понедельник, 31 октября 2011 г.
МАСНАВИИ МАЪНАВИ-БИХИШТИ ДИЛИ МОСТ!
Ин китоби «Маснави» аст,ки усули усули усули дин аст! Дар бораи кашфи розхои вусул ба хакикат ва расидан ба мартабаи якин аст. Ва дониши бузурги худованди аст.Ва рохи равшани худопапасти аст.Ва ошкортарин бурхони худошиноси аст.«Рушноии он монанди фонусест, ки дар он чароге бошад», чароге, ки равшвнтар аз бомдодон нур бияфшонад.
Ин китоб бихишти дил аст, чашмахо ва шохсороне дорад ва аз он миён чашмаест, ки равандагони ин рох бо он Силсабил мегуянд ва сахибони макому карамот ин бихиштро барои мондан ва осоиши рух бехтарин чой медонанд. Некон дар ин бихишт мехуранд ва менушанд ва озодагон аз он кушодахотир ва шодмон мешаванд.
Ин китоб чун руди Нил борои шикебоён нушидане гуворо ва барои фиръавниён ва ба худоношиносон рашку хасрат аст, чунон ки дар каломи Худо мехонем: «Ба он бисёре аз касонро гумрох мекунад ва бисёреро ба рох меоварад ва ин китоб дармони синахои дардманд аст ва зудояндаи зангхои андух ва розгушои Куръон ва фаровонкунандаи рузихои маънави ва мучиби поксозии хуйи одамиён, «ба шарти он, ки дар дасти паёмгузорони бузургвору некукор бошад», ки нагузоранд «чуз покон касе ба он даст бизанад» ва бидонад, ки «ин фуруд омада аз суйи Парвардигори чахониён аст» ва «пеша аз он ва пас аз он хеч сухани дигаре, онро дигаргун ё мансух нахохад кард ва Худованд ин китобро нигох медорад «ва у бехтарин нигохдоранда ва аз хамаи мехрубонон нармдилтар аст».
Барои ин «Маснави» алкаби дигаре хам хаст, ки Худованд дар он ниходааст ва мо ба хамин мухтасар суханро кутох кардем ва ин мухтасар худ нишонаи ва ин чуръа ба обгире рах менамояд ва ин як мушт аз хирмани гарон мегуяд.
Ин бандаи нотавон ниёзманд ба рахмати Худованди баланпоя. Мухаммад ибни Мухаммад ибни Хусайни Балхи, Худо бандагии уро кабул кунад, мегуяд: «Ман дар татвили ин китоби манзуми Маснави кушидаам, китобе ки шомили достонхои шигифту нодир, суханхои дурахшон ва рахнамойихои равшан аст.
Ин китоб аз тарикати пархезгорон сухан мегуяд ва бустони худопарастон аст: шолудахои сухан дар он мухтасару кутох ва маъонии онхо бисёр аст.
Ин кушишро ман ба кассе кардам, ки сарвар, такягох ва мутамади ман аст ва порае аз пайкари ман аст, ки дар он рухи ман чой дорад ва захираи имрузу фардои ман аст ва у пири пешвои орифон, рахнамои расидан ба мартабаи якин, фарёдраси халк амини дилхову аклхо, супурдаи Худованд дар миёни офаридагон ва баргузидаи у аз миёни халк ва чилвагохи васоёест, ки Худо дар паёмбараш фармуда ва асроре, бо бандаи хосси даргохаш дар миён нихода, калиди ганчинахои ин чахон Абулфайзойил Хусомулхак ва-д-дин Хасан ибни Мухаммад ибни Хасан маъруф ба ибни Ахии турк аст.
Боязиди ин рузгор ва Чунайди ин замона марде растин дар мартабаи Абубакр аст ва падару ачдоднаш низ чунин будаанд, ки Худованд аз у ва аз хамаи онхо хушнуд буд. Дар асл аз мардуми урумия аст ва аз тарики ин сухани маъруф, ки «ба хангоми хуфтан курд будам ва бомдодон араб бархостам», нисбате ба шайхи бузургворе дорад, ки гуяндаи ин сухан аст.
Худо равони он шайху фарзандони уро пок бидонад ва ин падару фарзанд чи салафу халафи некуе хастанд. Хусомуддин насабе дорад, ки хуршед чомаи худро бор он афгандааст ва хасабе дорад, ки ахтарон рушноии худро ба пешгохаш афшондаанд. Хамвора даргохи киблагохи таваччухи дигарон будааст ва хамвора фарзандони сохибони вилояти маънави ба он руй меоварад ва Каъбаи орзухост, ки хосторони лутф гирди у мегарданд.
Умед, ки хамвора, то ситорае медурахшад ва ахтаре метобад ин даргох панохе бошад барои онхо, ки сохиби басиратанд ва раббониву рухониву аршиву нуронианд, онхо ки дигарон дар назари онхо хомуш мемонанд, гойибоне хузур доранд, хусравоне, ки дар чомахои мундарисанд ва нучабои вокеии чамоати мардуманд ва сохибони фазилатанд ва рушноихои рахнамояндаанд.
Эй, Парвардигори чахониён! Ин дуъои маро бипазир ва ин дуъоест, пазируфта хохад буд, зеро хамаи гуруххои халкро дар бар мегирад.
Ва ситоиш Худои ягонаро ва дуруди Худо ба сарвари мо Мухаммад ва пайравонашу хонадонаш!
Ва Худо моро бас аст ва коргузоре нек аст!
(Тарчумаи мукаддимаи дафтари аввал. Маснавии маънави. Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхи. Бар асоси матни Р. Николсон ва мукобила бо нусхахои дигар. Нашри замон.Техрон -2001)
Подписаться на:
Сообщения (Atom)