ин нукта мутазамини халли мушкили чабру ихтиёр ва рафъи танокузоти зохирй дар суханони
Саъдиву Мавлоно ва Хофизу дигар урафои шомихин аст, ки аз тарафи мо:

Харчи хаст, аз комати носози беандоми мост,
Варна ташрифи ту бар болои кас кутох нест. Хофиз.
***
Нест дар доира як нукта хилоф аз каму беш,
Ки ман ин масъала бе чуну чаро мебинам. Хофиз.
***
Эй Худои поку беанбозу ёр,
Даст гиру чурми моро даргузор.
Гар хато гуфтем, ислохаш ту кун,
Муслихй ту, эй ту султони сухун! Маснавй
***
Кофиру муъмин магу, мухсину фосик мачу,
Чумла асири туанд, бар хама афзун бихон.
Кист, ки масти тунест, ишвапарасти ту нест,
Мухраи дасти ту нест, дасти карам барфишон. Девони Шамс.

Хосили сухан он аст, ки: Шайтон ва пайравони у гох чабре шаванд ба маслихате ва гох кадареву ихтиёре шаванд ба маслихати дигар. Ва инсон на чабре асту на ихтиёре, балки ахли Ишк аст
ва Ишк чабрест, ки нихояти ихтиёре аст, ки аз он гурез нест - хамчун занчире, ки ошик ба ихтиёр
бар пои худ менихад.

Бори дигар омадам девонавор,
Рав, рав, эй чон, зуд занчире биёр.
Fайри он занчири зулфи дилбарам,
Гар дусад занчир бошад, бигсилам... Маснавй.

«МАснавии Маънавй» Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхй
«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй
«Фихи мо фихи»(мунтахаби маколот) Чалолуддини Румй. Тавзия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй.

Зебуннисо Мухаммадрашод (04.02.2012)


ШАРХИ ОН ДУШМАН,КИ ДАР ЧОНИ ШУМОСТ...


ШАРХИ ОН ДУШМАН,КИ ДАР ЧОНИ ШУМОСТ…

Нимнигохе ба таърих ва аходиси Паёмбар(С) дар «Маснави»

Яке аз бузкргтарин мавлавишиносон аллома мархум Чалолиддин Хумой менависад: «Маснавии Шариф
аз чиходи чанд ба Курони Карим мушохибат дорад. Аз чумла ин, ки гурухе бад-у хидоят мечуянд ва чамъе
аз у дар залолат меафтанд ва ин худ яке аз хусусиёти авсофи Куръони Мачид аст… Ба ин карор, ки
кисмате аз оёти карима мутаалик ба умуми мардум аст… кисми дуввум махсуси пайгамбари акрам(с) аст…
кисми саввум «муташобихот» аст, ки таъвил
ва тавчехи он чуз ба Худои таъоло маълум нест.»
Нависандаи зиндагиномаи Мавлоно, Фаридун ибни Ахмади Сипахсолор менависад:
« Хидовандгори мо (Хазрати Мавлоно) ба забони муборак мефармуд: Баъд аз мо «Маснави» шайхи кунад ва
муршиди толибон гардад ва соику собики ишон бошад.»
Бархак, Маснави барои мусалмонон воситаи иршоду рахнамои гаштааст. Хар хонондаи «Маснави» аз хондани
достону киссахо ва панду насихатхое, ки аз забони паёмбарону уламои бузург баён шудааст, бахра мебарад.
Дар «Маснави» киса ва достонхо ва намунахо аз зиндаги ва панди бузургон, поёмбарон, подшоххои одил ва
уламои ислом оварда шудааст.
Хусусан дар бораи хаёт ва фаъолияти Пайгамбари бузурги Ислом Хазрати Мухаммад(С) ривоятхо оварда
ва нисбат ба макому манзалати он Хазрат ахамияти волое дода шудааст.

МАСНАВИ ВА РИСОЛАТИ МУХАММАД(С)

Мавзуъи рисолати Хазрати Расули Акрам(С) намунахо аз зиндагии он Хазрат ва истифодаю шархи хадисхои
он Хазрат(С) дар «Маснави» чойохи хосси худро дорад.
Мавлоно аз забони Расули Худо(С) мефармояд:

«Мустафо з-ин гуфт к-Одам в-анбиё,
Халфи ман бошад дар зери ливо.
Бахри ин фармудааст зу-фунун,
Рамзи нахн-ул-охирун ас-собикун»

Яъне Хазрати Мухаммад Мустафо-саллалоху алайхи ва олихи ва саллам фармудаанд, ки Хазрати Одам
ва паёмбарони дигар дар зери парчами манн ва пушти сари ман хастанд.
Дар байти дуввум мефармояд: Он сохиби камолоти мухталиф, яъне Хазрати Хатмй мартабат(С) рамзи
Хадиси «Мо пешинем, харчанд, ки ба зохир пасинем»-ро ошкор кард.
Дар достон дигаре хакикати рисолати Пайгамбари (С) ва шукуху шахомати Исломро нисбат ба
бутпарасти тавре баён мекунад, ки бутхои Макка бо шунидани номи Мухаммад(С) аз дахони пири бутпарасте,
сар хам кардан два ба сачда рафтаанд:

Ин Халимай Саъдй аз умеди у,
Омад андар зилли шохи беди ту.
Ки аз у фарзанди тифле гум шудаст,
Номи он кудак Мухаммад омадаст.
Чун «Мухаммад» гуфт, ин чумла бутон
Сарнагун гаштанду сочид он замон.
Ки бирав эй пир, ин чи чустучуст?
Он Мухаммадро, ки азли мо аз уст!
Мо нагуну сангсор оем аз у!
Мо касоду беиёр оем аз у!


…Пирамард гуфт: Эй бути Уззо, ин халима аз киблаи бани Саъд, бо умед ба назди ту омадааст.
Сабаби омадани у ба хузури ту ин аст, ки фаразнди хурдсоле аз у гум шудааст ва номи он кудак
Мухаммад(С) аст. Хамин, ки он пирамарди араб номи Мухаммадро(с) ба забон овард, хамаи бутхо
сар хам карданд, ва ба сачда афтоданд.
Бутхо ба он пирамард бо забони хол гуфтаанд: Эй пирамард, бирав аз паи кори худ, ин чи навъ чустучуе аст?
Он тифл Мухаммад аст, ки мо ба сабаби у барканору махву шикаста хохем шуд. Мо бутхо ба сабаби вучуди
у вожгун ва сангсор ва беравнаку беэътибор хохем шуд.

МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ

Дар байтхои дигар Мавлоно шахсияти бузурги пайгамбар(С), намуна ва муаллими башарият будани он Хазратро
баён мекунад ва ба мусулмонхо мефахмонад, ки хар як сахфа аз дафтари рузгори он бузургвор дарси ибрат ва
пандгири аст. Тавре, ки дар киссаи зер мехонем:

Аз сахоба хочае бемор шуд,
В-андар он беморияш чун тор шуд.
Мустафо омад аёдат суи у,
Чун хама лутфу карам буд хуи у.
Дар аёдат рафтани ту фоидааст,
Фоидай он боз бо ту оид аст…

Аз асхоби Расулуллох(С) бузурге бемор шуд ва ба сабаби бемори бисёр харобу логар шуд. Хазрати Мухаммад(С)
Ба аёдати он бемор рафтанд; зеро хую одати он хазрат саросар мехрубони ва бузургвори буд.
Мавлоно мефармояд: Дар рафтан ба аёдати бемор фоида ва савоби зиёд вучуд дорад ва он фоида ба худат боз
мегардад.
Дар мавзуъи рохнишонанда ва хидоятгарии шахсияти Паёбари Бузурги Ислом, Мавлоно байтхои зиёде дар
Маснавй эчод намудааст.
Аз чумла шархи хадисеро овардааст, ки начотдиханда ва тарбиятгари уммати мусалмон будани Расули Акрам(С)
дар он баён карда шудааст:

«Мустафо фармуд: Гар гуям ба рост,
Шархи он душман, ки дар чони Шумост.
Захрхои пурдилон хам бардарад
На равад рах, на гами коре хурад.
На дилашро тоб манад дар ниёз,
На танашро куввати руза ва намоз.
Хамчу муше пеши гурба «ло» шавад,
Хамчу барра пеши гург аз чо равад.
Андар у на хила монад на равиш,
Пас кунам ногуфтатон ман парвариш…

Хазрати Мухаммад(С) фармудаанд: Агар душмане, ки дар даруни Шумост, шарх дихам, захрахои далерон ва
баходурони Шумо низ пора шавад: на метавонанд рох бираванд ва на дар фикри коре мешаванд.
Балки мабхуту мадхуш фуру мемонанд. На дар дилашон тобу барои тазарруъу зорй мемонад ва на танашон
тавони икомаи намозу руза гирифтан дорад. Масалан, монанди муше мешавад, ки дар зери чанголи гурба несту
нобуд гардад. Ё дар масал монанди баррае мешавад, ки дар баробари гург танаш ба ларза меафтад.
Бинобар ин, барои инсон на тадбире мемонад ва на харакату чунбише.
Пас манн бе он, ки аз душмани дарунй сухане дар миён оварам, Шуморо тарбият мекунам, ки чи сон бояд аз он
бархазар бошед.
Дар байтхои боло ишора ба хадиси Пайгамбар(С) аст, ки мефармоянд:
«Агар бидонед он чи донам бегумон фаровон бигирйед ва андак хандед ва сар ба биёбонхои хушку беалаф нихед
ва ба даргохи Худо бинолед ва надонед, ки оё растагор шавед ё нашавед.

ТАВОНИИ ШАХСИ БОИМОН

Мавлоно дар достони дигаре аз забони Расулуллох(с) бузургиву кудрати тавоноии шахси муъминро чунин баён мекунад:

«Мустафо фармуд аз гуфти чахим:
К-у ба муъмин лабогар гардад зи бим.
Гуядаш бигзар зи ман, эй шох, зуд,
Хин, ки нурат сузи норамро рабуд!
Пас, халоки нор нури муъмин аст,
З-он, ки бе зид дафъи зид ло юмкин аст.
Нор зидди нур бошад рузи адл
К-он зи кахр ангехта шуду ин зи фазл.
Гар хамехохй ту дафъи шарри нор
Оби рахмат бар дили оташ гумор…»

Хазрати Мухаммад Мустафо(С) дар бораи гуфтори дузах, ки дузах аз тарси муъмин фигон мекунад.
Дузах ба муъмин мегуяд: Эй шохи дин! Аз манн зуд бигзар ва огох бош, ки нури ту сузандагии оташи маро хамуш
ва фарсуда созад.
Пас натича мегирем, ки нобудии оташи дузах ба василаи нури муъмин сурат мегирад: зеро зидро наметавон дафъ кард,
магар ба василаи зидди худаш. Дар рузи додгарй, оташ зидди нур аст; зеро оташ, мазхари кахри худост ва нур мазхари
лутфи Худо.
Агар ту мехохи, ки шару озори оташро аз вучудат дафъ кунй, ба дили оташ оби рахмат чори кун…
Ахлоки инсони ва малакути Расули Худо(С) дар замони кутохе ончунон густариш ёфт ва дар дили мусалмонон реша
Давонид, ки аз хеч чиз дуруст кард. У кахрамони бузурги илохй буд, ки тавонист бо ин неру кабилахои пароканда ва
вахшии арабро муттахид созад ва куфро ба имон, бутпарастиро ба тавхид, бекорагиро ба кору кушиш, худхохиро ба
инсондусти табдил дихад.
Дар «Маснавии Маънави» Мавлоно Чалолуддини Руми ба хакконияти ин мавзуъ ахамияти хосса додаст ва Паёмбари
Бузурги Исломро ба мусалманон, пайравон ва дусторони Мухаммад(С) ва хонадони покаш ба таври возех шиносонидааст.

Бо умеди ошноии бештари чавонони баруманди Точикистон аз осори гаронбахои ниёгон-билхусус «Маснави»-и
Мавлоно Руми - Ва ободиву гулгулшукуфии диёри азизиам, илтимоси дуо дорам…

«МАснавии Маънавй» Мавлоно Чалолуддини Балхи
«Сорбони ишк»-1999 Абдулло Рахими
«Хикоёти Маснавй» Бо тахрири Ахмад Нафисй

ДУРУFЕ ДОРАМ ДАР ОРЗУИ РОСТ...





ДУРУFЕ ДОРАМ ДАР ОРЗУИ РОСТ…

ГАМИ АЗИЗИ ИШКРО ТАНХО ДАР ДИЛХОИ ШОД МЕТАВОН ЁФТ

Исо алайхисаломро пурсидаанд:
-Эй Рухуллох, чист, ки дар ду олам аз он сахтар нест?
Гуфт: - Он хашми Худост.
Гуфтанд: - Чист,ки одамиро аз он хашм мерахонад?
Гуфт:- Он, ки хашми худ баршикани ва кинаи худ фуру бари.
Дар «Маснавии маънави» низ ин сухан ба назм омадааст:

Гуфт Исоро яке хушёрсар:
Чист дар хастй зи чумла саъбтар?
Гуфташ: Эй чон, саъбтар, хашми Худо,
Ки аз у дузах хамеларзад чу мо.
Гуфт: З-ин хашми Худо чи буд амон?
Гуфт: Тарки хашми хеш андар замон.
Казми гайз аст, эй писар, хатти амон,
Хашми Хак ёдовару даркаш инон.

Шукр гуфтан ба дуруг… Суфиён гуянд: Хайф аст дили одами,
ки оинаи чамоли илохй аст, чойгохи кудратхо шавад.

Бар дилам гарди ситамхост, Худоё маписанд,
Ки мукаддар шавад ойинаи мехри ойинам…(ХОФИЗ)

Пас, агар дар дил губори кудрате бини, чехра кушода дор
ва ба забон шукр гуй,ки ин дуруг агар аз сари ниёзу дур
аз фиреб бошад, ба хакикат дуое хаст дар талаби шукру
мухаббат, ки бегумон дар макоми истичобат аст. Ва суфиён
аз ин тамхид ва тарики сулук ва билахас дар самоъ бахрахо
гирифтаанд, бад-ин маъно, ки чун соликеро холе дарояду ба
соикаи он хол ба вачду пойкубй ва зикру газалхонй бархезад,
дигарон, ки эшонро ин хол нест, харакоту азкори уро таклид кунанд,
бад-ин умед, ки он хол хушу он воридаи гайбй эшонро низ хосил ояд.
Ин амал, ки онро тавачуд, яъне тазохур ва вачд хонанд, дар хакикат
дуруге хаст дар орзуи рост ва риёест,ки айни ихлосу сафост.
Хофиз ба гунаи латиф аз ин тамхид бахра гирифтааст, ки чун
ГАМИ АЗИЗИ ИШКРО ТАНХО ДАР ДИЛХОИ ШОД МЕТАВОН ЁФТ,
чора он аст, ки худро шоду хуррам чилва дихем, бошад, ки он гамро
ба каманди ин шодй сайд кунем.

Лаззати доди гамат бар дили ман бод харом,
Агар аз чаври гами ишки ту доде талабем...
Чун гаматро натавон ёфт магар дар дили шод,
Мо ба умеди гамат хотири шоде талабем… Хофиз


Чалолиддини Руми "ФИХИ МО ФИХИ"(Тахия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаватки)

ХОМ БУДАМ... ПУХТАМ... СУХТАМ...





ХОМ БУДАМ… ПУХТАМ… СУХТАМ…

Дар рафтани шамс аз шафак хун бичакид,
Мах руй биканду зухра гесу бибурид.
Шаб чома сиях кард дар ин мотаму субх
Барзад нафасе сарду гиребон бидарид.

Дар чимоди-л-охири соли 672 Мавлоно Чалолуддини Балхиро фармон расид, ки:
Эй сохиби нафси мутмаин, ба суи парвардигорат бозгард:
Ту аз вай хушнуд ва у аз ту хурсанд.

Ин фармони бозгашт ва сафири арш дар сурати бемории «Химои мухрик» бар Мавлоно даромад ва уро аз пой бияндохт. Мавлоно пеш аз ин гуфта буд, ки дар марги ман тухмат бар сабабхо манихед, ки:

Ин сабабхо дар назархо пардахост,
Ки на хар дидор сунъаташ сазост. Маснави

Тирамохи соли 1273 дар Куния сарду борони ва сершамол омад…
Як рузи Чумъа, хангоми бозгашт ба хона, шоир зери борон монда, саропо тар шуд. Субхдам аз бистар барнахост. Таби баланди варача рухсораи заъфарони ва чашмонашро месузонд.
Шомгохон шаш шайхи ахй аз бозорхои хунармандон ба аёдати бемор омаданд.
Онхо бовар доштанд, ки шоир аз кулли харакоти зери замин, руи замин ва само хабардор аст. Бинобар ин мехостанд, бидонанд, ки аз заминчунбй боз чи хатареро интизор бояд шуд. Вале вазъи беморро дида, намехостанд уро норохат сазанд.
Чалолиддин нияти онхоро пай бурд. Аз китобхои кухна бароям маълум буд, ки дар Куния факат ду такони аввали зилзила харобиовар буда метавонад ва он хам ахён-ахён. Баъд аз изхори сипос, охиставу канда канда гуфт:
-Аз зилзила нахаросед! Хоки сиях курбонии дигар мехохад.
У табассум карда кафи дасташро ба сари синаи фурухамидааш гузошт.
-Уро ба хок биспоред, то ором бишавад…
Бемории ногахонии Мавлоно Кунияро ба ташвиш ва изтироб овард ва хешону муридон «Шифокаллох» гуён ба дидори у мешитофтанд…
Мавлоно гуфт: Баъд аз ин «шифокаллоху» шуморо бод хамоно, ки дар миёни ошику маъшук пирохане аз шаър беш намондааст.
Намехохед, ки нур бо нур пайвандад:

Ман шудам урён зи тан, у аз хаёл,
Мехиромам дар нихоёт-ул- висол.

Хешону муридон гирён шуданд ва хазрати Мавлоно ин газалро фармуд:

Чи дони, ки дар ботин чи шох,е хамнишин дорам…
Руххои заррини ман мангар, ки пойи оханин дорам.
Бад-он шах,, ки маро овард, ба кулли руй овардам,
В-аз он, к-у офаридастам, хазорон офарин дорам.
..Кабутархонае кардам кабутархои чонро
Бупар, ай мурги чон, ин су, ки сад бурчи хасин дорам.
Шуъои офтобаи ман агар дар хонахо гардам,
Акику зарру ёкутам, валодат зи обу тин дорам.
Ту хар гавхар ки мебини, бичу дурии дигар дар вай,
Ки гар зарра хамегуяд, ки дар ботин дафин дорам.
Туро гар гавхар гуяд машав конеъ ба хусни ман,
Ки аз шамъи замир аст он, ки нуре дар чабин дорам.

Сухбат бо шайх барои шоир гарон афтод. Рузи дароз бемадору хомуш хобид…
Рузи шанбеи шонздахуми декабри 1273 софу офтобй буд. Шоир худро бехтар хис кард, то бегох бо аёдаткунандагон сухбат орост. Хисомиддин сухбатро сабт намуд.
Тамоми руз Валад ва Олим Чалаби бо навбат дар сари болинаш меитоданд…
Валад бар асари бехобии чандшаба афсурда метофт. Аз сурхии рухсораш чизе намонда буд.
Субх, падар уро ба наздаш хонд ва ба чашмони аз бехобй сурхшудааш нигариста гуфт:
-Холи ман бех шуд…Бирав, каме хоб бикун…
Валад гирён аз дар берун шуд…
Чалолуддин аз акиби у нигариста, зери лаб замазама мекард…
Бино ба ривоёт, вопасин калимоти оташини Мавлоност:

Рав, сар бинех ба болин, танхо маро рахо кун,
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.
Моему мавчи савдо, шаб то ба руз танхо,
Хохи, биё бубахшо, хохй бирав чафо кун!
Аз ман гурез, то ту хам дар бало наяфти,
Бигзин рахи саломат, тарки рахи бало кун.
Моему оби дида, дар кунчи гам хазида,
Бар оби дидаи мо сад чой осиё кун.
Хиракушест моро, дорад диле чу хоро,
Бикшад, касаш нагуяд, тадбир хунбахо кун.
Бар шохи хубруён вочиб вафо набошад,
Эй зардруй ошик, ту сабр кун вафо кун!
Дардест гайри мурдан, к-онро даво набошад,
Пас ман чи гуна гуям, к-он дардро даво кун.
Дар хоб душ пире дар куи Ишк дидам…
Ба даст ишоратам кард, ки азм суи мо кун!!!
Гар аждахост дар рах ишк аст чун зумуррад,
Аз барки он зумуррад, хин, дафъи аждахо кун.
Бас кун, ки бехуда ман в-ар ту хунарфазой,
Таърихи Буали гу, танбехи Буало кун.

Хисомиддин бо хуни дил ин мисрахои муаллимашро китобат кард.
Ин газали охирин гувохи мухаббати чушонаш ба чахон, ба дарёхои ашки равонкардаш буд- шояд онхо рузе сангхои осиёби Хакикатро ба гардиш оранд. Ва хам як навъ умедворй аз он, ки Валад на факат ворису фурузоннигахдорандаи шамъи хотираи у, хамчунин исьёнгари содики рохи Хак низ хохад буд.
Якшанбе бо хомушии тазииковар гузашт. Холи Чалолуддин якбора бад шуд...
Овоза дар ин хусус аввал дар бозори хунармандон, сипас дар хонакоххои дарвешон, масчидхо, хонахои шахриёну давлатмандон ва махаллахои бенавоёну дехоти атрофии шахр пахн гардид. Куния дар интизори таркише дам ба дарун дошт.
Вакти курси заррини хуршед аз тори куллахои кухи Текелли ру ба чануби шахр овард. Фаоёду фигони мардум кучахои шахрро пур кард.
Фарзанди воизи Балхй Султонуламо, шавхари Гавхар ва Кирахотун, падари Валад ва Олим Чалабй, муаллими Салохиддини Заркуб, Хисомиддини Чалабй ва Алоуддини Сирёнус, табааи султонхои салчукй, ШАЙХИ СУФИЯ, МУДАРРИСИ МАДРАСАИ КУНИЯ МАВЛОНО МУХАММАД ЧАЛОЛУДДИН аз дорулфано ба дорулбако рехлат намуд…
Дар шомигахи якшанбе, панчуми чумодил-охири он сол вучуди Мавлоно дар уфуки хокиён гуруб кард, ва:

ДАР РАФТАНИ ШАМС АЗ ШАФАК ХУН БИЧАКИД,
МАХ РУЙ БИКАНДУ ЗУХРА ГЕСУ БИБУРИД.
ШАБ ЧОМА СИЯХ КАРД ДАР ИН МОТАМУ СУБХ
БАРЗАД НАФАСЕ САРДУ ГИРЕБОН БИДАРИД…

Аммо муаллифи « Маснавии маънавии кабир» ва « Девони кабир»
Яке аз бузургтарин МУТАФАККИРИ ОЛОМИЁН-
-МАВЛОНО ЧАЛОЛУДДИН МУХАММАДИ БАЛХИВУ РУМИ абадан бо башарият монд!
Офтоби чамоли Мавлоно дар осмони завк ва маърифати илохй тулуъ карда ва хамчунон дар васат – ус-самои олами чон бар тахти нимруз нишаста ва аз мадху санои оламиён бениёз аст!

Маё бе даф ба гурии ман бародар,
Ки дар базми Худо гамгин нашояд.
Маро Хак аз майи Ишк офаридааст,
Хамон ишкам агар маргам бисояд.
Манам мастиву асли ман майи ишк,
Бигу, аз май ба чуз масти чи ояд.
Ба бурчи рухи Шамсиддини Табрез
Бипаррад рухи ман, як дам напояд!!!

Ахли Куния аз хурду бузург ва марду зан ва мусалмону яхуду тарсо- бар чанозаи Мавлоно хозир шуданд ва дар фироки ашк рехтанд ва дар миёни асхоб Садруддин шахкае бизаду аз хуш рафт ва Сирочуддин зимни абёте гуфт:
-Хок бар сар маро, ки бар сари хоки мавлоно хозир шудему, зиндаем!
Ва Хисомуддинро худ маълум аст, ки чи гузашт:

Хар, ки у аз хамзабоне шуд чудо,
Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво. Маснави

Вакте барои хондани чаноза тобути майитро ба масчиди чомеъ мебурданд, анбухи мардум-туркону хуросониён, юнониёну арманиён, Мусалмонон, масехиён, яхудиён хар яке ба таври худ ба маросими видоъ шуруъ намуданд…Хофизон КУРЪОН, раввинхо ИНЧИЛ, масехиён ЗАБУР кироат мекарданд,ошикхо рубобу дафу доира менавохтанд, мераксиданд ва аз асари сурудхони бехуду бехуш мешуданд…

Боз о, боз о, хар он чи хасти боз о,
Гар кофару чабру будпарасти, боз о!
Ин даргахи мо даргахи навмеди нест…
Сад бор агар тавба шикасти,боз о!!!

БА РУЗИ МАРГ ЧУ ТОБУТИ МАН РАВОН БОШАД,
ГУМОН МАБАР, КИ МАРО ДАРДИ ИН ЧАХОН БОШАД.
БАРОИ МАН МАГИРИВУ, МАГУ: «ДАРЕF, ДАРЕF»,
БА ДУFИ ДЕВ БИЯФТИ, ДАРЕF ОН БОШАД.
ЧАНОЗААМ ЧУ БИБИНИ, МАГУ: «ФИРОК, ФИРОК»,
МАРО ВИСОЛУ МУЛОКОТ ОН ЗАМОН БОШАД.
МАРО БА ГУР СУПОРИ, МАГУ: « ВИДОЪ. ВИДОЪ»,
КИ ГУР ПАРДАИ ЧАМЪИЯТИ ЧИНОН БОШАД.
ФУРУ ШУДАН ЧУ БИДИДИ БАР ОМАДАН БИНГАР,
ГУРУБИ ШАМСУ КАМАРРО ЧАРО ЗИЁН БОШАД?!
ТУРО ГУРУБ НАМОЯД, ВАЛЕ ШУРУК БУВАД,
ЛАХАД ЧУ ХАБС НАМОЯД, ХАЛОСИ ЧОН БОШАД.
КАДОМ ДОНА ФУРУ РАФТ ДАР ЗАМИН, КИ НАРУСТ?!
ЧАРО БА ДОНАИ ИНСОНАТ ИН ГУМОН БОШАД?!
КАДОМ ДАЛВ ФУРУ РАФТУ ПУР БУРУН Н-ОМАД,
ЗИ ЧОХ ЮСУФИ ЧОНРО ЧАРО ФИГОН БОШАД?!..

Акобири Куния бар хоки Мавлоно биное афроштанд, ки ба «Куббаи Хазро» маъруф аст ва зиёратгохи ахли завк ва тафаручгохи арбоби маъност.
Мазори Мавлоно- чун мазори хамаи киддисон ва кудсиён дар саропардаи дилхои ошикони у чой дорад ва турбати Мавлоно ашъору сухани уст, ки аз вай дар олами хок ба чой мондааст.

Ба бог булбул аз ин пас хадиси мо гуяд,
Хадиси хубии он ёри дилробо гуяд…
Чу бод ба сари бед афтаду шавд раксон,
Худой донад, к-у бо хаво чихо гуяд…


Чист фузун аз ду чахон? Шахри ишк!
Бехтар аз ин шахру диёрим нест…
..Хеши ман он аст, ки аз ишк зод,
Хуштар аз ин хешу таборем нест!


Сирри ман аз ноли ман дур нест,
Лек касро диди чон дастур нест,
Сир пинхон аст андар зеру бам,
Фош агар гуям, чахон бархам занам.


Яке лахза аз У дурй нашояд,
Ки аз дурй харобихо физояд.
Ба хар холе, ки бошй, пеши У бош,
Ки аз наздик будан мехр зояд…

1. «Маснавии маънави» Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхи
2. «Фихи мо фихй» Чалолуддини Руми. Тахия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодоаи
Шаваткй.
3. «Девони кабир» Мавлоно Чалолуддини Руми
4. Рузгори одамони начиб. Чалолиддини Руми. Радий Фиш
Зебуннисо Мухаммадрашод- 16 декабри 2011

زیبا نسا محمد رشاد


ШАХРЕ,КИ ДАР ОН ДИЛБАР АСТ!





Достони гулому пешкори Cадри чахон - подшохи Бухоро

Бандаи Садри чахон, подшохи Бухороро, ки гуломи бовафое буд, бегунах тухмат кардаанд ва аз тарсу хашми Садр пинхонй аз Бухоро гурехт. Овораи шахрхои Хуросон шуд. Дах сол хамчунон саргардон буд. Окибат аз оворагиву дурии ватану шох ба хаёли бозгашт афтод.

Дар Бухоро бандаи Садри чахон
Муттахам шуд, гашт аз садраш нихон,
Муддати дах сол саргардон бигашт,
Гах Хуросон, гах Кухистон, гох Дашт.
Аз паси дах сол у аз иштиёк,
Гашт бетокат аз айёми фирок.
Гуфт: Тоби фуркатам з-ин пас намонд»,
Сабр кай монад халоатро нишонд?
Аз фирок ин хокхо шура бувад,
Об зарду гардаву тира шавад...

Пеши худ фикр кард: - Ба Бухоро бармегардам ва худро таслими шох мекунам. Харчи мехохад бикунад, бехтар аз оворагй ва дарбадарй аст.

Гуям: - Афкандам ба пешат чони хеш,
Зинда кун, ё сар бибур моро чу меш!
Куштаю мурда ба пешат эй камар,
Бех, ки шохи зиндагон чои дигар!

Яке аз ошноён гуфт: - Ба Бухоро боз нагард, чонат дар хатар аст. Садри чахон ба ту хашм гирифтааст ва дигарон ба ту тухмат задаанд.
Фирори ту шохро бештар хашмгин кардааст ва туро мекушад.

Дарнигар пасро ва аклу пешро,
Хамчу парвона масузон хешро.

Мард гуфт: - Эй дуст! Пандам мадех! Чонам дар мухаббати Садри чахон аст ва аз дурии у дар ранчам. Беш аз ин хам тоби дурй аз ёру диёр надорам.
Бо ин хаёл рохй ба Бухоро шуд.

Ошиконро хар замоне мурданест,
Мурдани ушшок худ як навъ нест.
У дусад чон дорад аз чони Худо
В-он дусадро мекунад хар дам фидо.
Гарчи ин ошик Бухоро меравад,
На ба дарсу на ба усто меравад.
Ошиконро шуд мударрис хусни дуст,
Дафтару дарсу сабакшон руйи уст.

Ошноён уро диданд ва дар шигифт шуданд. Гуфтанд:
- Худро пинхон кун. Сипохиён дар чустучуи ту хастанд.
Мард гуфт:
- Ман ташнае хастам. Ташнаи обро наметавон аз нушидан боз дошт. Ман омадаам худро ба шох таслим кунам, хар чи кунад, мепазирам.
Ин бигуфту ба суи шох ба рох афтод. Хар кас уро медид, бар чонаш метарсид, намедонист, ки у парвона аст ва аз сухтан намехаросад.

Хамчу парвона шарар аз нур дид,
Ахмакона дарфитод, аз чон бурид.
Лек шамъи ишк чун он шамъ нест,
Равшан андар равшан андар равшанист.
У ба акси шамъхои оташист,
Менамояд оташу чумла х(в)ашист.

Хикоят мекунанд, ки дар канори шахри Рай (номи шахре дар Ирон) масчиде буд, ки мардум онро мехмонкуш меномиданд. Чун, ки хар кас шабе дар он мехобид, бомдод зинда аз хоб барнамехост.

Хеч кас дар вай нахуфтй шаб зи бим,
Ки на фарзандаш шудй он шаб ятим.
Баски андар вай гарибу ур рафт,
Субхудам чун ахтарон дар гур рафт.

Мардум мегуфтанд: - Ин масчид чои париён аст. Ки шабхо ба сари мехмон мерезанд ва уро мекушанд. Дигарон мепиндоштаанд, ки дар масчид таслиме ниходаанд, ва чони хар касро, ки шаб он чо бимонад, мегирад. Рузе дарвеше аз рох расид ва касд кард, ки шаб он чо бихобад. Мардумон уро аз хатаре, ки пешбинй мешуд, огох кардаанд. Дарвеш гуфт:
- Шунидаам ва имшаб мехохам хакикатро дарёбам. Ман аз марг наметарсам. Хар кас як бор мемирад. Марг даре хаст, ки ба суи чахоне фароху озод кушода мешавад.

Гуфт: Эй ёрон! Аз девон наям,
Ки зи « Ло хавло» заиф ояд паям.
Эй харифон! Ман аз онхо нестам,
К-аз хаёлоте дар ин рох бистам.
Аз гумону аз якин болотарам,
В-аз аломат барнамегардад сарам.
Он гариби шахри сарболоталаб,
Гуфт6 – Мехусбам дар ин масчид ба шаб.
Масчидо! Гар Карбалои ман шавй,
Каъбаи хочатравои ман шавй!

Ва хамон шаб дар масчид бимонд. Нимахои шаб садои хавлноке шунид, ки мегуфт: - Хам акнун барои гирифтани чонат меоям .
Ва ин садо панч бор такрор шуд. Мард аз шунидани овоз натарсид ва андешид, ки ман худамро ба Худо супоридаам, барои марг хам омодаам.
Хеч чиз наметавонад маро битарсонад.

Барчахиду бонг зад: - Ки, киё!
Хозирам инак, агар мардй, биё!

Хамин, ки фарёди у баланд шуд, ногахон таслим шикаст ва девори масчид хам шикасту он кадар зар аз шикоф берун рехт, ки рох банд омад.
Ин масал барои он аст, ки набояд аз марг тарсид ва мардона ба пешвози он рафт. Гуломи Садри чахон хам бо ишке, ки ба дидори шох дошт, тарсу бимро фаромуш кард ва дил ба дарё зад. Садри чахон хам гох гох аз вафодории гулом ёд мекард, аз гурезаш гамгин буд.

Мавч мезад дар дилаш афви гунах,
Ки зи хар дил то дил омад рузи нах.
Ки зи дил то дил якин равзвн бувад,
На чудою дур, чун ду тан бувад.
Чун дар ин дил барки мехри дуст част,
Андар он дил дусти медон, ки хаст.
Хикмати Хак дар Казову дар Кадар,
Кард моро ошикони якдигар.
Чумла ачзои чахон з-он хукм пеш,
Чуфти чуфту ошикони чуфти хеш.
Хаст хар чузве зи олам чуфтхох,
Рост хамчун кахрабову барги кох.

Бо мухаббате, ки дар дили шоху гулом буд, чун дубора баргашт, мухаббати у дар дили шох бештар шуд. Гулом хам омада буд, ки агар бояд кушта шавад. Дар хузури дуст бошад.

Хар, ки андар кори ту шуд марги дуст,
Бар дили ту бе карохат дуст уст!

Гулом, ки чашмаш ба Садри чахон афтод, бехуш шуд ва чун чуби хушк накши замин гардид. Хар чи уро гулоб заданд ва хаво доданд, аз чо начунбид.
Садри чахон гуфт:

Гуфт: - Ошик дуст мечуяд ба тафт,
Чунки маъшук омад, он ошик бирафт.

Гуфтаанд, ки пашша назди Сулаймон омад ва аз дасти бод шикоят кард, ки маро осуда намегузорад.

Гуфт пашша: - Доди ман аз дасти бод,
Ки у дасти зулм бар мо баркушод.
Мо зи зулми у ба тангй андарем,
Бо лаби баста аз у хун мехурем.

Сулаймон бодро хозир кард. Чун бод омад пашша ру ба гурез ниход.
Сулаймон гуфт: - Кучо мераввй? Дар руи душман сухани худ боз гу!

Гуфт: Эй шах! Марги ман аз буди уст,
Худ сиях ин рузи ман аз дуди уст.
У чу омад, ман кучо ёбам карор,
К-у барорад аз ниходи ман димор.

Садри чахон чун гуломро, бад-он хол дид, уро дар бар гирифт ва навозиш кард. Гулом чашм кушод ва гуй дунёро дар багал дошт. Ба пои шох афтоду гуфт:
- Ман аз тухмати хасудон гурехтам, вале хар чо гаштам мехрубон чун ту наёфтам.
Мегуфт ва ашки шодй мерехт. Мардум аз холи у гирён шуданд, ки ин чи ашку вафое аст!

Акл хайрон, ки чй ишк асту чй хол,
То фироки у ачабтар, ё висол.
Бо ду олам ишкро бегонагй,
Андар у хафтоду ду девонагй.
Гайри хафтоду ду миллат кеши у,
Тахти шохон тахтабанди пеши у.
Мутриби ишк ин занад вакти симоъ,
Бандагй банду Худованди сидоъ.
Кошки хастй замоне доштй,
То зи хастон пардахо бардоштй.
Бе тафаккур пеши хар донанда хаст
Он, ки бо шурида, шуронанда хаст!

Маъшуке аз ошики худ пурсид:
- Ту гирди чахон гаштй? Кадом шахр аз шахрхоро хуштар дидй?
Гуфт: - ШАХРИ ДИЛДОРРО!

Гуфт маъшуке ба ошик. Эй фато!
Ту ба гурбат дидай бас шахрхо.
Пас кадомин шахр аз онхо хуштар аст?
Гуфт: ОН ШАХРЕ, КИ ДАР ОН ДИЛБАР АСТ!

Дурии ошик аз маъшук озмоиш аст. Агар аз бало чашм нагардогнй окибат хушй хохй ёфт.
Ин тамсилро бишунав ва аз бало нахарос! Нахудро бонуи хона дар деги хурок мерезад, чушиш уро болову поин мекунад. Нахуд ба кадбону мегуяд:
- Ту, ки маро харидй, моли ту хастам. Дигар чаро мечушониям?
Кадбону мегуяд:
- З-он начушонам, ки макрухи манй,
Балки то гирй ту завки чошнй!

То туро начушонам, маза пайдо намекуни ва хурдани боб намешавй!
Нахуд гуфт: - Агар чуни наст. Чи кадар мехохй, бичушон. Кафгир ба сарам бизан то пухта шавам ва шоистаи дастархони ту гардам!

Хамчу пилам, бар сарам зан захму дог,
То набинам хоби Хиндустону бог.

Маснавии маънавй. Мавлоно Чалолуддини Мухаммади Балхй.
Хикоёти Маснавй . Бо тахрири Ахмад Нафисй.

Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!





ЗИКРИ КУРБОН КАРДАНИ ИСМОИЛ АЛАЙХИССАЛОМ

Ривоят кардаанд, ки Иброхим алайхиссалом шабе ба хоб дид, ки мегуфтанд:
«Ё ИБРОХИМ БАРХЕЗУ КУРБОНЙ КУН!»
Бомдод бархост ва дувист шутур курбонй кард. То се шаб хоб дид. Хар руз дувист китъа шутур курбон дод, то дигар шаб ба хоб дид, ки Исмоиро курбон кун. Чунончи хоби пайгамбарон ба дарачаи вахй мешуданд, бомдод бархост, ба Сора гуфт:
- МАРО БА ХОБ ХУКМ ШУДААСТ, ТО ФАРЗАНДОНРО КУРБОН КУНАМ. БА ЧУЗ ИСМОИЛ ФАРЗАНДЕ НАДОРАМ. ДАСТУРЙ ДЕХ ТО ОН ЧО РАФТА, ФАРМОНИ ХАК ТАОЛОРО БА ЧО ОВАРДА, ИСМОИЛРО КУРБОН КУНАМ.
Сора дастурй дод. Пас ба шутур савор шуд, наздики ХОЧАРА омад, Исмоил алайхиссалом нух сола шуда буд. Гуфт:
-Ё ХОЧАРА, ИСМОИЛРО БА САР ШОНА КУН ВА ГЕСУВОНАШ АЗ МУШКУ АНБАР ОМЕХТА СОЗ. СУРМА ДАР ЧАШМ КАРДА. ЧОМАХОИ НЕКУ ВАЙРО БИПУШОН, КИ БА ЧОЕ МЕХМОН МЕРАВАМ! Хочара разияллоху анхо хамон кард. Иброхим алайхиссалом корду расан дар остин пинхон кард ва аз пеши Хочара разияллоху анхо берун омада равон шуд. Ва Исмоил алайхиссалом дар акиби Падар мерафт…

Иблис алайхиллаъна пеши Хочара омад ва гуфт:
- Фарзандро чй кардй?
Гуфт:
- Падараш ба хона мехмон бурда.
Гуфт:
- Эй бечора, уро барои куштан мебарад!
Хочара разияллоху анхо гуфт:
- Маъозаллох, хеч падар фарзанди худро бе гунох накуштааст!
Иблис гуфт:
- Уро Худои таоло фармудааст.
Хочара разияллоху анхо гуфт:
- Агар фармони Худои аззаву чалл хамчунин аст. Ба ризои Худо ман розиям.

Пас Иблиси лаъин наздики Исмоил алайхиссалом омад ва гуфт,ки ин кудак аст, хеч шакк нест, ки уро аз рох барорам. Гуфт:
- Ё Исмоил, кучо меравй?
Гуфт:
- Хамрохи падари худ меравам.
Гуфт:
- Туро ба куштан мебаранд.
Гуфт:
- Хеч падар фарзандро накуштааст.
Иблис алайхиллаъна гуфт:
- Уро Худои таоло фармудааст.
Исмоил алайхи-с-салоту ва-с-салом гуфт:
- АГАР ХУДОИ ТАОЛО ФАРМУДААСТ, ПАС ХАЗОР ЧОНИ МАН, ФИДОИ ХАК ТАОЛО БОД!

Чун пештар омаданд, Исмоил алайхиссалам ба падар гуфт:
-Маро ба кучо мебарй?
Иброхим гуфт:
«Кавлуху таъола: Ё бунайя инни аро фй-л-маноми аннй азбахука фа-нзур мозо таро». Яъне:
- ЭЙ ФАРЗАНДАМ, МАРО ДАР ХОБ ЧУНИН ФАРМУДААНД, КИ ТУРО КУРБОН КУНАМ. АКНУН ТУ ЧИ МЕГУЙ?
Исмоил аллайхиссалом гуфт:
- ДУСТОНИ ХУДОИ ТАОЛО БА ШАБ НАХУСПАНД. ТУ ХАМ АГАР НАХУСПИДЙ, ТУРО ИН ХОБ ДИДА НАШУДЙ. ТУ ДАЪВОИ ДУСТЙ МЕКУНЙ, ТУРО БА ХОБ ЧЙ КОР! ЧУН БИХУФТЙ, ХОБ ДИДЙ!
Гуфт: Кавлуху таъало: Ё абати-фъал мо туъмару сатачидунй иншоаллоху мина-с-собирин.
ЭЙ ПАДАР, ЗУД КУН ОН ЧЙ ХУДОИ ТАОЛО ФАРМУДААСТ, ИНШОАЛЛОХУ ТАОЛО МАРО АЗ ЧУМЛАИ СОБИРОН ГАРДОНАД, ТО МУТЕЪИ У БОШАМ ВА НОФАРМОНЙ НАКУНАМ. ЭЙ ПАДАР, ЗУД БОШ АЗ ИН, КИ ИБЛИСИ ЛАЪИН ВАСВАСА МЕКУНАД ВА МЕХОХАД, КИ МАРО АЗ РОХ БУБАРАД.
Иброхим алайхиссалом гуфт, ки бар Иблиси лаъин санг зан. Иброхиму Исмоил алайхиссалом хар ду ба суи Иблис санг андохтанд. Акнун он суннат бар хочиён аст. Чун ба-д-он чо расанд, хафт мартаба хар яке санг меандозанд.
Иброхиму Исмоил алайхиссалом ба чое шуданд, ки имруз он чойро МИНО гуянд ва хочиён он чо курбонй мекунанд. Боз Иброхим алайхиссалом гуфт:
-Эй, фарзанд! Чй мегуи?
Гуфт:
- ЭЙ ПАДАР! ХАЗОР ЧОНИ МАН ФИДОИ ФАРМОНИ ХУДОИ АЗЗАВУ ЧАЛЛ АСТ. ОН ЧИ ТУРО ХУКМ ШУДААСТ, БИКУН!
Иброхим донист, ки Исмоил дар макоми таслим аст. Гуфт:
-ЭЙ ПИСАР, МАН ХАМ ТАСЛИМ КАРДАМ!
КАВЛУХУ ТАЪОЛО: Фа ламмо асламо ват аллаху ли-л- чабин.
Исмоил алайхиссалом гуфт:
-ЭЙ ПАДАР! ВАСИЯТ МЕКУНАМ АВВАЛ ОН, КИ ДАСТУ ПОЙИ МАН МАХКАМ БУБАНДЙ, КИ ЧОН ШИРИН АСТ, ЗАХМИ КОРД БА МАН РАСАД, ТО ФАРДОИ КИЁМАТ ДАР ДАРАЧАИ ОСИЁН БОШАМ ВА МАН ТОКАТИ АЗОБИ ХУДОИ ТАОЛО НАТВОНАМ ОВАРД.
ДУВВУМ ОН АСТ, КИ РУИ МАН БАР ХОК НИХЙ, ТО РУИ МАН НАБИНЙ ВА МАН РУИ ТУ НАБИНАМ.
МАБОДО МЕХРУ ШАФКАТИ ПАДАРЙ ВА ПИСАРЙ БИЧУНБАД ВА ХАРДУ ДАР КУРЪОН ТАКСИРЕ КУНЕМ.
САВВУМ БА МОДАРИ ДИЛФИГОРИ МАН РАСОНЙ ВА ЧОМАИ ХУНОЛУДАИ МАН БА НАЗДИКИ МОДАРИ МАН БАРЙ, ТО ВАЙРО АЗ МАН ЁДГОР БОШАД, КИ ФАРЗАНДЕ ДИГАР НЕСТ.
Он гох Иброхим алайхиссалом ресман аз остини худ берун овард ва дасту пои писар махкам бубаст ва руй бар хок ниход. Ва Исмоил алайхиссалом гуфт:
-ЭЙ ПАДАР, ДАСТАМ БИКШО, КИ БАНДАИ БИГРЕХТАРО БА ДАРГОХИ ХУДОВАНД ДАСТИ БАСТА БАРАНД.
Дасташ бикушуд. Кордро ба халки вай ниходу бикашид. Корд ба халк коре накард.
Исмоил алайхиссалом гуфт:
-МАГАР ПУШТИ КОРД МЕМОЛЙ?
Иброхим алайхиссалом ба корд кувват кард, хеч набуррид. Исмоил алайхиссалом гуфт:
-ЭЙ ПАДАР, САРИ КОРД ДАР ХАЛКИ МАН ФУРУ БУБАР ВА КУВВАТ КУН, ТО МАГАР КОРД БИБУРАД!
Сари корд ба халки у фуру бибурд, тега дар андаруни даста шуд, дастаи корд фуру шуд.
Хеч набурид.
Иброхим алайхиссалом дар хашм шуд, корд ба замин афканд. Корд ба сухан омаду гуфт:

«Ё ИБРОХИМ! А ОН КИ ТУРО МЕГУЯД БИБУР, МАРО МЕГУЯД. КИ МАБУР!!!
ТУ ЯК БОР ГУФТИ ВА ХАФТОД БОР АЗ ХАКК ТАОЛО НИДО ОМАД. КИ ЭЙ КОРД МАБУР!!!
ФАРМОНИ ХАКК ТАОЛО БА КАСР АЗ ФАРОМОНИ ТУСТ!!!»
Дар ин сухан буданд, ки аз паси пушт овозе баромад. Гуянда мегуфт:

«АЛЛОХУ АКБАР! АЛЛОХУ АКБАР! АЛЛОХУ АКБАР!
ЛО ИЛОХА ИЛЛАЛОХ ВАЛЛОХУ АКБАР!
АЛЛОХУ АКБАР ВА ЛИЛЛОХИ-Л-ХАМД!»

Дар пас нигох кард Чабраилро дид, ки меояд ва бонг мекунад.
КАВЛУХУ ТАОЛО: Ва нодайноху ан ё Иброхиму. Кад садакта-р-руъё инно казолика начзи-мухсинин.
Иброхим алайхиссалом ту хоби хеш рост кардй, ба дурустй моён хамчунин чазо медихем накукоронро.
Ва фадайноху би зибхин ъазим.
Худои таоло фидои Исмоил алайхиссалом гусфанд дод, сиёху сафед ва баланд.
Ва баъзе гуянд, ки хама тан сафед буд. Магар сари вай сиёх.
Дар хабари дигар омадааст, ки он гусфандро Хобил курбон карда буд.
Худои таоло ду хазор сол дар фирдавс мепарварид, то ба вакти Иброхим алайхиссалом ба фидои Исмоил алайхиссалом бифиристад ва начот ёбад.
Пас Иброхим алайхиссалом гусфандро курбонй сохта, пусти уро суфра карда, халкро бо суфра таъом медод. Ва пашми он гусфандро Сора бибофт ва гилеме сохт. Ва Иброхим алайхиссалом он гилемро дар тобути сакина ниход. Ва чун рузе буд, ки он тобутро Чабраил бардошт ва назди Мустафо саллалоху алайхи ва салам бурд ва пайгамбар он гилемро ба амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб разяллоху анху дод, то мураккаъе гирад ва дарпушад. Ва у то вакти марг он мураккаъ дошт.

ХИКОЯТИ ИДИ КУРБОН

Имшаб шаби одина,
Меърочи ту пайгамбар,
Ман хаччат ба ту дорам,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Фармон шуда аз Рахмон,
Исмоилро кун курбон,
Хуни писарат резон,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Гуфто, ки Халилуллох,
«Дар рохи ризои дуст,
Бахшам сари Исмоил»,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Бурдан пеши модаршон,
Сари у кардан шона,
Сирри у кас надона,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Бурдандаш дар зовгох,
Иблиси малъун дар рох,
Васвоса мекунад шайтон.
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Иброхим гуфто: Фарзанд,
У шайтони лаъин аст,
Сангаш бизан Исмоил.
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Гуфто, ки Халили хакк,
«Дар рохи ризои дуст,
Курбонй кунам туро».
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

-Дасту поям бибандед,
Гуфто: -Накунам захме,
Осема шавам фардо,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Иброхим кашид ханчар,
Андар халки фарзандаш,
Набурид раги уро,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Ханчар бизад бар санге,
Гуфто: Чаро набридй?
Таъхир шуд моро,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Ханчар бар забон омад,
Гуфто суи пайгамбар:
-Фармон нестаст аз Рахмон,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Дар бадани Исмоил,
Он гусфандро бахшидан,
Чабраил гуфто: Омин!
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

Гусфанд бар забон омад,
Гуфто суи пайгамбар,
«Курбонй кунед манро».
Ё АЛОХ! Ё АКБАР!

Аз барои эътикодаш,
Иди Курбон офарид,
Чояшро кунем чаннат,
Ё АЛЛОХ! Ё АКБАР!

«Касас- ул – анбиё»( Тахияи Саидбеги Махмадуллох, Аъламиён Махдуми Абдусаттор, Саидиён исматуллохи Ахрор, Амриддини Чалол.)

МУНОЗИРАИ МАЧНУН БО АХЛИ СУРАТ




Гуфтани хешовандон Мачнунро, ки хусни Лайлй ба андозаест, чандон нест. Аз у нагзтар дар шахри мо бисёр аст, яке ва ду ва дах бар ту арза кунем, ихтиёр кун, моро ва худро ворахон. Ва чавоб гуфтани Мачнун эшонро.

Аблахон гуфтанд Мачнунро зи чахл:
«Хусни Лайлй нест чандон, хаст сахл.
Бехтар аз вай садхазорон дилрабо
Хаст хамчу мох андар шахри мо.
Нозанинтар з- у хазорон хурваш
Хаст, бигзин з-ин хама як ёри хуш.
Ворахон худрову моро низ хам,
Аз чунин савдои зишти муттахам»
Гуфт: Сурат куза асту хусн май,
Май Худоям медихад аз зарфи вай.
Мар шуморо сирка дод аз кузааш,
То набошад ишки утон гушкаш».
Сурати Юсуф чу чоме кард хуб,
З-он падар мехурд сад бодай туруб.
Боз ихвонро аз он захр об буд,
К-андар эшон захри кина мефузуд.
Боз аз вай мар Зулайхоро шакар,
Мекашад аз ишк афюни дигар.
Гуна - гуна шарбату куза яке,
То намонад дар майи ишкат шаке.
Аз яке куза дихад захру асал,
Хар якеро дасти Хак азза ва чал.
Куза мебини, валекин он шароб
Руй нанмояд ба чашми носавоб. Маснавии маънавй.

Максуди Мавлоно ин аст, ки агар латифи ишк ба «хубй» таалук гирад, онро «махбуб» мекунад.
Фармуд, ки хар ки махбуб аст, хуб аст ва ЛО ЮНЪАКАСУ.
Лозим нест, ки хар ки хуб бошад, махбуб бошад. Хубй чузви махбубй аст ва махбубй асл аст.
Чун махбубй бошад, албатта хубй бошад. Чузви чизе аз куллаш чудо набошад ва мулозими кулл бошад. Дар замони Мачнун хубон буданд аз Лайлй хубтар, аммо махбуби Мачнун набуданд. Мачнунро мегуфтанд, ки аз Лайлй хубтаронанд, бар ту биёрем. У мегуфт, ки охир ман Лайлиро ба сурат дуст намедорам ва Лайлй сурат нест. Лайлй ба дасти ман хамчу чоме хаст. Ман аз он чом шароб менушам. Пас ман ошики шаробам, ки аз у менушам ва шуморо назар ба кадах аст, аз шароб огох нестед.
Агар маро кадахи заррин буд мурассаъ ба чавхар ва дар у сирко бошад, ё гайри шароб чизи дигар бошад, маро он ба чй кор ояд? Кадуи кухнаи шикаста, ки дар у шароб бошад, ба назди ман бех аз он кадах ва аз сад чунон кадах. Инро ишке ва шавке бояд, то шаробро аз кадах бишносад.
Шеърро низ ба чоми шароб ташбех кардаанд, ки чом лафз асту шароб маъно. Баъзе хумору муштоки шаробанд ва баъзе дигарро назар ба кадах аст.
Соиб ба хамин истиора дар байти зебое галабаи «Тааллук ба лафз» - ро бар « Ишк ба маъно» дар сабки хиндй баён кардааст:
Хун аст зи сангинй лафзи дили маъно,
Аз бода бувад шишаи мо хушроботар»
Аз ин чихат орифон «Карашмаи хуснро» -ро ба «Карашмаи маъшукй» фарк мениханд ва аз карашмаи маъшукй аглаб ба «ОН» « Малохат» таъбир мекунанд.
Хуснат ба иттифоки малохат чахон гирифт,
Оре, ба иттифок чахон метавон гирифт. Хофиз.
Ин ки мегуяд он хуштар зи хусн,
Ёри мо ин дораду он низ хам. Хофиз.

Ва он чи Мачнун ба маломатгарон гуфт:

«ТУ МУ МЕБИНИЮ МАН ПЕЧИШИ МУ,
ТУ АБРУ, МАН ИШОРАТХОИ АБРУ.
ТУ ЛАБ МЕБИНИЮ ДАНДОН, КИ ЧУН АСТ,
ДИЛИ МАЧНУН ЗИ ШАКАРХАНДА ХУН АСТ» Маснавии маънавй.

(Чалолиддини Румй. ФИХИ МО ФИХИ. Мунтахаби маколот. Абдуллох Муллобокизодаи Шавткй, Маснавии Маънави. Мавлоно чалолуддин Мухаммади Балхи. Бар асоси матни Р. Николсон ва мукобила бо нусхахои дигар. Нашри замон. Техрон-2001)

ХУШ МЕОЯД МАРО НОЛАИ ТУ...




САБАБИ ТАЪХИРИ ИЧОБАТИ ДУЪОИ МУЪМИН

Вакте, ки бандаи муъмин бо ихлос ба даргохи Худо нола мекунад ва хочаташ барнамеояд,
фариштагон аз иллати он мепурсанд.

Эй басо мухлис, ки нолад дар дуо,
То равад дуди хулусаш бар само.
То равад болои ин сакфи барин
Буи мачмар аз «анину-л-музнибин».
Пас малоик ба Худо ноланд зор,
К-эй мучиби хар дуоъ в-эй мустачор!
Банди муъмин тазарруъ мекунад,
У намедонад ба чуз ту мустанад.
Ту ото бегонагонро медихи,
Аз ту дорад орзу хар муштахй.
Хак бифармояд, ки на аз хории уст,
Айни таъхири ато ёрии уст.
Хочат оварданаш зи гафлат суйи ман,
Он кашидаш мукашон дар куйи ман.
Гар барорам хочаташ у воравад,
Хам дар он бозича мустаграк шавад.
ГАРРЧИ МЕНОЛАД БА ЧОН Ё МУСТАЧОР!
ДИЛШИКАСТА, СИНАХАСТА, ГУ, БИЗОР.
ХУШ ХАМЕОЯД МАРО ОВОЗИ У
В-ОН ХУДОЁ ГУФТАНУ ОН РОЗИ У.
В-он ки андар лобаву дар мочаро
Мефиребонад ба хар навъе маро.
Тутиёну булбулонро аз писанд,
Аз хушовозй кафас дармекананд.
Зогрову чугдро андар кафас,
Кай кунанд? Ин худ наёмад дар кисас.
Пеши шохид боз ояд ду тан.
Он яке кампиру дигар хушзакан.
Хар ду нон хоханд, у зудтар фатир,
Ораду кампирро гуяд, ки гир.
В-он дигарро, ки хуш хасташ кадду хад,
Кай дихад нон? Балки таъхир афканд.
Гуядаш: «Биншин замоне бегазанд,
Ки ба хона нони тоза мепазанд».
Чун расад он нони гармаш баъди кад,
Гуядаш: «Биншин, ки халво мерасад».
Хам бар ин фан дор- дораш мекунад,
В-аз рахи пинхон шикораш мекунад,
Ки маро корест бо ту як замон,
Мунтазир мебош, эй хуби чахон!
БЕ МУРОДИЙ МУЪМИНОН АЗ НЕКУ БАД
ТУ ЯКИН МЕДОН, КИ БАХРИ ИН БУВАД. Маснавии маънавй.

Нукта дар ин аст, ки муъмин ба тавсири Куръон беш аз хар чиз Худоро дуст дорад,
бояд, ки дар хама хол чуёи махбуб бошад, на он ки аз вай чизе талаб кунад:

Аз Худо гайр аз Худоро хостан,
Занну афзунист, кули хостан.
Ошиконро шодмониву гам уст,
Дастмузду учрату хидмат хам уст.
Гайри маъшук ар тамошое бувад,
Ишк набвад, харсавдое бувад. Маснави маънавй.
Чалолиддини Румй. Фихи мо фихи. Абдуллох Муллобакозодаи Шаваткй.